Илм ду навъ аст:

Илми мукошафа, ки илми ба Худо ва сифатҳои Ӯст. Ва илми муъомила, ки иборат аз шинохти ҳалолу ҳаром ва ахлоқи баду нописанд дар нафс мебошад. Ин гурӯҳ монанди шахсе мебошанд, ки тақво надорад вале мардумро ба тақво мехонад ва ё монанди табибе, ки мардумро муъолаҷа мекунад вале худ бемор аст. Албатта чунин табиб метавонад худро муъолаҷа кунад аммо намекунад, дору вақте таъсир дорад, ки бемор парҳез кунад. Ва ин гурӯҳ аз фармудаи Худованд ғофил мондаанд, ки фармудааст:
Ба рости растагор шуд касе ки нафсро пок сохт ва ба дурусти зиён дид он кас, ки нафсро олуда кард» (сураи Шамс оятҳои 9-10).
Дар ин ҷо Худованд нагуфтааст; растагор касест, ки пок сохтани нафсро медонад ё илми онро менависад ва ё онро ба мардум меомӯзад! Ва ин гурӯҳ аз фармудаи Расули Худо - саллаллоҳу алайҳи васаллам- низ ғофил мондаанд.

Комментарии

Комментариев нет.