Олимони фиребхӯрда, ки онҳо чанд гурӯҳ ҳастанд.

1. Гурӯҳе аз онҳо илмҳои шаръиву ақлиро аз худ карда, дар онҳо зиёдрави мекунанд ва машғӯли онҳо мешаванд. Ва дар анҷоми вазифаҳои аъзои бадан ва дурии онҳо аз гуноҳ сусти кардаанд. Онҳо ба дониши худ мағрур шуда пойбанди ибодат нашуданд. Гумон мекунанд, ки дар пешгоҳи Худованд мақоми баланд доранд ва Худованд шахсони монанди онҳоро азоб
намекунад. Ва ҳатто шафоати онҳоро нисбати халқ мепазирад ва барои гуноҳҳояшон пурсида намешаванд. Ин гурӯҳ фиребхӯрдаву мағрур ҳастанд зеро агар бо чашми басират менигаристанд ҳатман мефаҳмиданд.

Комментарии

Комментариев нет.