Бинобар ин, ин гурӯҳ аз дилҳои худ ғофил монданд ва ба зоҳир диққат карданд ва ин маълум аст, ки ҳар кас дилаш монанди оина пок набошад ибодаташ дуруст намешавад.

Ӯ монанди бемори пӯст аст, ки табиб ба хӯрдани дорӯ ва молидани бадан супориш додааст, аммо аз дорӯ чашм пушида ва танҳо ба молидани бадан кифоят намудааст. Дар зоҳир бемории ӯ
шифо меёбад аммо дар ботинаш ҳанӯз бемори ҳаст. Ва ҳар вақт мумкин аст боз бемори зоҳир шавад. Агар ӯ ин бемориро аз дарун решакан мекард, зоҳираш ҳам аз он халос мешуд.
Палидиҳои даруни дил ҳам чунин ҳастанд, ки таъсири онҳо бар аъзои бадан намоён мегардад.

Комментарии

Комментариев нет.