29-30 нафаре ки ба ҳамвор будани замин бовар доштанд, ба ин назария бо шарофати YouTube ҷонибдорӣ кардаанд, - шарҳ медиҳад Эшли Ландрум, пажӯҳишгар аз донишгоҳи технологии Техас.

Алгоритми ин маҳзан дар тавсияҳо аз амалкарди як гурӯҳи хурд, истифодабарандагони беҳад фаъол бастагӣ дорад. Дар натиҷа навори сохта ва хабарҳои бофта, зуд-зуд тавсия мешаванду бо ҳамин назария ва идеяҳои дурӯғинро паҳн месозанд.
Пажӯҳишгарон 30 нафарро пурсиданд-иштирокчиёни конфронси калонтарин дар ҷаҳон оид ба масоили замини ҳамвор.
29 нафар иқрор шуданд, ки чанд соли пеш фикр намекарданд, ки замин ҳамвор аст, аммо андешаҳояшонро бад аз тамошои наворҳо дар YouTube иваз кардаанд.
Далелҳои дар онҷо истифода шуда, ба назарашон боэътимод намудаанд. Пурсидашудаҳо гуфтанд, ки ба ин видеоҳо ба воситаи тавсияи маҳзани YouTube даст ёфтаанд. Маълум шуд, ки қаблан ин одамон наворҳо дар бораи ба моҳ фаромадан, садамаи 11 сентябр дар ИМА ва дигар назарияи ботилро тамошо кардаанд.
Нафари сиюм, ки дар пурсиш иштирок кард, ба ҳамвор будани замин ҳамон вақте бовар кардааст, ки ба вай дар ин бора хешовандонаш гуфтаанд. Онҳо бошад дар ин бора аз наворҳои ... YouTube огоҳ шудаанд.
Манбаъ: https://www.theguardian.com/science/2019/feb/17/study-blames-youtube-for-rise-in-number-of-flat-earthers https://www.ixbt.com/news/2019/02/18/v-rasprostranenii-very-v-ploskuju-zemlju-vinovat-youtube.html

Комментарии

Комментариев нет.