Зеҳни сунъӣ - технология, ё як самти илми муосир мебошад, ки роҳҳои таълим додани компютер, технологияи роботикунонидашуда ва системаи таҳлилиро монанди инсон оқилона фикр карданро меомӯзад.

Дар асл, идеяи сохтани зеҳни сунъӣ пеш аз ихтирои аввалин компютерҳо ба вуҷуд омада буд.
Одамони солҳои 50-уми асри гузаштаро имконияти мошинҳо, алалхусус қобилияти мошинҳое, ки дар як вақт якчанд вазифаҳоро иҷро мекарданд ҳайрон намуда буд. Маҳз дар ин давра нахустин технологияҳои зеҳни сунъӣ ба вуҷуд омаданд.
Ҳадафҳои асосии зеҳни сунъӣ инҳоянд:
- Эҷоди системаҳои таҳлилие, ки мустақилона ё таҳти назорати инсон қобилияти омӯзиш дошта мебошад. Инчунин тавонанд дар асоси маҷмӯи маълумотҳо фарзияҳоро пешгӯӣ намоянд.
- Амалисозии зеҳни инсон дар дастгоҳ, яъне эҷоди ёвар-роботест, ки тавонанд мисли инсон рафтор кунанд: андеша, омӯзиш, фаҳмиш ва иҷрои вазифаҳои таъиншуда.
Доираи истифодаи зеҳни сунъӣ:
Зеҳни сунъӣ тадриҷан ба ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон ворид шуда истодааст
- Тиб ва тандурустӣ. Системаҳои компютерӣ сабти беморонро ба роҳ мемонанд, дар рамзкушоии натиҷаҳои ташхис кӯмак мерасонанд.
- Фурӯши чаканаи онлайн. Бисёр одамон аллакай бо таблиғоти релевантии Google ва Yandex ошно ҳастанд. Бо ёрии он, чаканафурӯшон ба манфиатҳои корбар нигоҳ карда мол ва хидматҳои хешро пешниҳод мекунанд.
- Сиёсат. Мошинҳои зеҳнӣ ба Барак Обама дар пирӯзиаш дар интихоботи дуввуми президенӣ кӯмак карда буданд.
- Саноат. Зеҳни сунъӣ метавонад маълумотро аз самтҳои гуногуни истеҳсолот таҳлил карда, кори таҷҳизотро ба танзим дарорад.
- Бозиҳои онлайнӣ, маориф. Зеҳни сунъӣ аз ҷониби эҷодгарони бозӣ фаъолона истифода мешаванд. Мошинҳои интеллектуалӣ ва робототехника тадриҷан ба равандҳои таълимии аксар давлатҳо ворид карда шуда истодаанд.

Комментарии

Комментариев нет.