#БадриддинҲилолӣ

Ҷавоно, чанд бадхӯӣ тавон кард,
Зи хӯи бад ҷафоҷуӣ тавон кард?
Ту инсонӣ, тариқи деву дад чист?
Ба он руи наку ин хӯи бад чист?
Накухӯ аз дари роҳат дарояд,
Чу гул ҳар ҷо, ки бошад, хуш барояд.
Карам бар халқ ҷуз сарфи дирам нест,
Дирам аз дасти бадхӯён карам нест.
Чӣ суд аз шакл, агар хӯе надорӣ,
Чӣ ҳосил ранг, агар буе надорӣ.
🌸 🌱 💮 🌾 🏵️ 🌿🌹🍁 🥀 🍂 🌺 🍃 💐

Комментарии

  • Комментарий удалён.
  • 21 фев 2020 17:30
    Майл агар бар мо надори лаб кушудан хуб нест
    Оташи пинхони дил боло намудан хуб нест
    Нони кас карз аст мегуянд бар кас одамон
    Дил агар додан нахохи дил рабудан хуб нест
    Гар ту дони одами гарк аст дар гирдоби гам
    Соате дар еди у бегам гунудан хуб нест
    Холи кас аввал бипурсу бади он хазле бикун
    Дар бари озурдадил ногах сурудан хуб нест
    Ошики ин дигару дигартараст одамгари
    Майлаш ошик бош лек одам набудан хуб нест
  • 21 фев 2020 17:40
    Як шабе Маҷнун намозашро шикаст,
    Бе вузӯъ дар кӯчаи Лайло гузашт.
    Ишқ он шаб масти масташ карда буд,
    Фориғ аз ҷоми аласташ карда буд.
    Саҷдае зад бар лаби даргоҳи ӯ,
    Пур зи Лайло шуд дили пуроҳи ӯ.
    Гуфт: Ё Раб, аз чи хорам кардаӣ,
    Бар салиби ишқ дорам кардаӣ.
    Ҷоми Лайлиро ба дастам додаӣ,
    В-андар ин бози шикастам додаӣ.
    Ништари ишқаш ба ҷонам мезанӣ,
    Дардам аз Лайлост онам мезанӣ.
    Хастаам з-ин ишқ, дилхунам макун,
    Ман ки Маҷнунам Ту маҷнунам макун.
    Марди ин бозича дигар нестам,
    Ин Туву Лайлои Ту ман нестам.
    Гуфт: Эй девона Лайлоят манам,
    Дар раги пинҳону пайдоят манам.
    Солҳо бо ҷаври Лайло сохтӣ,
    Ман канорат будаму нашнохтӣ.
    Ишқи Лайло дар дилат андохтам,
    Сад қимори ишқ якҷо бохтам.
    Кардамат овораи саҳро нашуд,
    Гуфтам  оқил мешавӣ, аммо нашуд.
    Сӯхтам дар ҳасрати як ё Рабат,
    Ғайри Лайло барнаёмад аз лабат.
    Рӯзу шаб ӯро садо карди, вале,
    Дидам имшаб бо мани гуфтам, бале.
    Мутмаин будам ба ман сар мезанӣ,
    Дар ҳарими хонаам дар мезанӣ.
    Ҳол ин Лайло, ки хорат карда буд,
    Дарси ишқаш беқарорат карда буд.
    Марди роҳам бош то шоҳат кунам,
    Сад чу Лайло кушта дар роҳат кунам!
  • Комментарий удалён.
  • Комментарий удалён.
  • Комментарий удалён.
  • Комментарий удалён.
  • Комментарий удалён.
  • 23 фев 2020 12:39
    Саъдиё бо соиди симин нашояд панҷа кард,
    Гар чи бозу сахт дори зур бо оҳан макун.
  • 21 мар 2020 00:16
    Акси Абу Али Ибн Сино на аз Бадриддин Хилоли
  • Комментарий удалён.
  • 16 мая 2020 17:21
    .
  • 6 сен 2020 08:50
    Илтимос, Газали Хилоли," чунон аз по фиканд имруз он рафтор,комат хам" по гузоред. Мехохам бо газали Машраб мукоиса кунам.