Комментарии
- 26 дек 2020 20:33Я ТаджикМарам хичира нафахмидам но катит механдм🤣
- 26 дек 2020 21:19Неьматулло ЧалиловРост
- 27 дек 2020 01:07Shohimardon Kyrbonovбеҳтарин РОСТ гуфти
- 27 дек 2020 07:30Bahor GyliyaХамаш зур мани дора 12 соат имо нанавису ба бехбудии корат шав мега беакло
- 27 дек 2020 07:45Shohimardon Kyrbonov ответил Bahor Gyliya
- 31 июл 2021 09:00Я Таджик ответил Bahor GyliyaКак будто ту баакл боши беакли сарзада🥰
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Агар бо забони содда гӯем “Медиабулимия” ин истифодаи маълумоти аз ҳад зиёд - монанди пурхӯрӣ аст.
Ё истифодаи зиёди маълумот бидуни аҳамият додан ба мундариҷаи он ва ҳазм кардани он.
Дар ин ҳолат иттилооти нав хуб ҳазм намешавад ва шахс эҳтимолан хеле хашмгин ва манфӣ мешавад. Дар аксар ҳолат наврасон ба ин “беморӣ” гирифтор мешаванд. Аз сабаби фаровонии ҳама гуна шабакаҳои иҷтимоӣ ва мавҷудияти манбаъҳои гуногуни иттилооти зарурӣ ва на он қадар зарур.
Дар ҷаҳони мо маълумот аз ҳад зиёд аст. Ҳамарӯза ба интернет 2,5 миллион байт маълумот партофта мешавад ва ин хеле зиёд аст. Ҳамин тавр, мағзи мо ҳар рӯз мекӯшад, ки маълумоти бештарро азхуд кунад: ахбор, шабакаҳои иҷтимоӣ, сӯҳбатҳо, таблиғҳо, аломатҳо дар кӯча ва ғайра.
Ҳамин ки шумо бедор шудед, чӣ кор мекунед? Смартфони худро гирифта шабакаҳои иҷтимоиро варақ мезанед? То чӣ қадар вақт шумо бидуни шабакаҳои иҷтимоӣ кор карда метавонед? На бештар аз ним соат? Оё шумо ягон бор худро хаста ва асабонӣ ҳис мекунед? Муддатҳои дароз тамаркузи рӯйи чизҳои муҳим бароятон мушкил аст?
Ин ҳама ба сабаби истифодаи аз ҳад зиёди иттилоот аст. Метавон гуфт шумо низ “бемор” ҳастед.
Пас кӯшиш кунед аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар сарчашмаҳои иттилооти нолозим даст кашед, ё ақалан аз гурӯҳҳои нолозим дар шабакаҳои иҷтимоӣ хориҷ шавед. Кӯшиш накунед ҳама маълумотро дастрас кунед, мағзи сари шумо имкони инро надорад. Вобаста ба самти кору фаъолият ва омӯзиш рӯйхати сарчашмаҳои иттилоот ё мавзӯъҳои муайянро тартиб диҳед ва танҳо он иттилоотро пайгирӣ кунед. Ба истифодаи бемақсади интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тамошои телевизион ва гӯш кардани радио хотима диҳед. Гоҳ-гоҳ кӯшиш кунед парҳези иттилоотӣ кунед ва ба сайругашт машғул шавед!