ДАР ГАРИБИ Дил мукими куи чонон асту ман инчо гариб, Чун кунад бечораи мискинтани танхо гариб. Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш, Дар чахон то чанд гардам бе сару бе по гариб?! Чун ту дар гурбат наяфтоди, чи дони холи мо, Мехнати гурбат надонад хеч кас, илло, гариб. Харгиз аз рохи карам рузе напурсиди, ки чист, Холи зори мустаманди монда дур аз мо гариб. Чун дар ин даврон намеафтад кассе бар холи мо, Дар чунин шахре, ки мебини ки афтад бо гариб? Дар гариби чон ба сахти медихад мискин Камол, Во гариби,во гариби, во гариби, во гариб. Камоли Хучанди.