----------------ШАБЕ БАРТАР АЗ 83 СОЛУ 4 МОҲ----------Дар миёни 355 дона марвориди шабҳо ҳамчун донаи забарҷади сабз аст.Шабҳо аз инки ӯро доранд ифтихор мекунанд.Шабе, ки дар он нуру баракат, раҳмату иноят, саодату рифъат, лутфу карам, яъне бузургтарин атои илоҳӣ насиби аҳли замин гашта аст.Номи пурбаракаташ шаби Қадр аст.Шабе, ки малоик рӯи заминро пур мекунанд.Шабе, ки ҳатто Ҷибрил ба замин меояд.Шояд ҳамин шаб бошад.Ва шояд яке аз панҷ шаби дар пешбуда.Шабест, ки аз инки ман инчо рӯи ин сафҳа ба навишт машгул шаваму шумо дустон ба хондан, авлотар аст бо қалами инобат дар сафҳаи аъмол тоате бинвисем ва китоби умри гузашта хонему дари тавбаро бикубем.Телефонро чонибе гузорему калби худро дар каф бигирем, кушоем, илоч кунем, дубора дар хонаи сина гузорем.Аз ин рӯ суханро тулонӣ намекунам. Нашавад вақти зирку ниёиши Шумо дӯстонро гирам.Бе ин ҳам лахзахои азизанду зудгузар.Ин шаб шабест, ки номаш Кард аст, хосилаш хам кадр аст.Шабе, ки инсон бо шабзиндадории он қадр меёбаду соҳибшараф мегардад.Магар қадре бартар, мақоме волотар, манзалате гиромитар аз ин ҳаст, ки инсон аз бори гуноҳи худ сабук гардад?!Шаберо, ки Худованд дар шаънаш гуфта аст:لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِّنْ أَلْفِ شَهْرٍЯъне,“Шабе, ки бартар аз ҳазор моҳ аст.”Баъди ин оя дар васфи ин шаб дигар чи метавон гуфт?!Баёни фазилат ҳаминқадар асту мунтаҳои шараф ҳамин.Як рӯз на инки баробар бо ҳазор моҳ, балки бартар аз он аст гуфта аст.Чизе гуфта намешвад.Танҳо метавон тавсия кард, ки модом ин ганҷи илоҳӣ дар ихтиёр аст, бояд баҳра гирифт.Маҳрум касест, ки дарҳо кушода бошад, ато арзонӣ бошад, мавсим мавсими ҳосил бошад, аммо ӯ аз ин хайри фаровон, аз ин атои беҳисоб бенасиб монад.Маҳруми ҳақии ҳамин кас аст.Худо паноҳ диҳад.Қуръон сураеро барои ин шаб, барои баёни манзалату бузргии ин шаб ихтисос дода аст, хама медонем.Вале танҳо Сураи Қадр сурае нест, ки фазилати ин шабро баён карда бошад.Сураи дигаре ҳаст, ки илова бар баёни фазилат, боз ЯК ХУСУСИЯТИ ДИГАРИ ИН ШАБРО ба мо баён карда аст.Худованд дар оғози сураи Духон дар шаъни ин шаб фармуда аст:إِنَّا أَنزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُّبَارَكَةٍ ۚ إِنَّا كُنَّا مُنذِرِينَ (3) فِيهَا يُفْرَقُ كُلُّ أَمْرٍ حَكِيمٍ (4) (الدخان: 3-4)“Ба ростӣ мо Қуръонро дар шаби пурбаракат (шаби Қадр) нозил кардем.Мо ҳамвора бандагонро аз азоб ҳушдордиҳандаем.Дар он шаб ҳар коре ба тарзи устувор ва тибқи ҳикмати илоҳӣ ФАЙСАЛА МЕЁБАД.”(Сураи Духон:3-4)Дӯсти азиз!Дар ин шаб ҳар коре, кору тақдири ҳар яки мо ба шакли устувор, тибқи иродаву ҳикмати олии Парвардигор таъйину тақдир мегардад.Дар ин шаб муайян мегардад, ки чи касоне то Рамазони оянда умр мебинанд ва чи касоне ин Рамазон Рамазони охирини онҳо буда аст.Ҳар инсоне кору рӯзгораш таъйин мешавад. Чи мехурад, чи мепушад, куҷоҳо меравад, бо киҳо менишинад, шодиаш чи миқдор, ғаму ғуссаш чи қадар... туйю мусибатҳо, сафарҳо, бемориҳо... то соли оянд ҳама дар ин шаб муъяйян мегардад.Яксола кору тадбире, ки сурати хасти мегирад.Яксола чизе, ки ману Шумо онро аз сар мегузаронем, мебинем.Имоми Муфассирон, Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ба шогирдаш Саъид ибни Ҷубайр (р) зери ин оя гуфтаанд:“Баъзан нафаронеро дар бозорҳо мебинӣ, ки ба хариду гашту гузор машғуланд, вале номашон дар шумори фавтидагони ин сол навишта шуда асту хабар надоранд.”Шабест, ки аз 1000 моҳ, яъне аз 83 солу 4 моҳ беҳтар аст.Танҳо ҳамин ҷумла барои ҷустани он, шиштани он, баҳрабардорӣ аз он кофӣ аст.---------ХудовандоБарои мо дар ин шаб, барои соли оянди мо, барои бақияи солҳои умрамон муҳаббати худат, тавфиқи тоатат, ризқи фарохат, қалби шокиру забони зокир ато бинмо.ПарвардигороДину имони моро, ки азизтарин дороии мост дар ин асри фиребову фитнаҳо комилу бегазанд маҳфуз дор.Моро ба Рамазонҳои дигар расон ва барои эҳёи шабҳои Қадри зиёде каромат намо.ПарвардигороТу Гузашткунандаву Маҳвсозандаи гуоноҳҳон ҳастӣ.Авфу бахшишро дӯст медорӣ, моро авф намо.ПарвардигороМоро на бо ин аъмоли ноқисе, ки дорем, балки бо лутфу карами беканорат муомила намо.Мо ба аҷзу зафъфу ғафлату нотавониву тақсири худ эътироф дорем.Барои гуноҳони хурд, бузург, ошкор, ниҳон авф металабем, ки ин ҳамаро мо дорем.Мо муқассирем, вале ҳамин маърифату муҳаббате, ки дар қалбамон нисбати Ҷалолат дорем моро аз раҳматат уммедвор карда аст. Аз лутфат моро навмед масоз.Худ гуфтаи, ки ҳар бандаи ман, ки ба ман гумони нек кунад, ӯро навмед намесозам. Мо аз лутфу карамат умеди раҳмат дорем.Парвардигоро,Мо гумонамон ин аст, ки моро аз зумраи бандагони солеҳу растагорат қарор диҳӣ.ПарвардигороТу шунавандаву иҷобаткунандаи дуъо ҳастӣ...- Ibrohimi Saidnuriddin
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
:Абдурашид Қаюмзод
#РАМАЗОНИҲО
----------------
ШАБЕ БАРТАР АЗ 83 СОЛУ 4 МОҲ
----------
Дар миёни 355 дона марвориди шабҳо ҳамчун донаи забарҷади сабз аст.
Шабҳо аз инки ӯро доранд ифтихор мекунанд.
Шабе, ки дар он нуру баракат, раҳмату иноят, саодату рифъат, лутфу карам, яъне бузургтарин атои илоҳӣ насиби аҳли замин гашта аст.
Номи пурбаракаташ шаби Қадр аст.
Шабе, ки малоик рӯи заминро пур мекунанд.
Шабе, ки ҳатто Ҷибрил ба замин меояд.
Шояд ҳамин шаб бошад.
Ва шояд яке аз панҷ шаби дар пешбуда.
Шабест, ки аз инки ман инчо рӯи ин сафҳа ба навишт машгул шаваму шумо дустон ба хондан, авлотар аст бо қалами инобат дар сафҳаи аъмол тоате бинвисем ва китоби умри гузашта хонему дари тавбаро бикубем.
Телефонро чонибе гузорему калби худро дар каф бигирем, кушоем, илоч кунем, дубора дар хонаи сина гузорем.
Аз ин рӯ суханро тулонӣ намекунам. Нашавад вақти зирку ниёиши Шумо дӯстонро гирам.
Бе ин ҳам лахзахои азизанду зудгузар.
Ин шаб шабест, ки номаш Кард аст, хосилаш хам кадр аст.
Шабе, ки инсон бо шабзиндадории он қадр меёбаду соҳибшараф мегардад.
Магар қадре бартар, мақоме волотар, манзалате гиромитар аз ин ҳаст, ки инсон аз бори гуноҳи худ сабук гардад?!
Шаберо, ки Худованд дар шаънаш гуфта аст:
لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِّنْ أَلْفِ شَهْرٍ
Яъне,
“Шабе, ки бартар аз ҳазор моҳ аст.”
Баъди ин оя дар васфи ин шаб дигар чи метавон гуфт?!
Баёни фазилат ҳаминқадар асту мунтаҳои шараф ҳамин.
Як рӯз на инки баробар бо ҳазор моҳ, балки бартар аз он аст гуфта аст.
Чизе гуфта намешвад.
Танҳо метавон тавсия кард, ки модом ин ганҷи илоҳӣ дар ихтиёр аст, бояд баҳра гирифт.
Маҳрум касест, ки дарҳо кушода бошад, ато арзонӣ бошад, мавсим мавсими ҳосил бошад, аммо ӯ аз ин хайри фаровон, аз ин атои беҳисоб бенасиб монад.
Маҳруми ҳақии ҳамин кас аст.
Худо паноҳ диҳад.
Қуръон сураеро барои ин шаб, барои баёни манзалату бузргии ин шаб ихтисос дода аст, хама медонем.
Вале танҳо Сураи Қадр сурае нест, ки фазилати ин шабро баён карда бошад.
Сураи дигаре ҳаст, ки илова бар баёни фазилат, боз ЯК ХУСУСИЯТИ ДИГАРИ ИН ШАБРО ба мо баён карда аст.
Худованд дар оғози сураи Духон дар шаъни ин шаб фармуда аст:
إِنَّا أَنزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُّبَارَكَةٍ ۚ إِنَّا كُنَّا مُنذِرِينَ (3) فِيهَا يُفْرَقُ كُلُّ أَمْرٍ حَكِيمٍ (4) (الدخان: 3-4)
“Ба ростӣ мо Қуръонро дар шаби пурбаракат (шаби Қадр) нозил кардем.
Мо ҳамвора бандагонро аз азоб ҳушдордиҳандаем.
Дар он шаб ҳар коре ба тарзи устувор ва тибқи ҳикмати илоҳӣ ФАЙСАЛА МЕЁБАД.”
(Сураи Духон:3-4)
Дӯсти азиз!
Дар ин шаб ҳар коре, кору тақдири ҳар яки мо ба шакли устувор, тибқи иродаву ҳикмати олии Парвардигор таъйину тақдир мегардад.
Дар ин шаб муайян мегардад, ки чи касоне то Рамазони оянда умр мебинанд ва чи касоне ин Рамазон Рамазони охирини онҳо буда аст.
Ҳар инсоне кору рӯзгораш таъйин мешавад. Чи мехурад, чи мепушад, куҷоҳо меравад, бо киҳо менишинад, шодиаш чи миқдор, ғаму ғуссаш чи қадар... туйю мусибатҳо, сафарҳо, бемориҳо... то соли оянд ҳама дар ин шаб муъяйян мегардад.
Яксола кору тадбире, ки сурати хасти мегирад.
Яксола чизе, ки ману Шумо онро аз сар мегузаронем, мебинем.
Имоми Муфассирон, Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ба шогирдаш Саъид ибни Ҷубайр (р) зери ин оя гуфтаанд:
“Баъзан нафаронеро дар бозорҳо мебинӣ, ки ба хариду гашту гузор машғуланд, вале номашон дар шумори фавтидагони ин сол навишта шуда асту хабар надоранд.”
Шабест, ки аз 1000 моҳ, яъне аз 83 солу 4 моҳ беҳтар аст.
Танҳо ҳамин ҷумла барои ҷустани он, шиштани он, баҳрабардорӣ аз он кофӣ аст.
---------
Худовандо
Барои мо дар ин шаб, барои соли оянди мо, барои бақияи солҳои умрамон муҳаббати худат, тавфиқи тоатат, ризқи фарохат, қалби шокиру забони зокир ато бинмо.
Парвардигоро
Дину имони моро, ки азизтарин дороии мост дар ин асри фиребову фитнаҳо комилу бегазанд маҳфуз дор.
Моро ба Рамазонҳои дигар расон ва барои эҳёи шабҳои Қадри зиёде каромат намо.
Парвардигоро
Ту Гузашткунандаву Маҳвсозандаи гуоноҳҳон ҳастӣ.
Авфу бахшишро дӯст медорӣ, моро авф намо.
Парвардигоро
Моро на бо ин аъмоли ноқисе, ки дорем, балки бо лутфу карами беканорат муомила намо.
Мо ба аҷзу зафъфу ғафлату нотавониву тақсири худ эътироф дорем.
Барои гуноҳони хурд, бузург, ошкор, ниҳон авф металабем, ки ин ҳамаро мо дорем.
Мо муқассирем, вале ҳамин маърифату муҳаббате, ки дар қалбамон нисбати Ҷалолат дорем моро аз раҳматат уммедвор карда аст. Аз лутфат моро навмед масоз.
Худ гуфтаи, ки ҳар бандаи ман, ки ба ман гумони нек кунад, ӯро навмед намесозам. Мо аз лутфу карамат умеди раҳмат дорем.
Парвардигоро,
Мо гумонамон ин аст, ки моро аз зумраи бандагони солеҳу растагорат қарор диҳӣ.
Парвардигоро
Ту шунавандаву иҷобаткунандаи дуъо ҳастӣ...
- Ibrohimi Saidnuriddin