🌙 Рамазон, моҳи тавба ва бозгашт ба суи Худованд....

❗Эй касоне ки ғарқ дар ҷурму гуноҳон будаед, аз раҳмати Парвардигор ноумед набошед. Зеро Худованд ҳамаи гуноҳонро мебахшад, ба шарте, ки тавба ва бозгашт ба суи У намоед.
📖 Бигӯ:(Яъне: Эй Муҳаммад, аз тарафи Ман бигӯ) «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Ҳар оина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст. (Зумар 53)
🌱 Ва дар ҳадисе аз Паёмбар (с) ривоят шудааст ки: Ҳамаи фарзандони одам хатокоранд ва беҳтарини хатокорон, тавбакунандагон ҳастанд. (Тирмизи ва Ибни Моҷа)
☑ Нукта: Тавба ва бозгашт ба суи Худо танҳо бо забон нест, балки нишонаи тавба тағйири масир, тарки гуноҳон ва анҷоми корҳои нек аст. t.me/azharzoveya

Комментарии