Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам зи донишмади маҷлис боз пурс: Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд? Гўиё бовар намедоранд рўзи доварӣ, К‐ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд. Ё раб, ин навдалтонро бар хари худшон нишон, К‐ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд. Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон, Медиҳанд обеву дилҳоро тавонгар мекунанд. Ҳусни бепоёни ў чандон, ки ошиқ мекушад, Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд. Бар дари майхонаи ишқ, эй малак, тасбеҳ гўй, К‐андар он ҷо тиннати одам мухаммар мекунанд. Субҳдам аз арш меомад хурўше, ақл гуфт: ʺҚудсиён гўйӣ, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунандʺ.

Комментарии