Телеграм яке аз паёмрасонҳои маъруф, фаврӣ ва бехатар дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Мо ба Шумо панҷ сабаберо пешниҳод мекунем, ки бо хондани он хоҳиши аз он истифода карданро пайдо мекунед.
1. Бехатар
Сӯҳбатҳои шуморо дар чати махфӣ бо таври худкор ҳазф менамояд. Он аз рамзҳои вуруд ва муҳофизаи дукарата иборат аст. Яъне, он нисбат ба дигар паёмрасонҳо бехатартар аст. Рамзи гузоштаро шикастан ва аз муҳофизаи дукарата гузаштан ғайриимкон аст.
2. Суръати баланд
Telegram, ба фарқ аз дигар паёмрасонҳо, хеле зуд кор мекунад. Гап сари он аст, ки Telegram дар тамоми ҷаҳон серверҳои худро дорад. Бале, ин як роҳи ҳалли оддӣ аст, аммо дар амалияи истифодаи мессенҷер он хеле назаррас аст ва ҳангоми истифода шахс худро роҳат эҳсос мекунад.
3. Тарҳи зебо
Тарҳи хеле зебо ва эстетикӣ дорад, ҳама чиз ба услуби ягона мутобиқ карда шудааст. Андозаи замима низ аз дигар рақибонаш бартарӣ дорад, назар ба Whatsapp, Viber ва ғайра хурдтар аст.
4. Он дар ҳама ҷо
Комилан дар ҳама платформаҳо - Android, iOS, Windows, Mac OS метавон онро истифода кард. Он дар ҳама платформаҳо якхел кор мекунад ва тарҳи ҷолиб дорад. Барои хушбахтӣ боз чӣ лозим аст?
5. Хотираи абрӣ
Ҳама мукотибаи шумо, аксҳо, видеоҳо, дар хотираи абрӣ нигоҳ дошта мешавад. Албатта, ҳаҷмро каме коҳиш медиҳад, аммо ҳеҷ гоҳ чизеро аз даст нахоҳед дод. Ин албатта навгонӣ нест, аммо амалияш нисбат ба WhatsApp беҳтар аст.

Комментарии

  • 25 фев 2021 13:20
    Уже и чз ранги Фейсбук данныета мефруша , так что дига 4 пунктш ростай
  • 25 фев 2021 13:40
    Телеграм яке аз паёмрасонҳои маъруф, фаврӣ ва бехатар дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Мо ба Шумо панҷ сабаберо пешниҳод мекунем, ки бо хондани он хоҳиши аз он истифода карданро пайдо мекунед.

    1. Бехатар

    Сӯҳбатҳои шуморо дар чати махфӣ бо таври худкор ҳазф менамояд. Он аз рамзҳои вуруд ва муҳофизаи дукарата иборат аст. Яъне, он нисбат ба дигар паёмрасонҳо бехатартар аст. Рамзи гузоштаро шикастан ва аз муҳофизаи дукарата гузаштан ғайриимкон аст.

    2. Суръати баланд

    Telegram, ба фарқ аз дигар паёмрасонҳо, хеле зуд кор мекунад. Гап сари он аст, ки Telegram дар тамоми ҷаҳон серверҳои худро дорад. Бале, ин як роҳи ҳалли оддӣ аст, аммо дар амалияи истифодаи мессенҷер он хеле назаррас аст ва ҳангоми истифода шахс худро роҳат эҳсос мекунад.

    3. Тарҳи зебо

    Тарҳи хеле зебо ва эстетикӣ дорад, ҳама чиз ба услуби ягона мутобиқ карда шудааст. Андозаи замима низ аз дигар рақибонаш бартарӣ дорад, назар ба Whatsapp, Viber ва ғайра хурдтар аст.

    4. Он дар ҳама ҷо

    Комилан дар ҳама платформаҳо - Android, iOS, Windows, Mac OS метавон онро истифода кард. Он дар ҳама платформаҳо якхел кор мекунад ва тарҳи ҷолиб дорад. Барои хушбахтӣ боз чӣ лозим аст?

    5. Хотираи абрӣ

    Ҳама мукотибаи шумо, аксҳо, видеоҳо, дар хотираи абрӣ нигоҳ дошта мешавад. Албатта, ҳаҷмро каме коҳиш медиҳад, аммо ҳеҷ гоҳ чизеро аз даст нахоҳед дод. Ин албатта навгонӣ нест, аммо амалияш нисбат ба WhatsApp беҳтар аст.
  • 26 фев 2021 10:01
    Дар телеграм читавр пул кор карда мешавад