tajikpress
4 мая

Дархости Тоҷикистон аз Ҳолланд барои истирдоди ҷинояткорони таҳти ҷустуҷӯ

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 1 майи соли 2024 дар Душанбе бо сафири Ҳолланд дар Тоҷикистон Николаас Якоб Схермерс мулоқот ва ӯ дар баробари дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳамчунин масъалаи боздошт ва ба Тоҷикистон супурдани афродеро, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд, баррасӣ кардааст.

Схермерс, ки қароргоҳаш дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон аст, ахиран аз Душанбе боздид кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, “дар ҷараёни вохӯрӣ тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи воситаҳои нашъадор, мубодилаи иттилоот ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардид. Доир ба ҳолати кунунии дурнамои вазъи минтақа, ҷаҳон ва дигар масоили мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифт”.
Дар иттилоияи расмӣ ҳамчунин таъкид шудааст, ки “дар рафти вохӯрӣ масъалаи муҳим ин дастгир намудан ва ба Тоҷикистон истирдод намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ гардид” ва “дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз вусъат ёфтани ҳамкориҳои манфиатбахш изҳори хушнудӣ карданд”. https://tajikpress.com/2024/05/03/%d0%b4%d0%b0%d1%80%d1%85%d0%be%d1%81%d1%82%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b0%d0%b7-%d2%b3%d0%be%d0%bb%d0%bb%d0%b0%d0%bd%d0%b4-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-2/

Комментарии

Комментариев нет.