Мо миқдори зиёди маълумотро дар смартфони худ нигоҳ медорем.

Табиист, ки намехоҳем касе ба ин маълумот дастрасӣ пайдо кунад. Аз ин рӯ, бояд дар бораи бехатарии дастгоҳи худ фикр кунем.
Додани ягон маслиҳати универсалӣ душвор аст, зеро смартфонҳо аз якдигар хеле фарқ мекунанд. Аммо мушовири амнияти рақамӣ Сергей Смирнов рӯйхати қадамҳои аввалини ҳифзи маълумот дар смартфонро тартиб додааст.
Инҳо дастурҳои оддитарин мебошанд, ки ба шумо барои зуд бехатар кардани смартфонатон кӯмак мерасонанд:
- таърихи зангҳо, SMS, паёмҳои электронӣ, паёмҳои мессенҷерҳо, ёддоштҳо, ва браузерҳоятонро аз маълумоти нолозим пок кунед;
- Ҳама аксҳо ва видеоҳоро аз смартфони худ ба ҷойи бехатар интиқол диҳед;
- Нусхаи эҳтиётии маълумот (резервная копия данных) созед;
- Барои муошират аз мессенҷери нисбатан эмин бо рамзгузории ниҳоӣ истифода баред, на SMS;
- Бовар ҳосил кунед, ки дастгоҳ рамзгузорӣ (шифрование) шудааст;
- Қулфи муҳофизати экранро тарици рамз - парол фаъол созед;
- Ҳамеша бо худ зарядник гиред ва смартфонатонро дар ҷойҳои бегона ба заряд намонед, махсусан ба воситаи компютери шахсони бегона;
- Смартфони худро беназорат нагузоред ва ба одамони дигар надиҳед;
- Агар имкон бошад, ба худ дастгоҳи ивазкунанда – телефони корӣ харед ва телефони шахсиатонро барои кор истифода набаред;
- Ҷустуҷӯйи телефон ба воситаи Google ва дигар хидматрасониҳоро фаъол кунед. Ин қадам ба шумо дар ёфтани смарфон ё пок кардани хотираи он ҳангоми гум кардан кӯмак мекунад;

Комментарии