http://dsx.tj/view.php?catID=14&id=352

Наврӯз ибтидои шукуфоии табиат ва илҳомбахши корҳои созандагию бунёдкорӣ

Санаи 17 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид. Дар чорабинӣ устодону донишҷуён ва хонандагони литсейи донишкада ширкат варзиданд. Сараввал ректори донишкада, профессор Қодирзода Диловар Баҳридин ҳозиринро бо фарорасии ин ҷашни пуршукуҳи аҷдодӣ-Наврӯзи аҷам самимона муборакбод намуд. Номбурда ёдовар шуд, ки Наврӯз ҷашни шукуфтанҳову рустанҳо ва покиву озодагист. Маҳз Наврӯз аз бедории табиат мужда дода, дар идомаи минбаъдаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафту шукуфоии кишвари азизамон ба мо илҳоми тоза мебахшад. Тавре Сарвари давлат, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудаанд: «Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд». Дарвоқеъ, аҷдодони мо ҳамеша ин ҷашни пуршукуҳро гиромӣ медоштанд ва омадани онро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Зеро, бо шарофати Наврӯз табиат дубора зинда мешавад ва хони наврӯзӣ ба файзу баракоти зиндагӣ ибтидои дубора мегузорад. Дар идомаи суханронӣ ректори донишкада ҳозиринро бо қадами мубораки Наврӯз самимона шодбош гуфта, ба ҳамагон сиҳативу хотирҷамъӣ, чеҳраи ҳамеша шукуфон, муҳаббати комил ва тавфиқу бурдбории ҳамешагиро таманно намуд. Ректори донишкада ёдовар шуд, ки санаи 24 марти соли равон чорабиниҳои наврӯзӣ дар донишкада идома ёфта, Маркази рушди касбияти назди донишкада, ки бо дастгирии молиявии Фонди Хуаксин "Ман Тоҷикистонро дӯст медорам"-и ҶДММ "Хуаксин Ғаюр Семент" ҷиҳозонида шудааст, дар ҳамин рӯз ба фаъолият оғоз менамояд. Барномаи ҳунарии омоданамудаи гуруҳи «Соҳибкор»-и донишкада ва ҳузури овозхони шинохта Меҳрнигори Рустам ба чорабинии наврӯзии донишкада шахомати хоса эҳдо намуд.

Комментарии

Комментариев нет.