Ба хар чое,ки бошй,эй худои орзуи ман,

"Худоё!" гуфта мемирад ба сад хорй адуи ман.
Ба суят хар шабу рузе,ки ман руи ниёз орам,
Тамоми нуриён резанд нури худ ба руи ман.
Сабуи ман пур аз талхист то талхии махчурист,
Ба ёдат мешавад ширин маи талхи сабуи ман.
Агар аз обуранги хусни ту хусни сухан ёбам,
Бимон резад ба сони обшорон обруи ман.
Ту гар аз дидаам дурй,бадил наздику манзурй,
Биё аз чорсуи гам зи суи худ ба суи ман.
Ман аз хар тори муи ту умеди мархамат дорам,
Бипурсй бозгуят мекунад хар тори муи ман.
Тулуи ормонхои мани пурормонй ту,
Барояд офтоби дил агар ой ба куи ман.
ЛОИК

Комментарии