Имрӯз тасмим гирифтем дар бораи реклама дар ВАО-и Тоҷикистон ва рекламаҳои мамнуъ мувофиқи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама” маълумот диҳем.

Реклама чист?
Иттилооте, ки дар ҳар шакл, тавассути ҳар навъ воситаҳо оид ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо ( ахбори рекламавӣ) паҳн мешаванд ва барои доираи васеи шахсон пешбинӣ шуда, ҷиҳати ташаккул ё дастгирии шавқмандӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо, ташаббусҳо таъин гардида, барои фурӯхтани молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо мусоидат менамояд;
Кадом рекламаҳо мамнуъ ҳастанд?
Рекламаи спирти этилӣ, машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фаҳшдошта, ғизои кӯдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), маккаку пистонак, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, силоҳи ҷангӣ, силоҳи хизматӣ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ, доруворие, ки бо дорухати (ретсепти) духтур дода мешавад, инчунин ҳангоми рекламаи доруворӣ муқоиса намудани он бо дигар доруворӣ манъ аст.
Бояд дар назар дошт:
Рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъйиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ), инчунин рекламаи усулҳои табобат, профилактика, ташхис, солимгардонӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи дахлдор ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳолати гирифтани патент барои ихтироот дар соҳаи мазкур, амалӣ карда мешавад.
Рекламаи силоҳи ғайринизомии иҷозатдошта, аз ҷумла силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, танҳо дар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои паҳн кардани реклама махсус гардонида шудаанд, дар дигар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои истифодабарандагони чунин силоҳ пешбинӣ шудаанд, дар ҷойҳои истифодаи силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, дар воситаҳои электронии иттилоотии умумӣ бошад, танҳо баъди соати 22 вақти маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.
Боз кадом шартҳо бояд иҷро шаванд?
- Ба воситаҳои ахбори омма барои ҷойгиронии реклама ҳамчун маводи иттилоотӣ, таҳрирӣ ё таълифӣ гирифтани маблағ манъ аст.
- Ба рекламаи мол, рекламаи худи рекламадиҳанда, ҳамчунин ба рекламаи молҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолу истифодаи онҳо манъ карда шудааст ва инчунин ба рекламаи маҳсулот, кору хизматрасонӣ, ки бояд ҳатман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда шаванд, вале сертификати мутобиқат надоранд, роҳ дода намешавад.
- Рекламаи молҳое, ки сертификатсияи ҳатмиро талаб менамоянд, бояд қайди “ҳатман сертификатсия кунонида шаванд” дошта бошанд.
- Реклама набояд дар шаҳрвандон ҳисси зӯроварӣ, таҷовуз, воҳима барангезад, инчунин набояд ба амалҳои хатарноке даъват намояд, ки метавонанд ба саломатии шахсони воқеӣ зарар расонанд ё ба бехатарии онҳо таҳдид намоянд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад.
Ҳамчунин мувофиқи ин қонун ба “Рекламаи бевиҷдонона”, “Рекламаи нодуруст”, “Рекламаи беодобона”, “Рекламаи бардурӯғ”, “Рекламаи пинҳонӣ” дар ҳудуди ҶТ роҳ дода намешавад!
Муфассалтар дар “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама”, №34, аз 1 августи соли 2003

Комментарии

Комментариев нет.