Тарс як қисми механизми мудофиавии организм аст, ки ба мо дар эмин мондан аз хатарҳо кӯмак мекунад.

Аммо тарси аз ҳад зиёд метавонад нороҳаткунанда бошад. Дарки мо дар бораи чизҳо бештар аз он вобаста аст, ки мо дар бораи онҳо чӣ гуна сӯҳбат мекунем ва атрофиёну ВАО чӣ мегӯянд.
Намунаи соддатарини тарс парвози ҳавоӣ мебошад.
Ҳавопаймоҳо (моделҳои баъдӣ) яке аз бехавфтарин намудҳои нақлиёт ба ҳисоб мераванд. Аммо дараҷаи стреси мусофирони он нисбат ба мусофирони мошин хеле баландтар аст. Ҳарчанд ин тарс дар вуҷуди ҳар шахс вуҷуд дорад, ВАО онро бештар мекунанд. Зеро вақте дар кадом як гӯшаи дунё садамаи ҳавопаймоӣ рух медиҳад, муддати тӯлонӣ дар ВАО инъикос меёбад ва албатта дар зеҳни мардум нақш мебандад. Ҳарчанд шумораи қурбониёни садамаҳои нақлиёти заминӣ (мошинҳо) метавонад аз шумораи қурбониёни садамаи нақлиёти ҳавоӣ бамаротиб бештар бошад.
Мисоли дигари тарс ҳамлаи сагҳо ба одамон аст.
Сюжетҳое, ки зуд-зуд дар наворҳои ахбор ҷой дода мешаванд ва рӯзноманигорон бо муболиға қисса мекунанд, тарси одамонро аз ҳайвонот бештар мекунад. Чунин хабарҳо аксар вақт бо аксҳои ваҳмангез ва ҷузъиёти ҳамла пахш карда мешаванд. Мушкилоти галаи сагҳои бесаробон ё сагҳои хашмгин метавонад дар ҷомеаи алоҳида муҳим бошад, аммо хабарҳо дар ин бора дар формати "шок, сенсатсия" ба ҳалли онҳо кӯмак нахоҳанд кард. Балки тарси ғайримантиқиро нисбати ҳамаи ҳайвонҳои чорпой афзоиш хоҳанд дод.
Намунаи дигари ғавғои тарсангези ВАО ваксинаҳо мебошанд.
Баъзе кишварҳо ба эмгузаронии аҳолӣ алайҳи COVID-19 шурӯъ карданд ва дар ВАО маводҳо дар бораи оқибатҳои хатарноки он пайдо шуданд. Дар баъзе аз ин мақолаҳо муаллифон формулаи хатои "Баъд = сабаб" - ро истифода мебаранд. Масалан, сарлавҳаи нашрияи русии RBC: "Панҷ нафар дар Швейтсария пас аз гиритани ваксинаи COVID-19 фавтиданд". Ҳамзамон, дар охири мақола муаллифон нишон медиҳанд, ки одамони фавтида аз синни 84 то 92 буданд ва робитаи байни ваксиназанӣ ва марг исбот нашудааст. Дар ин ҳолат сарлавҳаи номувофиқ метавонад сабаби тарс аз эмгузаронӣ шавад.
Албатта, ин маънои онро надорад, ки дар чунин мавзуъҳо умуман набояд навишт. Аммо ҳангоми интихоби сарлавҳа ва таҳияи мавод бояд принсипи "зарар нарасонед" риояд шавад, ва хонандагон бошанд набояд тафаккури интиқодиро фаромӯш кунанд.
Шумо тез-тез ба мақолаҳои даҳшатноку тарсафкан дучор меоед?

Комментарии

Комментариев нет.