Чун шуморад ҷурми худрову хато,

Маҳзи бахшоиш дарояд дар ато.
_________________ Мавлоно
Ҳамаи мо гуноҳ мекунем ва ҳеҷ касе ба ҳукми башар будан аз ин амр орӣ нест. Ҳар қадар ҳам инсон бикӯшад, наметавонад ба таври мутлақ гуноҳ накунад. Аммо аввалан талош дар ҷиҳати камтар гуноҳ кардан муҳим ва ҳунар аст ва дувум баъд аз вуқӯъи гуноҳ ба пешгоҳи Худованд узр хостан, эътироф ва талаби бахшиш кардан аҳамият дорад.
Мавлоно ҳатто ба ин ақида аст, ки дарёи раҳмати Худованд он қадар васеъ ва азим аст, ки танҳо бо эътироф ба гуноҳ метавон умед ба бахшоиши Худованд дошт. Ҳеҷгоҳ дарҳои умед ба раҳмати Парвардигор баста нест ва ҳар замоне, ки банда гуноҳи худро содиқона ва бо эҳсоси пушаймонӣ ба даргоҳи Ҳақ арза кунад, умеди бахшиш ҳаст.
#маснавӣ

Комментарии

Комментариев нет.