11 ноя 2023

Дар паноҳи лутфи Ҳақ бояд гурехт,

К-ӯ ҳазорон лутф бар арвоҳ рехт.
То паноҳе ёбӣ, он гаҳ чун паноҳ?
Обу оташ мар туро гардад сипоҳ.
____________________ Мавлоно
Да ноумедиҳо ба сӯи Худо бигурез ва ҳарчиро, ки ғайри Ӯст, раҳо кун ва паноҳанда ба осмони Ҳақ шав, ки дар ҳимоят, иноят ва лутфи Парвардигор, оби Нил мояи наҷот ва оташи Намруд гулистон хоҳад шуд.
Ба қавли Ҳазрати Ҳофиз, ки мегӯяд:
Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,
Доимо яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!
Ҳон, машав навмед, чун воқиф наӣ аз сирри ғайб,
Бошад андар парда бозиҳои пинҳон, ғам махӯр!
#маснавӣ

Комментарии