Ҳадаф аз рӯза гирифтан

Рӯза аз худ ҳикматҳои зиёде дорад. Яке аз бузургтарин ҳикмати иҷтимоии он ин аст, ки ҳар гоҳ ғанӣ ва сарватманд таъми гуруснагӣ дар Рамазонро чашад, пас дар ғайри Рамазон ҳаргиз фақир ва бенаворо фаромӯш намекунад.
Ба ҳамин мазмун Имом ибни Раҷаб низ ишора мекунад ва мегӯяд: "Аз баъзе гузаштагони солеҳ пурсида шуд, ки барои чи рӯза дар дин фарз гардид?
Гуфтанд: То бичашад ғанӣ таъми гуруснагиро ва фаромӯш нанамояд инсони гуруснаро".
📗 لطائف ادلعارف

Комментарии