Рӯбаҳ афтад паҳн андар зери хок,

Бар сари хокаш ҳубуби макрнок.
То биёяд зоғи ғофил сӯйи он,
Пойи ӯ гирад ба макр он макрдон.
Садҳазорон макр дар ҳайвон чу ҳаст,
Чун бувад макри башар, к-ӯ меҳтар аст?
__________________________ Мавлоно
Рубоҳ худро дар зери хок пинҳон мекунад ва дар атрофи худ донаҳои васвасабарангез мерезад то парандаҳои ғофил ба ҳаваси донаҳо биоянд ва онгоҳ шикорашон кунад.
Вақте ҳайвон инчунин ҳилаҳо дар остин дорад, бубин ки башар то чи ҳад метавонад дасиса дошта бошад?
#маснавӣ

Комментарии

Комментариев нет.