Муаммоҳои баланд бардоштани даромадҳои аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 25 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои олимони
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илми-амалӣ таҳти унвони
«Муаммоҳои баланд бардоштани даромадҳои аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
доир гардид.
Ҷаласаи пленарии конфронсро ректори донишкада, профессор
Қодирзода Д.Б. ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки хушбахтона Донишкадаи
соҳибкорӣ ва хизмат чанд соли охир ба майдони воқеии баҳсҳои илмӣ
перумони мушкилоти пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва татбиқи сиёсати
давлату хукумати мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу вахдати
миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар мавриди роҳандозии чораҳои марбут ба механизми самараноки
равандҳои баланбардории сатҳи сифати зиндагонии аҳолӣ, чораҳои муассири
баландбардории даромадҳои аҳолӣ табдил ёфтааст. Конфронси навбатие, ки
имрӯз дар донишкада шуруъ мешавад идомаи мантиқии чорабиниҳои илмии
қаблан доиргардида буда, маҳз ба масъалаи баланбардории даромадҳои
аҳолӣ дар шароити таҳаввулоти иқтисодию молиявии ҷомеаи ҷаҳони муосир
бахшида мешавад.
Дар конфронси имрӯза ҷамъи олимону муҳақиқони варзида
иштирок доранд ва бо маърӯзаҳои илмии худ баҳси илмии имрузаро шаҳомати
хоса хоҳанд бахшид. Ман ба кори конфронс барору комёбӣ мехоҳам.
Дар идомаи ҷаласаи пленарӣ маърӯзаҳои илмии Савлатшо Ховарӣ – мудири
шуъбаи муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Муассисаи давлатии
“Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” дар мавзӯи “Нақши
фаъолияти соҳибкорӣ дар баландбардории даромад ва сатҳи зиндагии
аҳолӣ”, Норов А. Қ – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мушовири миллии
барномаи рушди СММ дар мавзӯи “Нақши барномаи миёнамӯҳлати рушди
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 дар баланд бардоштани
сатҳи зиндагии аҳолӣ” ва Ризоев К.- дотсенти кафедраи назарияи иқтисод
ва фаъолияти соҳибкории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар мавӯи «Нақш
ва мақоми маблағҳои интиқолии муҳоҷирон дар баландбардории даромади
аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида ва мавриди баррасии илмӣ қарор
дода шуд. Нотиқон дар маърӯзаҳои худ асосан сари масоили омӯзиш, таҳқиқ
ва ошкорсозии омилҳои ба инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат, бахусус
омилҳои ба таҳкими минбаъдаи даромадҳои аҳолӣ таъсиркунанда, коркард ва
такмили механизмҳои инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, нақши пажӯхишҳо ва
дастовардҳои илмӣ дар ин раванд бахшида шуданд.
Баъд аз баррасиҳои илмӣ дар ҷаласаи пленарӣ, кори конфронс
дар бахшҳо идома ёфт. Маърӯзаҳои иштирокдорони конфронс дар маҷмӯаи
илмии алоҳида ба нашр расид.

Комментарии

Комментариев нет.