"Ҳарки бо Нӯҳ нишинад, чи ғам аз тӯфонаш?

"
Ин зарбулмасалест, ки достони он марбути яке аз достонҳои маъруфи Қуръони карим аст. Достони Нӯҳ алайҳиссалом. Паёмбаре, ки умри бисёр дид ва монанди дигар ҳидоятгарон аз сӯи Худованд маъмурият дошт то мардумони ноогоҳи замони худро ба роҳи дурусту рост ҳидоят кунад.
Баъд аз даъвати зиёд ва саркашии қавмаш, Нӯҳ алайҳиссалом ноумед шуд ва пеши Худо аз онҳо шикоят кард.
Пас Худованд ба ӯ фармон дод, ки киште бисозад ва аз тамоми ҷонварон нару модае бар он савор кунад ва ба дарё бароянд.
Хабар шуд, ки ҳарки ба киштӣ савор шавад, аз азоб наҷот ёбад ва ҳарки даъвати Нӯҳро қабул накунад, ба азоби бузург рӯбарӯ мешавад. Ва ҳамин тавр низ шуд.
Зарбулмасали "Ҳарки бо Нӯҳ нишинад, чи ғам аз тӯфонаш", ишора дорад ба эътмод ҳосил кардан аз будан дар канори роҳбалад ва роҳбари худоӣ. Инки дар тамоми сахтиҳо, балоҳо ва мушкилот, рӯ оваран ба даргоҳи илоҳӣ ва мардони Худо, дарҳои бастаро боз мекунад ва аз тӯфони балоҳо дур.
Ҳоло пас аз ин гуфтаҳо шояд бад набошад то саре бизанем ба дарёи бекаронаи адабиёти гузашагонамон.
Ашъоре аз Ҳофиз ва ғазале дар охир аз Шамс, ки мушобеҳати мазмунӣ доранд ба зарбулмасали боло:
Ёри мардони худо бош, ки дар киштии Нӯҳ,
Ҳаст хоке, ки ба обе нахарад тӯфонро
-----------
Ҳофиз, аз даст мадеҳ давлати ин киштии Нӯҳ,
В-арна тӯфони ҳаводис бибарад бунёдат.
-----------
Эй дил, ар сели фано бунёди ҳастӣ барканад,
Чун туро Нӯҳ аст киштибон, зи тӯфон ғам махӯр!
-----------
Нишин ба киштии рӯҳу бигир домани Нӯҳ,
Ба баҳри ишқ, ки ҳар лаҳза ҷазру мад бошад!
АЗ ҲАР ЗОВИЯ t.me/azharzoveya

Комментарии