31 янв 2023

Марде дар яке аз деҳаҳои биёбонӣ зиндагӣ мекард.

Ӯ чоҳе дошт пур аз оби зулол. Чоҳи ӯ ягона чоҳи нохушкида дар он минтақа буд. Мардуми деҳа аз беобӣ танқисӣ мекашиданд, аммо хиёли он мард роҳат буд.
Як рӯз ногаҳон санги кӯчаке аз дасти мард ба оби чоҳ афтод ва садои зебое аз он ба вуҷуд омад. Садо хеле форам буд, аммо метарсид, ки ба оби чоҳ мушкиле пеш ояд.
Чанд рӯз гузашт ва дилаш барои он садо танг шуд. Ин бор аз рӯи кунҷковӣ сангчаеро ба чоҳ партофт. Кам - кам бо он садо унс гирифт ва итминон пайдо кард, ки он сангрезаҳо ба чоҳ мушкиле эҷод нахоҳанд кард.
Муддате гузашт ва кори ҳаррӯзаи мард, бозӣ бо чоҳ буд. Кор ба ҷое расид, ки сангрезаҳои кӯчак рӯи ҳам ҷамъ шуданд ва чоҳ баста шуд. Дигар на садое аз чоҳ шунида мешуд ва на асаре аз об буд.
--------
Мутмаин бошем, ки такрори иштибоҳоти кӯчак ва исрор бар онҳо, ба шикасти бузурге хатм хоҳанд шуд.
АЗ ҲАР ЗОВИЯ t.me/azharzoveya

Комментарии