11 ноя 2023

🕊 Пррфессор Маҳмуд Ҳисобӣ донишманди эронӣ менависад: Замони таҳсилам дар Амрико, дар кори гурӯҳӣ бо як духтари амрикоҳӣ бо номи Катрина ва ҷавоне бо номи Филип, ки намешинохтамаш, ҳамгурӯҳ шудем.

Аз Катрина пурсидам: Филипро мешиносӣ?
Катрина гуфт: Оре, ҳамон писаре, ки мӯйҳои баланду зебо дорад ва дар қатори пеш менишинад?
Гуфтам: Намедонам киро мегӯӣ.
Гуфт: Ҳамон писари хушахлоқе, ки маъмулан пироҳан ва шалвори рӯшану зебо мепӯшад.
Гуфтам: Бозҳам нафаҳмидам манзурат кист.
Гуфт: Ҳамоне, ки ҳамеша бо табассум ба ҳама салом медиҳад.
Ман бозҳам нафаҳмидам ки манзураш ки буд. Сипас Катрина овозашро каме поин оварду гуфт: Филип охир, ҳамон писари меҳрубоне, ки рӯи аробачаи маъюбӣ менишинад.
Ин бор диқиқан фаҳмидам, ки киро мегуяд, аммо амиқан ба фикр фурӯ рафтам. Одам бояд чи қадар нигоҳаш ба атроф мусбат бошад, ки тавонад аз вижагиҳои манфӣ ва нуқсҳо чашмпӯшӣ кунад. Чи қадар хуб аст мусбат дидан.
Бо худам гуфтам: Агар Катрина аз ман дар мавриди Филип мепурсид, чи мегуфтам? Ҳатман сареъ мегуфтам: Ҳамон писари маъюб. Вақте нигоҳи Катринаро бо дидгоҳи худ муқоиса кардам, хеле хиҷолат кашидам. Ҳоло мо чи дидгоҳе нисбат ба атрофиёнамон дорем? Мусбат ё манфӣ? t.me/azharzoveya

Комментарии