tajikpress
2 окт

Созишномаи тиҷорати озоди ИИАО ва Эрон савдоро 35% афзоиш дод

Муовини нахуствазири Русия иттилоъ дод, ки чунин созишнома бо Индонезия низ, то охири сол имзо мешавад.
Ба гузориши манбаъ:
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва созишномаи тиҷорати озоди Эрон гардиши молро фавран 35% афзоиш доданд.
Дар ин бора, муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук дар пайи нишасти Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Минск ба хабарнигорон гуфтааст, гузориш медиҳад ТАСС.
Муовини нахуствазир гуфт:
“Созишномаи тиҷорати озод бо Ҷумҳурии Исломии Эрон алакай ба таври фаъол иҷро мешавад. Гузашта аз ин, аз моҳи май, вақте ки он эътибор пайдо кард, мо аллакай дар моҳи июл афзоиши қобили мулоҳизаи 35 дарсадии тиҷорати мутақобиларо мушоҳида кардем”.
Вай ҳамчунин эълом кард, ки интизор меравад то охири сол як созишномаи мушобеҳ бо Индонезия имзо шавад.
Ба гуфтаи ӯ, феълан расмиёти созишнома омода карда мешавад. https://tajikpress.com/2025/10/02/%d1%81%d0%be%d0%b7%d0%b8%d1%88%d0%bd%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d1%82%d0%b8%d2%b7%d0%be%d1%80%d0%b0%d1%82%d0%b8-%d0%be%d0%b7%d0%be%d0%b4%d0%b8-%d0%b8%d0%b8%d0%b0%d0%be-%d0%b2%d0%b0-%d1%8d%d1%80%d0%be/

Созишномаи тиҷорати озоди ИИАО ва Эрон савдоро 35% афзоиш дод - 5371468610494

Комментарии

Комментариев нет.