Бо дастгирӣ ва ташаббуси Бонки Миллии Тоҷикистон дирӯз дар телевизиони вилояти Суғд силсилабарномаи “Маърифати молиявӣ” бо иштироки роҳбарияти Шуъбаи минтақавии БМТ, бонкҳои пешрафтаи кишвар ва донишҷӯёну устодони донишгоҳҳои Олӣ оғоз гардид.

Дар нахуст барнома
Раиси Раёсати Бонки Эсхата Акмал Сайфидинов доир ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани фарогирии молиявӣ ва маърифати молиявии аҳолӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин Акмал Сайфидинов дар рафти барнома ба саволҳои гуногуни иштикрочиён доир ба маҳфуми саводнокии молиявӣ, аҳамияти он ба хизматрасониҳои молиявӣ ва даромаднокии Бонкҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.
Бонки Эсхата тибқи нақшаи стратегияи рушди худ, корбариро дар самти маърифати молиявӣ байни аҳолӣ ҷоннок хоҳад кард.

Комментарии

Комментариев нет.