ЛОИҚ ШЕРАЛӢКУЛЛИЁТҶИЛДИ 1АШЪОРДушанбе«Адиб»2008 ББК 84 Тоҷик 7-5Ш – 52Мураттибон:Баҳриддин АлавӣваРомиш ЛоиқзодаМуҳаррир:Мубашшир АкбарзодЛоиқ Шералӣ. Куллиёт. Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди 1. Ашъор.– Душанбе, «Адиб», 2008. – 560 саҳ.Аз замони нашри аввали «Куллиёт»-и устоди зиндаёд Лоиқи Шералӣ (Хуҷанд, 2001) ҳашт солсипарӣ шуд. Дар ин миён нашри дуюми он дар Теҳрон (1383) ба алифбои форсӣ анҷом ёфт. Ҳоло наш-ри сеюм низ дар дасти хонандагон ва алоқамандон қарор дорад. Дар нашри феълӣ шеърҳо дар таҳририниҳоии муаллиф оварда шуда, ба онҳо миқдори зиёди шеърҳои чопнашудаи шоир аз бойгониаш иловагардиданд.ISBN 978-9947-57-42-8© Бунёди Лоиқ Шералӣ, 2008 Куллиёти ашъор 3НАШРИЁТИ«АДИБ» 4 Лоиқ ШералӣЛОИҚ ШЕРАЛӢ(20.5.1941 – 30.6.2000) Куллиёти ашъор 5Туӣ буду набудам, миллати ман,Туӣ самти суҷудам, миллати ман.Суруди умри ман поён пазирад,Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.МЕРОСИ ДИЛИ ШОИРИДИЛДОДА ВА ОЗОДАЛоиқ баробари он ки ба майдони адабиётикунунии тоҷикӣ қадам ниҳод, худро ба сифати«шоири ҷавони хеле боистеъдод» (СотимУлуғзода) шиносонид. Нахустин намунаҳоишеъри ӯ мавриди писанд ва гуфтугӯи ҷиддииУстод Мирзо Турсунзода гардид. Онҳо машқишеър буданд, вале бо доштани маънивумазмунҳои тоза, тасвирҳои гӯё, мушоҳидаҳоизеҳннишин ва бардоштҳои шоирона аз он му-шоҳидаҳо фарқ мекарданд.Шеъри номии шоир «Ба модарам», кимаҷмӯаи аввалини ӯ «Сари сабз» (1966)-роҳусни хотима бахшида, сабабгори ба тавриғайричашмдошт ба узвияти Иттифоқи нависан-дагони Тоҷикистон пазируфтани ӯ шуда буд, азон гувоҳӣ медод, ки Лоиқ дар камтарин фурсат,дар зарфи ҳамагӣ чор-панҷ сол дар гуфтанишеър аз машқ ба сарҳади камол расидааст. Бо иншеър дар фаъолияти гӯяндаи он марҳилаи сифа-тан наве, давраи ҷустуҷӯҳои адабӣ ванавовариҳои ӯ оғоз гардид. Дар он ҳама чиз навбуд: шеваи баён, тарзи тасвир, маъниҳо,тасвирҳо, вазн, қофия, забон, вусъати тасвир вабардоштҳои шоирона. Шоир бо зикри ҷузъиётеаз зиндагии содаи модари пираш – зани мушти-пари кӯҳистонии тоҷик ва олами дар худ ниҳониорзуву ормонҳои ӯ мисраъ ба мисраъ, байт бабайт ва банд ба банд мисли сураткаши чирадастебо хатҳои ҷудогонаи равшан чеҳраи зинда ва бу-зургворонаи ӯро бо як самимият ва муҳаббатибеандозаи фарзандӣ офаридааст. Сабки баёни ӯ,лаҳни гуфтори ӯ дар ин шеър шеваи нигоришишоири овозадори рус Сергей Есенинро даршеърҳои ӯ «Мактуб ба модар» ва «Мактубимодар» ба хотир меорад. Лоиқ маҳз дар ҳаминсолҳо бо омӯзиш ва тарҷумаи осори ин шоирмашғул буд ва нахустин китобе ҳам, ки нашр кар-да буд, «Савтҳои форсӣ» (1965)-и С.Есенинбуд. Аммо шеъри «Ба модарам»-и шоири тоҷикангезаҳои дигаре низ дошт. Ва ангезаҳои асосиипайдоиши ин шеъри ноб, пеш аз ҳама, саргузаш-ту сарнавишти худи модари меҳрубони шоир будва баъдан модарномаи адиби эронӣ Эраҷ Мирзо.Инро худи гӯянда низ эътироф дошт ва гуфтабуд, ки «дар шеърҳои «Модарнома» таъсириЕсенину Эраҷ Мирзо ҳаст». Ва шеъри «Ба мо-дарам» аз аввалин таҷрибаҳои бобарори Лоиқдар пайванд додани суннатҳои шеъри форсиитоҷикӣ бо шеъри мардуми дунё, дар айни замон,бо шеъри русӣ буд.Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо,модари пирам,Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад нийят,Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман,бишканӣ армон,Бубинӣ то ба ранги нав,ба ҳусни нав ҷавоният,Ба он дастони ларзони шарафмандатбимирам ман!...Нарафтӣ берун аз як деҳ, надидӣ рӯи оламро,Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.Ба гирди деҳа гӯё домани гардун бичаспида,Туро барбаст роҳи нийяту азми ҷаҳонгардӣ.Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту,Аё модар, аё модар!Солҳои 60-70-ум барои Лоиқ солҳои омӯзишва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи адабиёти умуми-дунёӣ, солҳои ошноии наздик бо осориС.Есенин, Ҳейне, Ҳёте, Ҳюго, Расул Ҳамзатов,Уитмен, Пабло Неруда ва Э.Межелайтис, 6 Лоиқ Шералӣсолҳои рӯ овардан ба адабиёти порсии дарӣ,хосса сурудаҳои ҷовидонии Хайём, Фирдавсӣ,Ҳофиз, Мавлавии Балхӣ, Соиб ва КалимиКошонӣ, солҳои алоқамандӣ ба таърихи дуруназдики қавми тоҷик, солҳои шиносоӣ бошеъри муосири Эрон, Афғонистон ва ҲиндуПокистон, бо навиштаҳои Нодири Нодирпур,Фурӯғи Фаррухзод, Эраҷ Мирзо, Маликуш-шуаро Баҳор, Муҳаммад Иқбол, ХалилуллоҳиХалилӣ, Восифи Бохтарӣ, солҳои сабақгирӣ азадабиёти мардумӣ, солҳои луғатандӯзӣ вазабономӯзӣ, солҳои такмили силсилаи «Модар-нома», «Дафтари ғазал» («Машқи ғазал»),оғози офариниши «Ҷоми Хайём», «Катибаҳо»ва «Резаборон», солҳои эҷоди «Илҳом аз«Шоҳнома», намунаҳои барҷаста ва зебоишеърҳои ошиқона ва ватанхоҳонаи замонӣ буд.Дар ин муддат шоир, ба гуфтаи худаш, морошеърборон кард ва андар паси якдигар панҷмаҷмӯаи ашъор – «Илҳом» (1968), «Нӯшбод»(1971), «Соҳилҳо» (1972), «Хоки Ватан»(1975), «Резаборон» (1976) ва «Марди роҳ»(1979)-ро ба табъ расонд, ки ҳар яке бидунимуболиға дар адабиёти муосири тоҷикӣ бозёфтебуданд ва дар қаламрави забони форсӣ аз тара-фи мардум ба хушӣ пазируфта шуданд. Ва чунподоши амал шоир соли 1978 барои маҷмӯаи«Хоки Ватан» ва силсилаи шеърҳои «Илҳом аз«Шоҳнома» ба гирифтани Ҷоизаи давлатии баноми Рӯдакӣ сарфароз гардид.Агар ба доира ва мӯҳтавои омӯзиш вабаҳрагириҳои Лоиқ дар он солҳо тааммул ватааммуқ шавад, ба назар мерасад, ки онҳо батаври ҳайратовар гуногун ва доманадор буда,гоҳе табиатан ба ҳамдигар мутазод ҳам ҳастанд.Диққати шоирро адабиёти қадиму ҷадиди фор-сии тоҷикӣ ва мардуми дунё, фаҳлавиёти онҳо,шеъри наву шеъри куҳан, шеъри нимоию шеъриклосикӣ, шеъри сафеду арӯзи озод, қолибҳоишеърии хурду бузург, суннатҳои шеърииғарбию шарқӣ ва ғ. ва ҳ. ба худ ҷалб намудаанд.Барои вай дар омӯзиш ва баҳрабардорӣ мислиин ки ҳеҷ гуна маҳдудае вуҷуд надошт. Азнигоҳи ӯ, ҳамаи онҳоро як чиз ба ҳам қарин гар-дондааст ва он иборат аст аз доштани ҷавҳариҳама гуна осори ҳунарӣ, аз ҷумла шеър. Ва инҷавҳар будани тасвир ва маъниву мазмунҳоишоирона дар шеър аст. Барои ҳамин ҳам Лоиқшеъреро, ки холӣ аз тасвир ва маънивумазмунҳои шоирона буд, на аз дигарон қабулдошт ва на худ гуфтааст. Барои ӯ муҳим он на-буд, ки ин шеър қадим аст ё ҷадид, дар қолабишеъри нав гуфта шудааст ё шеъри сафед, рубоӣ,ғазал, дубайтӣ, фард, катиба аст ё сепораючаҳорпораю панҷпора ва маснавӣ, шеъри ман-зум аст ё мансур, ғарбист ё шарқӣ, муҳим он аст,ки дар худ тасвир ва маъниву мазмунҳои шои-рона дошта бошад, моли ҳунари асил бошад.Барои вай мисли он ки нон ҳам нон асту нонре-за ҳам нон, суханреза ҳам сухан асту ҳамоса ҳамсухан аст, ба шарти он ки дар худ ҷавҳаришеърро дошта бошад. Вагарна он шеър нест,шиор аст, моли ҳунари асил нест, ҳарфи муфт вабеҳуда аст, ки гуфтанрову хонданро нашояд.Ёдам меояд, ки соли 1967 шоири тавоноиЭрон Нодири Нодирпур барои иштирок дарСимпозиуми шеъри форсӣ ба шаҳр Душанбе ома-да буд ва дар он рӯзҳо чанд нишаст бо аҳли илмуадаби тоҷик дошт. Яке аз ин гуна нишастҳо дарбинои кӯҳнаи Иттифоқи нависандагони тоҷик дарқабулгоҳи Устод Мирзо Турсунзода баргузоргардид. Алоқамандони зиёде гирд омада буданд.Пас аз суханронии Нодирпур ва шеърхониҳояш,чанде аз шоирони тоҷик, аз ҷумла Лоиқ, шеърхонданд. Вақте ки Лоиқ дар оғози суханаш арзнамуд, ки рубоӣ мехонад, Раҳим Ҳошим, ки аз аф-таш масъулияти гардонандагии он базмро ба ӯҳдадошт, исрор намуд, ки шеърҳои дигарашро хонад,манзурашон хондани ашъори калонҳаҷм ва«ҷиддитар» буд. Аммо Лоиқ рубоиҳояшро хонд.Вай беҳтар медонист, ки дар кадом маврид чирохонад ва чиро нахонад. Рубоиҳои шоир бештар азҳамаи шеърҳое, ки он рӯз дар ҳузури Нодирпурхонда шуданд, ба ӯ писанд омад. Зеро ки онҳо на-мунаи шеъри асил буданд ва Нодирпурсухансанҷи тавоно.Лоиқ касест, ки шеъри муосири тоҷикиро баасолати азалияш баргардонд. Вай дар ин роҳкӯшишҳои нотамоми устодон Садриддин Айнӣва Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ,Ҳабиб Юсуфӣ ва Мирзо Турсунзодаро тамомӣбахшид. Миёни шеъри кунунии тоҷикӣ ва осоримондагори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз,Саъдӣ, Мавлавӣ, Соиб, Калими Кошонӣ ва Бе-дил пуле эҷод кард, миёнҷӣ шуд. Шоирониимрӯзаи тоҷик бо осори саромадони худ ошноӣдоштанд ва гоҳ-гоҳ аз он истифода ҳам мекар-данд. Лекин Лоиқ нахустин фардест аз миёниэшон, ки ҷавҳари шеъри пешиниёнро барои муо-сиронаш кашф намуда, суннатҳои адабии онҳороаз нав зинда гардонид – бо пайравиҳояш, боилҳом гирифтанҳояш, бо офаридани «ҶомиХайём», «Илҳом аз «Шоҳнома», «Дафтариғазалиёт», «Резаборон», бо забони тоҷикииширадораш, бо ҳунари расои маъниофаринӣ ватасвиргарияш. Вай дар воқеъ тавонист, ки«шеърҳои гуфтаву ногуфта»-и миллаташро, батаъбири худаш, «боз гӯётар, боз бурротар, бозгиротар ва боз аълотар» бигӯяд.Сабаби аслии шӯҳрати сазовор ёфтанишеъри шоири тоҷик дар қаламрави адабиётифорсӣ, хосса дар Эрон ва Афғонистон, маҳз дар Куллиёти ашъор 7ҳамин асолати азалии шеъри порсии дарирокасб кардани шеъри ӯ буд. Тавонотарин шои-рони форсигӯи дунё, мисли шодравон НодириНодирпур, Восифи Бохтарӣ ва дигарон башеъри Лоиқ, ба ҳунари шоирии вай ба ҳайси«шоири бузурги забони форсӣ» ва «яке азустувонаҳои асосии фарҳанги порсӣ» тан дода-анд ва имон овардаанд. Нашри китобҳои шоирчун «Гулчине аз ашъори Устод Лоиқи Шералӣ»(Теҳрон, 1372/1993), «Дасти дуои модар»(Исфаҳон, 1373/1994) ва «Рӯҳи Рахш»(Теҳрон, 1379/2000) дар Эрон ва нақдҳое ҳам,ки бар онҳо навишта шуданд, маҳбубият вамаъруфияти ӯро дар ин кишвар бештар аз пеш-тар гардонид. То ин замон форсизабонон бонамунаҳои осори ӯ ба воситаи маҷмӯаҳои нашр-шуда бо алифбои арабӣ «Ташнадил» (Душан-бе, 1974) ва «Хоки ватан» (Душанбе, 1981),шеърҳое, ки дар саҳифаҳои расонаҳои гурӯҳиион кишварҳо ба табъ расида буданд ва ё азтариқи радио ва телевизион онҳоро ровиёниномдоре, мисли Фарида Анварӣ, қироат мена-муданд, ошноӣ доштанд.Хидмати дигаре, ки Лоиқ дар солҳои 60-70-ум ба анҷом расонд, он буд, ки вай миёни шеър-ҳои форсии тоҷикӣ ва шеъри мардуми дунё пай-ванде ба вуҷуд овард. Ва шеъри ӯ аз нахустиннамунаҳои адабии бобарори чунин имтизоҷ дарадабиёти кунунии тоҷикӣ ба шумор меравад.Лоиқ аз роҳи омӯзиш ва тарҷумаи осори шои-роне монанди Ҳёте, Уитмен, Есенин, ПаблоНеруда ва дигарон, имконоти баён ва зарфиятитасвирро дар шеъри тоҷикӣ ба маротиб афзоишдод. Дар шеър ба тасвир ва тасвиргарӣ, бамаъниофаринӣ, ба сохтани фазои шоирона ваҳолати шоирона, ба муқтазои ҳол, ба самимиятдиққати фавқулода додани Лоиқ низ аз баракатишиносоияш бо шеъри мардумони ғарбӣ ва киш-варҳои дигари дунё ва таҳқиқи мунсифонаионҳо аз ҷониби ӯ мебошад. Шоир дар яке азмусоҳибаҳояш иқрор кардааст, ки «ман ғайр азашъори Есенин ҳамчунин осори Ҳамзатов, Ме-желайтис, Қулиев, Евтушенко ва Қуняевротарҷума кардам ва бидуни шак ин тарҷумаҳо баташаккули сабки офаринандагии худи ман му-соидат намуданд».Шеъри тоҷикӣ дар ин солҳо ба шарофатикӯшиш, заҳмат ва ҷустуҷӯҳои пайвастаи шоиро-ни ҳунарманде, монанди Лоиқ гӯётар, хонотар,расотар, гиротар ва мушаххастар гардида, аздарди умумигӯию қолабигӯиҳо раҳоӣ ёфта, ба-рои бозтоби зиндагии имрӯзӣ ва инсони муосирмуносибтар ва мувофиқтар шуд. Шеъри тоҷикӣдар ин давра «макон, замон, унвон ва фазоипарвози» мушаххас пайдо намуда, «заминаивоқеӣ, иҷтимоӣ ва ҳаётии он ... қавӣ шуд»:Баччагӣ чун шохборон рехт, рехт.Баччагӣ чун обшорон рехт, рехт.Ё мисоли шохнам аз дашти бопаҳно гузашт.Баччагӣ гӯё буду гӯё набуд,Баччагӣ аз мо буду аз мо набуд,Бехабар мондем, то дидем, фарсахҳо гузашт.Баччагӣ – гулгуни зарринёли ман,Баччагӣ – гулгуни зарринболи ман –Ёлу болаш ғарқи гул аз роҳи умри мо гузашт...Ва:Ин шаби туршрӯи боронӣКулбаи модарам ба ёд омад.Боми ӯ мечакад зи боронҳо,Дар дилам оламе ба дод омад...Модарам! Модари биҳиштиям!Осмон боиси чӣ гирён аст?Ашки ту бас набуд, ки дар дунёБоз борону боз борон аст?..Ё:Чу табболе шабе борони хашмӣБа боми хонаҳо чӯбакзанӣ дошт.Дили ман андаруни синаи тангЗи тобу таб бинои ҷонканӣ дошт...Тамоми кӯчаи шаҳри ДушанбеХаёле аз қадамҳои ту дорад.Дили ман бо ҳама шӯру ҷунунашТаманнои саропои ту дорад.Лоиқ дар яке аз мусоҳибаҳояш пас аз дарёфтиҶоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ бо сахтгирие,ки танҳо ба ӯ хос буд, гуфта буд, ки «ҳама шеъре,ки гуфтаам, ҳозир ҳам барои ман машқи шеъриояндаанд, он шеъри оянда боз машқи шеъриоянда хоҳад буд». Дурустии ин суханони шоир-ро сайри таҳаввул ва такомули шеъри ӯ аз якмаҷмӯа то ба маҷмӯаи дигар ва аз як марҳила тоба марҳилаи баъдӣ тасдиқ мекунад. Нахустиннамунаҳои ғазал ва рубоиҳои муаллиф ҳанӯз дармаҷмӯаи аввалинаш «Сари сабз» ҷо дошт. Па-сон миқдори ғазалу дубайтиҳои шоир то рафтбештар гардида, ба дараҷаи фаслу бобҳоиалоҳидае, аз қабили «Ҷоми Хайём», «Резабо-рон», «Идомаи «Резаборон», «Машқи ғазал»,«Дафтари ғазал» расиданд. Шеъри «Ба мода-рам» оғози силсилаи «Модарнома» шуд ва дер-тар ба шакли китоби ҷудогонаи «Дасти дуои мо-дар» (1991) даромад. Фаслҳои «Катибаҳо»,«Суханреза» ва «Дастагули тарона», ки дармаҷмӯаҳои «Хоки Ватан» (1975), «Хонаичашм» (1982) ва «Рӯзи сафед» (1984) омада-анд, дар маҷмӯаҳои баъдӣ – «Хонаи дил» 8 Лоиқ Шералӣ(1986), «Офтобборон» (1988) ва «Фарёди бе-фарёдрас» (1997) пурра шудаанд. Шеърҳои баУстод Мирзо Турсунзода бахшидаи шоир шоми-ли силсилаи «Сипоснома» гардидаанд.Шеърҳои дар мавзӯи рӯз, таърихи дуру наздик,ҳикмати зиндагӣ, рисолати шеъру шоирӣ ва ишқгуфтаи вай дар ҳамаи маҷмӯа ва китобҳои паси-нааш ба сифати бахшҳои умдаи онҳо ҷой дошта,ҳам аз назари мӯҳтаво ва ҳам аз лиҳози ҳунаригӯяндагӣ сайқал хӯрда, суфта гардида, шуморишеърҳои нағзи шоир ва адабиёти тоҷикиро аф-зун намудаанд.Вижагиҳои умдаи шеъри Лоиқ дар солҳои60-70-ум сурат гирифта, падидаи адабии наверобо номи «шеъри Лоиқвор» дар адабиёти куну-нии тоҷикӣ ба вуҷуд оварданд, ки он дармарҳилаҳои баъдии фаъолияти офаринандагиишоир дар солҳои 80-90-ум бо нашри маҷмӯаҳоемонанди «Хонаи чашм», «Хонаи дил», «Оф-тобборон» ва «Дасти дуои модар»барҷастатар, қавитар ва комилтар гардидааст.Лоиқ дар ин солҳо ба ҳайси устоди шеърҳунарнамоӣ карда, асарҳои фаровоне офарид,ки онҳо на танҳо ба сифати беҳтарин намунаҳоишеъри муосири тоҷикӣ, балки адабиёти форси-забонон эътироф шудаанд.Қисмати умдаи сурудаҳои Лоиқро дарсолҳои 80 ва 90-ум шеърҳое ташкил медиҳанд,ки дар қолабҳои анъанавии шеъри форсиитоҷикӣ – ғазал, рубоиёт, дубайтӣ, фард вакатибаҳо гуфта шудаанд. Сабаби барорифавқулоддаи гӯянда дар сурудани ин гунанавъҳои шеърӣ дар он аст, ки ӯ ба туфайли ис-теъдоди фитрӣ, таҳқиқи амиқ ва таҳаммулиранҷи якумрии шоирӣ тавонистааст, ки табиатиаслии он қолибҳои маъмул ва имконотигунҷоиши онҳоро ба дурустӣ дарк намуда, ба-рои ифодаи мавзӯъ ва маъниҳои замони худмувофиқ гардонад ва ба тани ниммурда ва фа-лаҷгардидаашон аз дасти муташоирон ватақлидгарон ҷони тоза бахшад.Ғазал, рубоиву дубайтиҳо, фардиётукатибаҳои Лоиқ агарчи дар қолабҳои суннатӣгуфта шудаанд, дар худ эҳсосу андешаи инсонизамони муайян – охири садаи бист, инсонивоқеиеро бозтоб додаанд, ки миёни соҳилидирӯзу фардо истода, дар байни Замину ОфтобуМоҳ, одамизод ва табиат миёнҷигарӣ мекунад.Инсоне, ки устухонаш бо ғазалиёти шӯрангезиҲофиз, Мавлавӣ, Соиб ва Калими Кошонӣ, борубоиёти оламшумули Хайём, рубоиву дубайтӣва фардиёти бонамаки мардумӣ шах шуда, азсангнавиштаҳо ва катибаҳои аҷдодаш бохабараст. Ва боз ҳам эҳтиёҷ ба ғазалу рубоивудубайтиҳои тоза ба тозаи имрӯзӣ дорад. Чароки табиати ин навъҳои шеърӣ ва мӯҳтавои онҳоба дилу дидаи вай аз азал бо аллагӯиҳои модар,бо мақомхонӣ, фалакхонӣ ва байтхониҳоиҳамқавмонаш ва ҳунармандон ошно мебошад.Шоир дар замина фармудааст, ки «ман аз овонисабзҷавониям бо ғазал коми худро бардошта-ам». Бино ба гуфтаи ӯ, «ғазал ҳазор сол, балкибештар барои такомули завқи як халқисоҳибфарҳанг ва мухлисону гаравидагонифарҳанги ӯ хидмат гузошт, рисолати таърихӣ,иҷтимоӣ ва инқилобии худро дар масири ҷаҳонӣифо кард ва боз ҳам то ин халқ дар рӯи заминҳаққи қисмат дорад, хидмат хоҳад кард... Ғазалшиносномаи таърихи фарҳанг, фалсафа, илмуфунун ва ҷаҳони ҳасту нести мардуми форсутоҷик аст». Лозим ба таъкид аст, ки назари ӯдар мавриди зарурати эҷоди рубоиву дубайтӣ,фард ва катибаҳо низ чунин аст. Чунончи вайдар бобати катибаҳо фармудааст, ки «ман борегӯристонҳои Самарқандро зиёрат карда, дарсари қабрҳо байтҳои аҷибе хондам. Ман он вақтдонишҷӯи институт будам. Аз дилам гузашт, кихалқ ба катибаҳои ёдгорӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳамонвақт мехостам чунин катибаҳо нависам, аммонатавонистам. Баъд катибаҳои Расул Ҳамзатовбаромад. Онҳоро хонда, боз як бор пай бурдам,ки катиба лозим аст». Нуктаи ҷолиб дар ин гуф-та он аст, ки дар қолибҳои суннатӣ шеър гуфта-ни шоир, пеш аз ҳама, тақозои худи зиндагӣ бу-да, ангезаҳои дигар танҳо як таконе шудаандбарои эҷод кардани онҳо.Ду-се ғазалу рубоиву дубайтӣ ва катибаҳое,ки ба тариқи намуна оварданиям, боз ҳамон«муште аз хирвор»-и пурбори устод Лоиқ ме-бошад.Аз рубоиёт:Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар манМодар яктост, Тоҷикистон яктост.Ва:Он лаб, ки зи чашмони сиёҳат бӯсид,Аз бӯсагаҳи рӯи чу моҳат бӯсид,Баъди ту нахоҳад аз ҷаҳон рӯю лабе,Бе рӯю лаби ту хок хоҳад бӯсид.Ё:Донам, ки агар пагоҳ мемирам ман,Аз зиндагӣ қасди хеш мегирам ман.Ҳар чиз, ки дорам, ҳама афканда бар об,Чун об ба ҳоли хеш мегирям ман.Аз дубайтиҳо:Тароватҳои мӯят ёдам омад,Назокатҳои рӯят ёдам омад. Куллиёти ашъор 9Дар ин соат, ки гунгу лолам аз дард,Садои гуфтугӯят ёдам омад.Ва:Маҳи кӯр асту абри бурда-бурда,Кӣ аввал кокулонатро шумурда?Кӣ бо ту як нафас хандиду бишкуфт?Кӣ бо ту дода ҷон, аммо намурда?Ё:Ду чашми бегуноҳи ту маро кушт,Нигоҳи бепаноҳи ту маро кушт.Намурдам аз ҳазорон қасду буҳтон,Як оҳи ту, як оҳи ту маро кушт.Аз ғазалиёт:На зи ранҷу азоб метарсам,На зи ҳоли хароб метарсам.Бими тӯфони мавҷҳоям нест,Аз хаси рӯи об метарсам.Бо замона ҳисоби ман пок аст,Аз ду-се каҷҳисоб метарсам.Аз сиёсат набошадам боке,Аз сиёсатмаоб метарсам.Дӯш гар бошитоб мерафтам,Ин замон аз шитоб метарсам.Дӯш аз ман шароб метарсид,Ман кунун аз шароб метарсам.Аз катибаҳо:Хидмати марг мекунад, то ҳаст,Хидмати ӯ ба зиндагӣ ин аст.(«Дар тобут»)Ва:Аз дасти бастаеДасти шикаста беҳ.(«Дар дастпона»)Лоиқ табиатан шоири ишқиясаро, баистилоҳи ғарбиён «лирик» ва ба гуфтаи худаш«шоири ошиқ» буд. Ва ҳамаи офаридаҳои ӯ азшеъри нахустинаш «Ном» (1959) то сурудаҳоиохиринаш (июни 2000) тааллуқ ба навъҳои гу-ногуни шеъри ғиноӣ (ишқия): иҷтимоӣ,фалсафӣ ва ошиқона дорад. Тавре ки худи шоирқоил шудааст, ӯ бисёре аз шеърҳояш, аз ҷумла«Хоки Ватан», «Китобҳои шаҳид», силсилаи«Илҳом аз «Шоҳнома»-ро аввал чун маводидостон пеши худ пиндошта будааст, аммо чунрӯи коғаз омадаанд, дидааст, ки шарт нестонҳоро кашол дода, ба бобҳо тақсим карда,пурҳарфиро раво дида, достон кунад. Вайэътиқод бар он доштааст, ки баъзе аз мавзӯъ вамазмунҳои достонӣ (эпикӣ)-ро дар чаҳорчӯбияк рубоӣ ё дубайтӣ ва ё фард хулоса карданмумкин аст. Ва чунин ҳам кардааст. Дар воқеъ ӯрубоӣ, дубайтӣ ва фардҳое гуфтааст, ки вусъатитасвири ҳамосиро дар худ гунҷондаанд.Шоир бо ишора ба он ки ӯ ишқиясаро (ли-рик) аст, на ҳамосасаро (эпик) ва бо такя барқавле, ки «фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст»фармудааст, ки «аз дарахти себ – себ, аз ток –ангур бояд талаб кард», на баръакси онро, яънеки аз ӯ мунтазири гуфтани ишқия бояд буд, нашеъри достониро. Комилан тасодуфӣ нест, кигӯянда яке аз шеърҳояшро «Руҷӯи достоне, киҳаргиз наметавонам навишт» номгузорӣ карда-аст. Вай ҳамчунин фармудааст:Ман аз азал, ки шоири ошиқ расидаам,Аз хомаам таровиши нақши азал расад.Лоиқ бо гуфтани беҳтарин намунаҳои шеъриватанхоҳона («Хоки Ватан», «Таърих гувоҳаст...», «Айнӣ», «Қитъаи шеър» (барои УстодМирзо Турсунзода»), «Китобҳои шаҳид»,«Баъд аз ҳазор сол...», «Аҳмади Дониш», «ОлиСомон» ва ғ.), шеъри рӯз («Нуристони Но-рак», «Балладаи офтоби Норак», «Қасидаи1.000.000», «Шеъри сафеди «Тиллои сафед»,«Достони дастҳо», «Чашми деҳқон», «Дуоиборон» ва ғ.) ва шеъри замонӣ («Духтарирустоӣ», «Мӯйсафедон», «Баччагӣ», «Пада-рам, эй падари деҳқонам», «Дар ҷанозаиҳамсолам», «Пирӣ», «Хокрӯб», «Шоҳасар»,«Шикастабанд», «Ҷони масчоҳӣ» ва ғ.) собиткард, ки дар воқеъ зиндагӣ саросар пур аз шеъраст, онро фақат бояд дид, дарёфт ва бозгӯ кард.Бо ин ҳама шеърҳои ошиқонаи ӯ зеботаринқисмати мероси адабии ӯ мебошанд. Дар гуфта-ни онҳо ҳунари шоирии Лоиқ алалхусус дарсолҳои 80-ум ба тамомӣ зуҳур дорад. Зебоӣ ванотакрории шеърҳои ошиқонаи замонии шоирдар он аст, ки онҳо ҳар як дар худ як ҳолат, якрӯҳия, як манзара, як фазо, як эҳсоси муайянимуайян ва нотакрори олами ишқро шоирона ваошиқона ва бе рӯву риё бозтоб медиҳанд. Шоирдар онҳо аз васл, ҳаҷр, дард, ҳасрат, хотирот,хушиҳои ҷавониву ормонҳои пирӣ, ба суханидигар, аз баҳору хазони ишқ, аз гулу хори ишқ, азсӯзҳои ширину талхи ошиқон қиссаҳоиошиқонаи дарзамонӣ мекунад. Ишқияҳои шоирчунон фаровон ва чунон гуногунанд, ки ҳар касигирифтор чизи муносиби ҳолу аҳволи хеш,мувофиқи эҳсосу андешаҳои хеш пайдо менамо-яд. Гулназар, ки худ низ мисли Лоиқишқиясарост, ба мушоҳида гирифтааст, ки«байтҳои Лоиқ номаҳои ошиқонро оро медиҳад,ҷавонон бо шеъри Лоиқ ишқварзӣ мекунанд».Азбаски шеърҳои нағзи ошиқонаи шоирбеҳад зиёданд, танҳо бо зикри номи иддае азонҳо ва иқтибоси чанд байте аз онҳо иктифоменамоем: «Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш»,«Ҳусн», «Кабӯтарҳо», «Дар Варзоб», «Дар 10 Лоиқ Шералӣтобу табат бинам, бехоби шабат бинам», «Дарон соат», «Ширмаҳтоби ғуборолуда»,«Ошиқон – шоирони бедевон», «Ману тутирамаҳ гулчинӣ рафтем», «Ҳар гаҳ, ки бо туам,рӯҳам пур аз сафост», «Баҳоре будумаҷнунбеди навбарг», «Он шом зи пушти боғикӯҳӣ», «Духтари хоназоди хатлонӣ», «Оваҳ,оваҳ чӣ тирамоҳе буд», «Оҳ, эй зан, зани оташ-бунёд», «Аввали ишқ – осмони баланд», «Ди-лам он қадр мастӣ хоҳад имшаб», «Дуо»,«Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад»,«Номаҳоят», «Боз омад тирамаҳ бо баргҳоизарди хеш», «Ғуруби офтоби ҳуснат омад»,«Дидам ӯро боз баъди чанд сол», «Дарбуттаҳои гул нашкуфта ғунчаест» ва ғ. ва ҳ.к.Ҳар ду нишастаемДар рӯи тахтасанг,Ҷорист рӯди мастПуршӯру бедиранг.Ҳар ду нишастаемБеҷурму бегуноҳ,Дилҳои ташнаком,Лабҳои бӯсахоҳ...Ҳар ду нишастаемҲам дур, ҳам қариб,Ё ишқ, ё умед,Ё бахт, ё насиб!..(«Дар Варзоб»)Ва:Он шом зи пушти боғи кӯҳӣМаҳ тор танида мебаромад.Як банд алаф ба пушт пиреАз кӯҳ хамида мефаромад...Маҳтоби паридаранги коҳилМерехт ба фарқи шохсорон.Дар олами сояравшани боғБудем ду тан зи растагорон.Печида ба ҳам ду сояи моМетофт ба сони сояи бахт,Яксони замин хамӯш мегуфт –Оё кӣ расад ба пояи бахт?Ё:Аввали ишқ – осмони баланд,Охири ишқ – хоки домангир.Аввали ишқ – орзуҳо гарм,Охири ишқ – орзуҳо пир...Аввали ишқ – гулфишони баҳор,Охири ишқ – баргрезиҳост.Аввали ишқ – аввали дунё,Охири ишқ – охири дунёст!Дигар:Дилам он қадр мастӣ хоҳад имшаб,Ки роҳи хонаи худро наёбам.Тиҳӣ созам ҳама майхонаҳоро,Ки аз сар бигзарад ҳар сарҳисобам.Зи назди хонаат ғалтону хезонГузар созам чу як девонаи ишқ.Чароғи хонаат бинам фурӯзонЧу нури сармади кошонаи ишқ.Кулоҳамро зи истиғнои мастӣБарандозам ба сӯи КаҳкашонҳоРавам, бар остонат сар гузорам,Ки мебошад баланд аз осмонҳо...Шеъри Лоиқ, ҳам оне, ки дар қолабҳоизамонӣ ва ҳам оне, ки дар қолабҳои суннатӣэҷод шудааст, дар маҷмӯъ суруди Инсони са-даи ХХ мебошад. Инсоне, ки шоҳиди гар-дишҳои бузурги иҷтимоӣ, ҳамдаврониҳамсолони паровари хеш, инсони замони каш-фи кайҳон, замони расидани пои фарзандиодам ба рӯи Моҳ, замони рӯи ниёз оварданиинсоният ба Олами асғар – ҷаҳони инсон, баарзишҳои умумибашарӣ, замони худогоҳиюхештаншиносӣ буд. Бинобар он ҳам шахсиятиадабии шоир, ба истилоҳи маъмул қаҳрамониғиноии ӯ ҷисман ва рӯҳан бузург буда, то андо-зае чеҳраи ормонии шахсиятҳои «Шоҳнома»ва Инсони комили адабиёти ирфонии моро бахотир меорад. Шоир мегӯяд:Надидам ҳеҷ инсоне, дареғо,Ки чун Мавлои Балх инсон парастад.Бо ин ҳама Инсони Лоиқ аз табори инсонишоири муосири литвонӣ Э.Межелайтис, ки ки-тоби шеърҳояш таҳти унвони «Инсон» дарбайни аҳли илму адаби тоҷик маҳбубияти зиёддошт ва қаҳрамонони ғиноии шоиронидӯстдоштааш Есенин ва Нодирпур буд. Ба суха-ни дигар, Инсони ӯ бо он ҳама абарқудратӣ вабузургрӯҳиаш ҳамзамон бисёр заминӣ, хокӣ ваосебпазир буда, дили урён дорад:Дилам таҳ мезанад шабҳо, худоё,Магар ҷон меканад шабҳо, худоё?Дорои хислатҳои заминӣ ва воқеӣ буданиқаҳрамони шоир онро ба дилу дидаи хонандаиимрӯза наздиктар гардондааст. Як тан азқаламкашони ҳунарманди тоҷик ҷавонмардонаэътироф намудааст, ки «гоҳе ки шеъри Лоиқромехонам, хаёл мекунам, ки шеъри ман аст, садоивиҷдон ва дарди ҷони ман аст, изтиробу талотум
Каздон
:Каздони Рахмонзода
Куллиёти устод Лоик
ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
КУЛЛИЁТ
ҶИЛДИ 1
АШЪОР
Душанбе
«Адиб»
2008 ББК 84 Тоҷик 7-5
Ш – 52
Мураттибон:
Баҳриддин Алавӣ
ва
Ромиш Лоиқзода
Муҳаррир:
Мубашшир Акбарзод
Лоиқ Шералӣ. Куллиёт. Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди 1. Ашъор.
– Душанбе, «Адиб», 2008. – 560 саҳ.
Аз замони нашри аввали «Куллиёт»-и устоди зиндаёд Лоиқи Шералӣ (Хуҷанд, 2001) ҳашт сол
сипарӣ шуд. Дар ин миён нашри дуюми он дар Теҳрон (1383) ба алифбои форсӣ анҷом ёфт. Ҳоло наш-
ри сеюм низ дар дасти хонандагон ва алоқамандон қарор дорад. Дар нашри феълӣ шеърҳо дар таҳрири
ниҳоии муаллиф оварда шуда, ба онҳо миқдори зиёди шеърҳои чопнашудаи шоир аз бойгониаш илова
гардиданд.
ISBN 978-9947-57-42-8
© Бунёди Лоиқ Шералӣ, 2008 Куллиёти ашъор 3
НАШРИЁТИ
«АДИБ» 4 Лоиқ Шералӣ
ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
(20.5.1941 – 30.6.2000) Куллиёти ашъор 5
Туӣ буду набудам, миллати ман,
Туӣ самти суҷудам, миллати ман.
Суруди умри ман поён пазирад,
Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.
МЕРОСИ ДИЛИ ШОИРИ
ДИЛДОДА ВА ОЗОДА
Лоиқ баробари он ки ба майдони адабиёти
кунунии тоҷикӣ қадам ниҳод, худро ба сифати
«шоири ҷавони хеле боистеъдод» (Сотим
Улуғзода) шиносонид. Нахустин намунаҳои
шеъри ӯ мавриди писанд ва гуфтугӯи ҷиддии
Устод Мирзо Турсунзода гардид. Онҳо машқи
шеър буданд, вале бо доштани маъниву
мазмунҳои тоза, тасвирҳои гӯё, мушоҳидаҳои
зеҳннишин ва бардоштҳои шоирона аз он му-
шоҳидаҳо фарқ мекарданд.
Шеъри номии шоир «Ба модарам», ки
маҷмӯаи аввалини ӯ «Сари сабз» (1966)-ро
ҳусни хотима бахшида, сабабгори ба таври
ғайричашмдошт ба узвияти Иттифоқи нависан-
дагони Тоҷикистон пазируфтани ӯ шуда буд, аз
он гувоҳӣ медод, ки Лоиқ дар камтарин фурсат,
дар зарфи ҳамагӣ чор-панҷ сол дар гуфтани
шеър аз машқ ба сарҳади камол расидааст. Бо ин
шеър дар фаъолияти гӯяндаи он марҳилаи сифа-
тан наве, давраи ҷустуҷӯҳои адабӣ ва
навовариҳои ӯ оғоз гардид. Дар он ҳама чиз нав
буд: шеваи баён, тарзи тасвир, маъниҳо,
тасвирҳо, вазн, қофия, забон, вусъати тасвир ва
бардоштҳои шоирона. Шоир бо зикри ҷузъиёте
аз зиндагии содаи модари пираш – зани мушти-
пари кӯҳистонии тоҷик ва олами дар худ ниҳони
орзуву ормонҳои ӯ мисраъ ба мисраъ, байт ба
байт ва банд ба банд мисли сураткаши чирадасте
бо хатҳои ҷудогонаи равшан чеҳраи зинда ва бу-
зургворонаи ӯро бо як самимият ва муҳаббати
беандозаи фарзандӣ офаридааст. Сабки баёни ӯ,
лаҳни гуфтори ӯ дар ин шеър шеваи нигориши
шоири овозадори рус Сергей Есенинро дар
шеърҳои ӯ «Мактуб ба модар» ва «Мактуби
модар» ба хотир меорад. Лоиқ маҳз дар ҳамин
солҳо бо омӯзиш ва тарҷумаи осори ин шоир
машғул буд ва нахустин китобе ҳам, ки нашр кар-
да буд, «Савтҳои форсӣ» (1965)-и С.Есенин
буд. Аммо шеъри «Ба модарам»-и шоири тоҷик
ангезаҳои дигаре низ дошт. Ва ангезаҳои асосии
пайдоиши ин шеъри ноб, пеш аз ҳама, саргузаш-
ту сарнавишти худи модари меҳрубони шоир буд
ва баъдан модарномаи адиби эронӣ Эраҷ Мирзо.
Инро худи гӯянда низ эътироф дошт ва гуфта
буд, ки «дар шеърҳои «Модарнома» таъсири
Есенину Эраҷ Мирзо ҳаст». Ва шеъри «Ба мо-
дарам» аз аввалин таҷрибаҳои бобарори Лоиқ
дар пайванд додани суннатҳои шеъри форсии
тоҷикӣ бо шеъри мардуми дунё, дар айни замон,
бо шеъри русӣ буд.
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо,
модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад нийят,
Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман,
бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав,
ба ҳусни нав ҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат
бимирам ман!...
Нарафтӣ берун аз як деҳ, надидӣ рӯи оламро,
Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.
Ба гирди деҳа гӯё домани гардун бичаспида,
Туро барбаст роҳи нийяту азми ҷаҳонгардӣ.
Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту,
Аё модар, аё модар!
Солҳои 60-70-ум барои Лоиқ солҳои омӯзиш
ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи адабиёти умуми-
дунёӣ, солҳои ошноии наздик бо осори
С.Есенин, Ҳейне, Ҳёте, Ҳюго, Расул Ҳамзатов,
Уитмен, Пабло Неруда ва Э.Межелайтис, 6 Лоиқ Шералӣ
солҳои рӯ овардан ба адабиёти порсии дарӣ,
хосса сурудаҳои ҷовидонии Хайём, Фирдавсӣ,
Ҳофиз, Мавлавии Балхӣ, Соиб ва Калими
Кошонӣ, солҳои алоқамандӣ ба таърихи дуру
наздики қавми тоҷик, солҳои шиносоӣ бо
шеъри муосири Эрон, Афғонистон ва Ҳинду
Покистон, бо навиштаҳои Нодири Нодирпур,
Фурӯғи Фаррухзод, Эраҷ Мирзо, Маликуш-
шуаро Баҳор, Муҳаммад Иқбол, Халилуллоҳи
Халилӣ, Восифи Бохтарӣ, солҳои сабақгирӣ аз
адабиёти мардумӣ, солҳои луғатандӯзӣ ва
забономӯзӣ, солҳои такмили силсилаи «Модар-
нома», «Дафтари ғазал» («Машқи ғазал»),
оғози офариниши «Ҷоми Хайём», «Катибаҳо»
ва «Резаборон», солҳои эҷоди «Илҳом аз
«Шоҳнома», намунаҳои барҷаста ва зебои
шеърҳои ошиқона ва ватанхоҳонаи замонӣ буд.
Дар ин муддат шоир, ба гуфтаи худаш, моро
шеърборон кард ва андар паси якдигар панҷ
маҷмӯаи ашъор – «Илҳом» (1968), «Нӯшбод»
(1971), «Соҳилҳо» (1972), «Хоки Ватан»
(1975), «Резаборон» (1976) ва «Марди роҳ»
(1979)-ро ба табъ расонд, ки ҳар яке бидуни
муболиға дар адабиёти муосири тоҷикӣ бозёфте
буданд ва дар қаламрави забони форсӣ аз тара-
фи мардум ба хушӣ пазируфта шуданд. Ва чун
подоши амал шоир соли 1978 барои маҷмӯаи
«Хоки Ватан» ва силсилаи шеърҳои «Илҳом аз
«Шоҳнома» ба гирифтани Ҷоизаи давлатии ба
номи Рӯдакӣ сарфароз гардид.
Агар ба доира ва мӯҳтавои омӯзиш ва
баҳрагириҳои Лоиқ дар он солҳо тааммул ва
тааммуқ шавад, ба назар мерасад, ки онҳо ба
таври ҳайратовар гуногун ва доманадор буда,
гоҳе табиатан ба ҳамдигар мутазод ҳам ҳастанд.
Диққати шоирро адабиёти қадиму ҷадиди фор-
сии тоҷикӣ ва мардуми дунё, фаҳлавиёти онҳо,
шеъри наву шеъри куҳан, шеъри нимоию шеъри
клосикӣ, шеъри сафеду арӯзи озод, қолибҳои
шеърии хурду бузург, суннатҳои шеърии
ғарбию шарқӣ ва ғ. ва ҳ. ба худ ҷалб намудаанд.
Барои вай дар омӯзиш ва баҳрабардорӣ мисли
ин ки ҳеҷ гуна маҳдудае вуҷуд надошт. Аз
нигоҳи ӯ, ҳамаи онҳоро як чиз ба ҳам қарин гар-
дондааст ва он иборат аст аз доштани ҷавҳари
ҳама гуна осори ҳунарӣ, аз ҷумла шеър. Ва ин
ҷавҳар будани тасвир ва маъниву мазмунҳои
шоирона дар шеър аст. Барои ҳамин ҳам Лоиқ
шеъреро, ки холӣ аз тасвир ва маъниву
мазмунҳои шоирона буд, на аз дигарон қабул
дошт ва на худ гуфтааст. Барои ӯ муҳим он на-
буд, ки ин шеър қадим аст ё ҷадид, дар қолаби
шеъри нав гуфта шудааст ё шеъри сафед, рубоӣ,
ғазал, дубайтӣ, фард, катиба аст ё сепораю
чаҳорпораю панҷпора ва маснавӣ, шеъри ман-
зум аст ё мансур, ғарбист ё шарқӣ, муҳим он аст,
ки дар худ тасвир ва маъниву мазмунҳои шои-
рона дошта бошад, моли ҳунари асил бошад.
Барои вай мисли он ки нон ҳам нон асту нонре-
за ҳам нон, суханреза ҳам сухан асту ҳамоса ҳам
сухан аст, ба шарти он ки дар худ ҷавҳари
шеърро дошта бошад. Вагарна он шеър нест,
шиор аст, моли ҳунари асил нест, ҳарфи муфт ва
беҳуда аст, ки гуфтанрову хонданро нашояд.
Ёдам меояд, ки соли 1967 шоири тавонои
Эрон Нодири Нодирпур барои иштирок дар
Симпозиуми шеъри форсӣ ба шаҳр Душанбе ома-
да буд ва дар он рӯзҳо чанд нишаст бо аҳли илму
адаби тоҷик дошт. Яке аз ин гуна нишастҳо дар
бинои кӯҳнаи Иттифоқи нависандагони тоҷик дар
қабулгоҳи Устод Мирзо Турсунзода баргузор
гардид. Алоқамандони зиёде гирд омада буданд.
Пас аз суханронии Нодирпур ва шеърхониҳояш,
чанде аз шоирони тоҷик, аз ҷумла Лоиқ, шеър
хонданд. Вақте ки Лоиқ дар оғози суханаш арз
намуд, ки рубоӣ мехонад, Раҳим Ҳошим, ки аз аф-
таш масъулияти гардонандагии он базмро ба ӯҳда
дошт, исрор намуд, ки шеърҳои дигарашро хонад,
манзурашон хондани ашъори калонҳаҷм ва
«ҷиддитар» буд. Аммо Лоиқ рубоиҳояшро хонд.
Вай беҳтар медонист, ки дар кадом маврид чиро
хонад ва чиро нахонад. Рубоиҳои шоир бештар аз
ҳамаи шеърҳое, ки он рӯз дар ҳузури Нодирпур
хонда шуданд, ба ӯ писанд омад. Зеро ки онҳо на-
мунаи шеъри асил буданд ва Нодирпур
сухансанҷи тавоно.
Лоиқ касест, ки шеъри муосири тоҷикиро ба
асолати азалияш баргардонд. Вай дар ин роҳ
кӯшишҳои нотамоми устодон Садриддин Айнӣ
ва Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ,
Ҳабиб Юсуфӣ ва Мирзо Турсунзодаро тамомӣ
бахшид. Миёни шеъри кунунии тоҷикӣ ва осори
мондагори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз,
Саъдӣ, Мавлавӣ, Соиб, Калими Кошонӣ ва Бе-
дил пуле эҷод кард, миёнҷӣ шуд. Шоирони
имрӯзаи тоҷик бо осори саромадони худ ошноӣ
доштанд ва гоҳ-гоҳ аз он истифода ҳам мекар-
данд. Лекин Лоиқ нахустин фардест аз миёни
эшон, ки ҷавҳари шеъри пешиниёнро барои муо-
сиронаш кашф намуда, суннатҳои адабии онҳоро
аз нав зинда гардонид – бо пайравиҳояш, бо
илҳом гирифтанҳояш, бо офаридани «Ҷоми
Хайём», «Илҳом аз «Шоҳнома», «Дафтари
ғазалиёт», «Резаборон», бо забони тоҷикии
ширадораш, бо ҳунари расои маъниофаринӣ ва
тасвиргарияш. Вай дар воқеъ тавонист, ки
«шеърҳои гуфтаву ногуфта»-и миллаташро, ба
таъбири худаш, «боз гӯётар, боз бурротар, боз
гиротар ва боз аълотар» бигӯяд.
Сабаби аслии шӯҳрати сазовор ёфтани
шеъри шоири тоҷик дар қаламрави адабиёти
форсӣ, хосса дар Эрон ва Афғонистон, маҳз дар Куллиёти ашъор 7
ҳамин асолати азалии шеъри порсии дариро
касб кардани шеъри ӯ буд. Тавонотарин шои-
рони форсигӯи дунё, мисли шодравон Нодири
Нодирпур, Восифи Бохтарӣ ва дигарон ба
шеъри Лоиқ, ба ҳунари шоирии вай ба ҳайси
«шоири бузурги забони форсӣ» ва «яке аз
устувонаҳои асосии фарҳанги порсӣ» тан дода-
анд ва имон овардаанд. Нашри китобҳои шоир
чун «Гулчине аз ашъори Устод Лоиқи Шералӣ»
(Теҳрон, 1372/1993), «Дасти дуои модар»
(Исфаҳон, 1373/1994) ва «Рӯҳи Рахш»
(Теҳрон, 1379/2000) дар Эрон ва нақдҳое ҳам,
ки бар онҳо навишта шуданд, маҳбубият ва
маъруфияти ӯро дар ин кишвар бештар аз пеш-
тар гардонид. То ин замон форсизабонон бо
намунаҳои осори ӯ ба воситаи маҷмӯаҳои нашр-
шуда бо алифбои арабӣ «Ташнадил» (Душан-
бе, 1974) ва «Хоки ватан» (Душанбе, 1981),
шеърҳое, ки дар саҳифаҳои расонаҳои гурӯҳии
он кишварҳо ба табъ расида буданд ва ё аз
тариқи радио ва телевизион онҳоро ровиёни
номдоре, мисли Фарида Анварӣ, қироат мена-
муданд, ошноӣ доштанд.
Хидмати дигаре, ки Лоиқ дар солҳои 60-70-
ум ба анҷом расонд, он буд, ки вай миёни шеър-
ҳои форсии тоҷикӣ ва шеъри мардуми дунё пай-
ванде ба вуҷуд овард. Ва шеъри ӯ аз нахустин
намунаҳои адабии бобарори чунин имтизоҷ дар
адабиёти кунунии тоҷикӣ ба шумор меравад.
Лоиқ аз роҳи омӯзиш ва тарҷумаи осори шои-
роне монанди Ҳёте, Уитмен, Есенин, Пабло
Неруда ва дигарон, имконоти баён ва зарфияти
тасвирро дар шеъри тоҷикӣ ба маротиб афзоиш
дод. Дар шеър ба тасвир ва тасвиргарӣ, ба
маъниофаринӣ, ба сохтани фазои шоирона ва
ҳолати шоирона, ба муқтазои ҳол, ба самимият
диққати фавқулода додани Лоиқ низ аз баракати
шиносоияш бо шеъри мардумони ғарбӣ ва киш-
варҳои дигари дунё ва таҳқиқи мунсифонаи
онҳо аз ҷониби ӯ мебошад. Шоир дар яке аз
мусоҳибаҳояш иқрор кардааст, ки «ман ғайр аз
ашъори Есенин ҳамчунин осори Ҳамзатов, Ме-
желайтис, Қулиев, Евтушенко ва Қуняевро
тарҷума кардам ва бидуни шак ин тарҷумаҳо ба
ташаккули сабки офаринандагии худи ман му-
соидат намуданд».
Шеъри тоҷикӣ дар ин солҳо ба шарофати
кӯшиш, заҳмат ва ҷустуҷӯҳои пайвастаи шоиро-
ни ҳунарманде, монанди Лоиқ гӯётар, хонотар,
расотар, гиротар ва мушаххастар гардида, аз
дарди умумигӯию қолабигӯиҳо раҳоӣ ёфта, ба-
рои бозтоби зиндагии имрӯзӣ ва инсони муосир
муносибтар ва мувофиқтар шуд. Шеъри тоҷикӣ
дар ин давра «макон, замон, унвон ва фазои
парвози» мушаххас пайдо намуда, «заминаи
воқеӣ, иҷтимоӣ ва ҳаётии он ... қавӣ шуд»:
Баччагӣ чун шохборон рехт, рехт.
Баччагӣ чун обшорон рехт, рехт.
Ё мисоли шохнам аз дашти бопаҳно гузашт.
Баччагӣ гӯё буду гӯё набуд,
Баччагӣ аз мо буду аз мо набуд,
Бехабар мондем, то дидем, фарсахҳо гузашт.
Баччагӣ – гулгуни зарринёли ман,
Баччагӣ – гулгуни зарринболи ман –
Ёлу болаш ғарқи гул аз роҳи умри мо гузашт...
Ва:
Ин шаби туршрӯи боронӣ
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Боми ӯ мечакад зи боронҳо,
Дар дилам оламе ба дод омад...
Модарам! Модари биҳиштиям!
Осмон боиси чӣ гирён аст?
Ашки ту бас набуд, ки дар дунё
Боз борону боз борон аст?..
Ё:
Чу табболе шабе борони хашмӣ
Ба боми хонаҳо чӯбакзанӣ дошт.
Дили ман андаруни синаи танг
Зи тобу таб бинои ҷонканӣ дошт...
Тамоми кӯчаи шаҳри Душанбе
Хаёле аз қадамҳои ту дорад.
Дили ман бо ҳама шӯру ҷунунаш
Таманнои саропои ту дорад.
Лоиқ дар яке аз мусоҳибаҳояш пас аз дарёфти
Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ бо сахтгирие,
ки танҳо ба ӯ хос буд, гуфта буд, ки «ҳама шеъре,
ки гуфтаам, ҳозир ҳам барои ман машқи шеъри
ояндаанд, он шеъри оянда боз машқи шеъри
оянда хоҳад буд». Дурустии ин суханони шоир-
ро сайри таҳаввул ва такомули шеъри ӯ аз як
маҷмӯа то ба маҷмӯаи дигар ва аз як марҳила то
ба марҳилаи баъдӣ тасдиқ мекунад. Нахустин
намунаҳои ғазал ва рубоиҳои муаллиф ҳанӯз дар
маҷмӯаи аввалинаш «Сари сабз» ҷо дошт. Па-
сон миқдори ғазалу дубайтиҳои шоир то рафт
бештар гардида, ба дараҷаи фаслу бобҳои
алоҳидае, аз қабили «Ҷоми Хайём», «Резабо-
рон», «Идомаи «Резаборон», «Машқи ғазал»,
«Дафтари ғазал» расиданд. Шеъри «Ба мода-
рам» оғози силсилаи «Модарнома» шуд ва дер-
тар ба шакли китоби ҷудогонаи «Дасти дуои мо-
дар» (1991) даромад. Фаслҳои «Катибаҳо»,
«Суханреза» ва «Дастагули тарона», ки дар
маҷмӯаҳои «Хоки Ватан» (1975), «Хонаи
чашм» (1982) ва «Рӯзи сафед» (1984) омада-
анд, дар маҷмӯаҳои баъдӣ – «Хонаи дил» 8 Лоиқ Шералӣ
(1986), «Офтобборон» (1988) ва «Фарёди бе-
фарёдрас» (1997) пурра шудаанд. Шеърҳои ба
Устод Мирзо Турсунзода бахшидаи шоир шоми-
ли силсилаи «Сипоснома» гардидаанд.
Шеърҳои дар мавзӯи рӯз, таърихи дуру наздик,
ҳикмати зиндагӣ, рисолати шеъру шоирӣ ва ишқ
гуфтаи вай дар ҳамаи маҷмӯа ва китобҳои паси-
нааш ба сифати бахшҳои умдаи онҳо ҷой дошта,
ҳам аз назари мӯҳтаво ва ҳам аз лиҳози ҳунари
гӯяндагӣ сайқал хӯрда, суфта гардида, шумори
шеърҳои нағзи шоир ва адабиёти тоҷикиро аф-
зун намудаанд.
Вижагиҳои умдаи шеъри Лоиқ дар солҳои
60-70-ум сурат гирифта, падидаи адабии наверо
бо номи «шеъри Лоиқвор» дар адабиёти куну-
нии тоҷикӣ ба вуҷуд оварданд, ки он дар
марҳилаҳои баъдии фаъолияти офаринандагии
шоир дар солҳои 80-90-ум бо нашри маҷмӯаҳое
монанди «Хонаи чашм», «Хонаи дил», «Оф-
тобборон» ва «Дасти дуои модар»
барҷастатар, қавитар ва комилтар гардидааст.
Лоиқ дар ин солҳо ба ҳайси устоди шеър
ҳунарнамоӣ карда, асарҳои фаровоне офарид,
ки онҳо на танҳо ба сифати беҳтарин намунаҳои
шеъри муосири тоҷикӣ, балки адабиёти форси-
забонон эътироф шудаанд.
Қисмати умдаи сурудаҳои Лоиқро дар
солҳои 80 ва 90-ум шеърҳое ташкил медиҳанд,
ки дар қолабҳои анъанавии шеъри форсии
тоҷикӣ – ғазал, рубоиёт, дубайтӣ, фард ва
катибаҳо гуфта шудаанд. Сабаби барори
фавқулоддаи гӯянда дар сурудани ин гуна
навъҳои шеърӣ дар он аст, ки ӯ ба туфайли ис-
теъдоди фитрӣ, таҳқиқи амиқ ва таҳаммули
ранҷи якумрии шоирӣ тавонистааст, ки табиати
аслии он қолибҳои маъмул ва имконоти
гунҷоиши онҳоро ба дурустӣ дарк намуда, ба-
рои ифодаи мавзӯъ ва маъниҳои замони худ
мувофиқ гардонад ва ба тани ниммурда ва фа-
лаҷгардидаашон аз дасти муташоирон ва
тақлидгарон ҷони тоза бахшад.
Ғазал, рубоиву дубайтиҳо, фардиёту
катибаҳои Лоиқ агарчи дар қолабҳои суннатӣ
гуфта шудаанд, дар худ эҳсосу андешаи инсони
замони муайян – охири садаи бист, инсони
воқеиеро бозтоб додаанд, ки миёни соҳили
дирӯзу фардо истода, дар байни Замину Офтобу
Моҳ, одамизод ва табиат миёнҷигарӣ мекунад.
Инсоне, ки устухонаш бо ғазалиёти шӯрангези
Ҳофиз, Мавлавӣ, Соиб ва Калими Кошонӣ, бо
рубоиёти оламшумули Хайём, рубоиву дубайтӣ
ва фардиёти бонамаки мардумӣ шах шуда, аз
сангнавиштаҳо ва катибаҳои аҷдодаш бохабар
аст. Ва боз ҳам эҳтиёҷ ба ғазалу рубоиву
дубайтиҳои тоза ба тозаи имрӯзӣ дорад. Чаро
ки табиати ин навъҳои шеърӣ ва мӯҳтавои онҳо
ба дилу дидаи вай аз азал бо аллагӯиҳои модар,
бо мақомхонӣ, фалакхонӣ ва байтхониҳои
ҳамқавмонаш ва ҳунармандон ошно мебошад.
Шоир дар замина фармудааст, ки «ман аз овони
сабзҷавониям бо ғазал коми худро бардошта-
ам». Бино ба гуфтаи ӯ, «ғазал ҳазор сол, балки
бештар барои такомули завқи як халқи
соҳибфарҳанг ва мухлисону гаравидагони
фарҳанги ӯ хидмат гузошт, рисолати таърихӣ,
иҷтимоӣ ва инқилобии худро дар масири ҷаҳонӣ
ифо кард ва боз ҳам то ин халқ дар рӯи замин
ҳаққи қисмат дорад, хидмат хоҳад кард... Ғазал
шиносномаи таърихи фарҳанг, фалсафа, илму
фунун ва ҷаҳони ҳасту нести мардуми форсу
тоҷик аст». Лозим ба таъкид аст, ки назари ӯ
дар мавриди зарурати эҷоди рубоиву дубайтӣ,
фард ва катибаҳо низ чунин аст. Чунончи вай
дар бобати катибаҳо фармудааст, ки «ман боре
гӯристонҳои Самарқандро зиёрат карда, дар
сари қабрҳо байтҳои аҷибе хондам. Ман он вақт
донишҷӯи институт будам. Аз дилам гузашт, ки
халқ ба катибаҳои ёдгорӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳамон
вақт мехостам чунин катибаҳо нависам, аммо
натавонистам. Баъд катибаҳои Расул Ҳамзатов
баромад. Онҳоро хонда, боз як бор пай бурдам,
ки катиба лозим аст». Нуктаи ҷолиб дар ин гуф-
та он аст, ки дар қолибҳои суннатӣ шеър гуфта-
ни шоир, пеш аз ҳама, тақозои худи зиндагӣ бу-
да, ангезаҳои дигар танҳо як таконе шудаанд
барои эҷод кардани онҳо.
Ду-се ғазалу рубоиву дубайтӣ ва катибаҳое,
ки ба тариқи намуна оварданиям, боз ҳамон
«муште аз хирвор»-и пурбори устод Лоиқ ме-
бошад.
Аз рубоиёт:
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
Ва:
Он лаб, ки зи чашмони сиёҳат бӯсид,
Аз бӯсагаҳи рӯи чу моҳат бӯсид,
Баъди ту нахоҳад аз ҷаҳон рӯю лабе,
Бе рӯю лаби ту хок хоҳад бӯсид.
Ё:
Донам, ки агар пагоҳ мемирам ман,
Аз зиндагӣ қасди хеш мегирам ман.
Ҳар чиз, ки дорам, ҳама афканда бар об,
Чун об ба ҳоли хеш мегирям ман.
Аз дубайтиҳо:
Тароватҳои мӯят ёдам омад,
Назокатҳои рӯят ёдам омад. Куллиёти ашъор 9
Дар ин соат, ки гунгу лолам аз дард,
Садои гуфтугӯят ёдам омад.
Ва:
Маҳи кӯр асту абри бурда-бурда,
Кӣ аввал кокулонатро шумурда?
Кӣ бо ту як нафас хандиду бишкуфт?
Кӣ бо ту дода ҷон, аммо намурда?
Ё:
Ду чашми бегуноҳи ту маро кушт,
Нигоҳи бепаноҳи ту маро кушт.
Намурдам аз ҳазорон қасду буҳтон,
Як оҳи ту, як оҳи ту маро кушт.
Аз ғазалиёт:
На зи ранҷу азоб метарсам,
На зи ҳоли хароб метарсам.
Бими тӯфони мавҷҳоям нест,
Аз хаси рӯи об метарсам.
Бо замона ҳисоби ман пок аст,
Аз ду-се каҷҳисоб метарсам.
Аз сиёсат набошадам боке,
Аз сиёсатмаоб метарсам.
Дӯш гар бошитоб мерафтам,
Ин замон аз шитоб метарсам.
Дӯш аз ман шароб метарсид,
Ман кунун аз шароб метарсам.
Аз катибаҳо:
Хидмати марг мекунад, то ҳаст,
Хидмати ӯ ба зиндагӣ ин аст.
(«Дар тобут»)
Ва:
Аз дасти бастае
Дасти шикаста беҳ.
(«Дар дастпона»)
Лоиқ табиатан шоири ишқиясаро, ба
истилоҳи ғарбиён «лирик» ва ба гуфтаи худаш
«шоири ошиқ» буд. Ва ҳамаи офаридаҳои ӯ аз
шеъри нахустинаш «Ном» (1959) то сурудаҳои
охиринаш (июни 2000) тааллуқ ба навъҳои гу-
ногуни шеъри ғиноӣ (ишқия): иҷтимоӣ,
фалсафӣ ва ошиқона дорад. Тавре ки худи шоир
қоил шудааст, ӯ бисёре аз шеърҳояш, аз ҷумла
«Хоки Ватан», «Китобҳои шаҳид», силсилаи
«Илҳом аз «Шоҳнома»-ро аввал чун маводи
достон пеши худ пиндошта будааст, аммо чун
рӯи коғаз омадаанд, дидааст, ки шарт нест
онҳоро кашол дода, ба бобҳо тақсим карда,
пурҳарфиро раво дида, достон кунад. Вай
эътиқод бар он доштааст, ки баъзе аз мавзӯъ ва
мазмунҳои достонӣ (эпикӣ)-ро дар чаҳорчӯби
як рубоӣ ё дубайтӣ ва ё фард хулоса кардан
мумкин аст. Ва чунин ҳам кардааст. Дар воқеъ ӯ
рубоӣ, дубайтӣ ва фардҳое гуфтааст, ки вусъати
тасвири ҳамосиро дар худ гунҷондаанд.
Шоир бо ишора ба он ки ӯ ишқиясаро (ли-
рик) аст, на ҳамосасаро (эпик) ва бо такя бар
қавле, ки «фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст»
фармудааст, ки «аз дарахти себ – себ, аз ток –
ангур бояд талаб кард», на баръакси онро, яъне
ки аз ӯ мунтазири гуфтани ишқия бояд буд, на
шеъри достониро. Комилан тасодуфӣ нест, ки
гӯянда яке аз шеърҳояшро «Руҷӯи достоне, ки
ҳаргиз наметавонам навишт» номгузорӣ карда-
аст. Вай ҳамчунин фармудааст:
Ман аз азал, ки шоири ошиқ расидаам,
Аз хомаам таровиши нақши азал расад.
Лоиқ бо гуфтани беҳтарин намунаҳои шеъри
ватанхоҳона («Хоки Ватан», «Таърих гувоҳ
аст...», «Айнӣ», «Қитъаи шеър» (барои Устод
Мирзо Турсунзода»), «Китобҳои шаҳид»,
«Баъд аз ҳазор сол...», «Аҳмади Дониш», «Оли
Сомон» ва ғ.), шеъри рӯз («Нуристони Но-
рак», «Балладаи офтоби Норак», «Қасидаи
1.000.000», «Шеъри сафеди «Тиллои сафед»,
«Достони дастҳо», «Чашми деҳқон», «Дуои
борон» ва ғ.) ва шеъри замонӣ («Духтари
рустоӣ», «Мӯйсафедон», «Баччагӣ», «Пада-
рам, эй падари деҳқонам», «Дар ҷанозаи
ҳамсолам», «Пирӣ», «Хокрӯб», «Шоҳасар»,
«Шикастабанд», «Ҷони масчоҳӣ» ва ғ.) собит
кард, ки дар воқеъ зиндагӣ саросар пур аз шеър
аст, онро фақат бояд дид, дарёфт ва бозгӯ кард.
Бо ин ҳама шеърҳои ошиқонаи ӯ зеботарин
қисмати мероси адабии ӯ мебошанд. Дар гуфта-
ни онҳо ҳунари шоирии Лоиқ алалхусус дар
солҳои 80-ум ба тамомӣ зуҳур дорад. Зебоӣ ва
нотакрории шеърҳои ошиқонаи замонии шоир
дар он аст, ки онҳо ҳар як дар худ як ҳолат, як
рӯҳия, як манзара, як фазо, як эҳсоси муайяни
муайян ва нотакрори олами ишқро шоирона ва
ошиқона ва бе рӯву риё бозтоб медиҳанд. Шоир
дар онҳо аз васл, ҳаҷр, дард, ҳасрат, хотирот,
хушиҳои ҷавониву ормонҳои пирӣ, ба сухани
дигар, аз баҳору хазони ишқ, аз гулу хори ишқ, аз
сӯзҳои ширину талхи ошиқон қиссаҳои
ошиқонаи дарзамонӣ мекунад. Ишқияҳои шоир
чунон фаровон ва чунон гуногунанд, ки ҳар каси
гирифтор чизи муносиби ҳолу аҳволи хеш,
мувофиқи эҳсосу андешаҳои хеш пайдо менамо-
яд. Гулназар, ки худ низ мисли Лоиқ
ишқиясарост, ба мушоҳида гирифтааст, ки
«байтҳои Лоиқ номаҳои ошиқонро оро медиҳад,
ҷавонон бо шеъри Лоиқ ишқварзӣ мекунанд».
Азбаски шеърҳои нағзи ошиқонаи шоир
беҳад зиёданд, танҳо бо зикри номи иддае аз
онҳо ва иқтибоси чанд байте аз онҳо иктифо
менамоем: «Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш»,
«Ҳусн», «Кабӯтарҳо», «Дар Варзоб», «Дар 10 Лоиқ Шералӣ
тобу табат бинам, бехоби шабат бинам», «Дар
он соат», «Ширмаҳтоби ғуборолуда»,
«Ошиқон – шоирони бедевон», «Ману ту
тирамаҳ гулчинӣ рафтем», «Ҳар гаҳ, ки бо туам,
рӯҳам пур аз сафост», «Баҳоре буду
маҷнунбеди навбарг», «Он шом зи пушти боғи
кӯҳӣ», «Духтари хоназоди хатлонӣ», «Оваҳ,
оваҳ чӣ тирамоҳе буд», «Оҳ, эй зан, зани оташ-
бунёд», «Аввали ишқ – осмони баланд», «Ди-
лам он қадр мастӣ хоҳад имшаб», «Дуо»,
«Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад»,
«Номаҳоят», «Боз омад тирамаҳ бо баргҳои
зарди хеш», «Ғуруби офтоби ҳуснат омад»,
«Дидам ӯро боз баъди чанд сол», «Дар
буттаҳои гул нашкуфта ғунчаест» ва ғ. ва ҳ.к.
Ҳар ду нишастаем
Дар рӯи тахтасанг,
Ҷорист рӯди маст
Пуршӯру бедиранг.
Ҳар ду нишастаем
Беҷурму бегуноҳ,
Дилҳои ташнаком,
Лабҳои бӯсахоҳ...
Ҳар ду нишастаем
Ҳам дур, ҳам қариб,
Ё ишқ, ё умед,
Ё бахт, ё насиб!..
(«Дар Варзоб»)
Ва:
Он шом зи пушти боғи кӯҳӣ
Маҳ тор танида мебаромад.
Як банд алаф ба пушт пире
Аз кӯҳ хамида мефаромад...
Маҳтоби паридаранги коҳил
Мерехт ба фарқи шохсорон.
Дар олами сояравшани боғ
Будем ду тан зи растагорон.
Печида ба ҳам ду сояи мо
Метофт ба сони сояи бахт,
Яксони замин хамӯш мегуфт –
Оё кӣ расад ба пояи бахт?
Ё:
Аввали ишқ – осмони баланд,
Охири ишқ – хоки домангир.
Аввали ишқ – орзуҳо гарм,
Охири ишқ – орзуҳо пир...
Аввали ишқ – гулфишони баҳор,
Охири ишқ – баргрезиҳост.
Аввали ишқ – аввали дунё,
Охири ишқ – охири дунёст!
Дигар:
Дилам он қадр мастӣ хоҳад имшаб,
Ки роҳи хонаи худро наёбам.
Тиҳӣ созам ҳама майхонаҳоро,
Ки аз сар бигзарад ҳар сарҳисобам.
Зи назди хонаат ғалтону хезон
Гузар созам чу як девонаи ишқ.
Чароғи хонаат бинам фурӯзон
Чу нури сармади кошонаи ишқ.
Кулоҳамро зи истиғнои мастӣ
Барандозам ба сӯи Каҳкашонҳо
Равам, бар остонат сар гузорам,
Ки мебошад баланд аз осмонҳо...
Шеъри Лоиқ, ҳам оне, ки дар қолабҳои
замонӣ ва ҳам оне, ки дар қолабҳои суннатӣ
эҷод шудааст, дар маҷмӯъ суруди Инсони са-
даи ХХ мебошад. Инсоне, ки шоҳиди гар-
дишҳои бузурги иҷтимоӣ, ҳамдаврони
ҳамсолони паровари хеш, инсони замони каш-
фи кайҳон, замони расидани пои фарзанди
одам ба рӯи Моҳ, замони рӯи ниёз овардани
инсоният ба Олами асғар – ҷаҳони инсон, ба
арзишҳои умумибашарӣ, замони худогоҳию
хештаншиносӣ буд. Бинобар он ҳам шахсияти
адабии шоир, ба истилоҳи маъмул қаҳрамони
ғиноии ӯ ҷисман ва рӯҳан бузург буда, то андо-
зае чеҳраи ормонии шахсиятҳои «Шоҳнома»
ва Инсони комили адабиёти ирфонии моро ба
хотир меорад. Шоир мегӯяд:
Надидам ҳеҷ инсоне, дареғо,
Ки чун Мавлои Балх инсон парастад.
Бо ин ҳама Инсони Лоиқ аз табори инсони
шоири муосири литвонӣ Э.Межелайтис, ки ки-
тоби шеърҳояш таҳти унвони «Инсон» дар
байни аҳли илму адаби тоҷик маҳбубияти зиёд
дошт ва қаҳрамонони ғиноии шоирони
дӯстдоштааш Есенин ва Нодирпур буд. Ба суха-
ни дигар, Инсони ӯ бо он ҳама абарқудратӣ ва
бузургрӯҳиаш ҳамзамон бисёр заминӣ, хокӣ ва
осебпазир буда, дили урён дорад:
Дилам таҳ мезанад шабҳо, худоё,
Магар ҷон меканад шабҳо, худоё?
Дорои хислатҳои заминӣ ва воқеӣ будани
қаҳрамони шоир онро ба дилу дидаи хонандаи
имрӯза наздиктар гардондааст. Як тан аз
қаламкашони ҳунарманди тоҷик ҷавонмардона
эътироф намудааст, ки «гоҳе ки шеъри Лоиқро
мехонам, хаёл мекунам, ки шеъри ман аст, садои
виҷдон ва дарди ҷони ман аст, изтиробу талотум