#АбдураҳмониҶомӣ

Осудадило, ҳоли дили зор чӣ донӣ,
Хунхории ушшоқи ҷигархор чӣ донӣ.
Ҳаргиз нахалида ба кафи пойи ту хоре
Озурдагии синаи афгор чӣ донӣ.
Шаб то ба саҳар хуфта ба хилватгоҳи нозӣ,
Бехобии ин дидаи бедор чӣ донӣ.
Эй фохта, парвозкунон бар сари сарве,
Дарди дили мурғони гирифтор чӣ донӣ.
Ҷомӣ, ту беҳушию ҷоми маю мастӣ,
Роҳу равиши мардуми ҳушёр чӣ донӣ!
🌸 🌱 💮 🌿 🏵 🌺 🍂 🍃 🌷 🌱 🌸

Комментарии