ДАРЕҒО, ОДАМӢ МЕМИРАД ОХИР...

__________🌼🍃🌼__________

Яке бинӣ, ки дар банди азобе,
Дигар дар ишрату масти шаробе,
Ва ё шайху дуояш мустаҷобе,
Дареғо, одамӣ мемирад охир.

Бубинӣ, он яке бошад мусофир,
Ғариб гардида он дигар муҳоҷир,
Яке андар Ватан, гӯё ки ӯ шер,
Дареғо одамӣ мемирад охир.

Яке дар қаср дорад зиндагонӣ,
Дигар дар хаймае шуд ҷовидонӣ,
Чи шоҳӣ ё фақири ин замонӣ,
Дареғо, одамӣ мемирад охир.

Яке дарёдил асту шахси дерин,
Яке бинӣ бахилу нотавонбин,
Яке худро хӯрад аз рашку аз кин,
Дареғо, одамӣ мемирад охир.

Гирифта, гар ҷаҳонеро Сикандар,
Биёмад то кунун садҳо паямбар,
Бубин, одил бувад ё ки ситамгар,
Дареғо, одамӣ мемирад охир.

Бубинӣ он яке олиму доно,
Табиб омад яке монанди Сино,
Вале назди аҷал ҳеҷем ҳама - мо,
Дареғо, одамӣ мемирад охир.

Яке дар батни модар бинӣ мурда,
Яке андар ҷавонӣ ҷон супурда,
Яке садсолагии худ шумурда,
Дареғо, одамӣ мемирад охир.

Зи Одам одамӣ мемонаду бас,
Вагарна одамӣ бошад чу як хас,
Дар ин олам нашуд ҷовид ҳеҷ кас,
Дареғо, одамӣ мемирад охир.

Чу номат хоҳӣ монад ҷовидона,
Бигир панде зи пирони замона,
Биҷӯ илму савобе Ҳотамона,
Дареғо, одамӣ мемирад охир...

Июли соли 2018
Абдураззоқи РАЗЗОҚ
---
ДАРЕҒО, ОДАМӢ МЕМИРАД ОХИР...

Комментарии