.Мо гайри Худо дар ду чахон ёр надорем, Мо чуз гами У хеч дигар кор надорем. Мискину гарибем бар кошонаи дунё, Бар неку бади хеч касе кор надорем. Не масти шаробему кабобему рубобем, Парвои маю хонаи хаммор надорем. Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавхид, Хар рахгузаре санг занад ор надорем. Мо масту аластем ба як чуръа чу Мансур, Парвои фатвою сари дор надорем. Дар боби дили хастаи Шамсулхакки Табрез, Мо худ ба чуз ин шева ба гуфтор надорем.