Равоншиносони донишгоҳи Ҳарвард – Гордон У.

, Оллпорт ва Лео Потсман – замони Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ оид ба овозаҳое, ки он давра паҳн мешуданд, пажӯҳиш гузаронданд. Ин ба онҳо имкон дод, ки формулаи математикиро бароранд, ки сохтори паҳншавӣ ва амали овозаҳоро тасвир ва дар асоси он усулҳои идорасозии овозаҳоро таҳия намоянд.
Дар пажӯҳиши худ олимон ба хулосаи муҳим омаданд:
“Дар сурати мавҷуд набудани иттилои обективӣ одамон раванди ҳодисаро дар асоси эҳсосҳои худ таҳлил мекунанд”. Яъне бо дар даст надоштани иттилои мӯътамад, инсон имкон дорад, ки дилхоҳ ҳодисаро ба таври худ шарҳ диҳад ва фарзияҳо эҷод намояд.
Ҳамчунин онҳо формулаи махсусро барои муайян кардани суръати паҳншавии овозаҳои тоза, таҳия карданд.
✔ Он чунин менамояд:
R ~ i*a,
ва формулаи Оллпорт- Постман ном дорад.
Инҷо:
R — самти паҳнсозии овоза, шиддатнокии паҳншавии он, давомнокии мавҷудияти он ва сатҳи боварӣ ба овоза аст;
i — моҳияти зарурати овоза ба шунаванда ва хонанда, агар он воқеъият бошад;
а —мизони номуайянӣ ва шубҳанокии овоза.
Дар формулаи Олпорт – Постман ҳарду мизон – моҳият ва номуайянӣ – мафҳуми аз 0 то 10-ро доранд, аз инҷо бармеояд, ки фаҳмиши ҳадди аксари R ба 100 баробар аст (аз ҳама мизони баланди паҳншавии овоза).
💡Лайфхак – сабақҳои зиндагӣ
Натиҷаи муҳими ин формула дар он аст, ки агар яке аз нишондиҳандаҳо ба 0 баробар бошад, овоза нест мешавад. Яъне барои нест кардани овоза, моҳияти онро барои шунаванда баробари “сифр” намуда, ё ин ки номуайяниро аз мӯҳтвои он берун кард, он вақт овоза аз байн меравад.
Манбаъ: Г. Олпорт и Л. Постман «Психология слухов» (1947 сол) http://www.favor.com.ua/ru/blogs/146.html?export=pdf https://psy.wikireading.ru/8557 #бидончиромебинӣ #муҳимдарккардан #овоза #равоншиносӣ #маърифати расонаӣ #Internews #EU #Қазоқистон #Қирғизистон #Тоҷикистон #Узбекистон #Туркменистон

Комментарии