Ирода байни хафт бародар духтари ягонаи хонадонашон буд.

Аз ин лихоз падару модараш уро хеле зиёд эркаю нозпарвар карда буданд. Хамаи хохишхояшро бечуну чаро ба ичро мерасонданд. Баъди хатми мактаби миёна Ирода дигар хохиши идома додани тахсилро надошт. Дид, ки дугонахояш хуччатхои худро ба курси семохаи бухгалтери супориданд, у низ пайрави онхо шуд. Ин курси кутохмуддат дар як мичча задан гузашта рафт ва Ирода сохиби ихтисос гардид. Як духтари хешашон дар коргохе мусохиб шуда кор мекард ва тарзи либоспушиаш диккати духтарро ба худ чалб мекард. Зеро у бо як завки махсус ва ба худаш зебанда либос мепушид. Дар куча хама бо хавас ба у менигаристанд. Ирода боре ба назди Мутриба рафта хохиш кард, ки маро хам ба кор гапзанон бикун. Аммо Мутриба дудила буд ва намехост, ки ин духтараки хешдухтари нозанинашон ба ин коргох ба кор кабул шавад. Дилаш аз чизе сахт дар ташвиш буд. -Апаи Мутриба, маро ба шогирди кабул намекунед? -Намедонам, ба фикрам чойи холи нест ин чо. -Ба ман чойи холи лозим нест танхо бемаош ба ман корро омузед апачон. -Ааа, агар сардорамон ичозат диханд… -Ба назди сардоратон даромада ичозат пурсам? -Не-не лозим нест, надаро, ки у марди нихоят чидди аст. Боз ту эркачаро наранчонад. -Ман хам шухи кардам апачон. Магар чуръате дорам, ки ба назди як мардаки калон дароям? Агар лозим шуда монад дадама равон мекунам назди вай. Дар ин вакт сардор ба шуъбаи хисобгари даромада Иродаро диду хушаш рафт. Мутриба бошад нигоххои харидоронаи сардори маъшукабозро нисбати Ирода хис карда, бетокат гардид ва охистаяк ишора намуд, ки ба берун ибарояд. Ирода низ итоаткорона берун баромадани буд, ки сардор ба у гап партофт. -Ин духтараки хушру коркоби омадааст? -Не, у ба ман кор дошт ва саросема аст меравад. -Саросема нашав, духтараки хуб мо чойи кори дорем. -Апам гуфтанд, ки чойи холи надорем. -Ин апаат духтархои хушруро бад мебинад-да. Ягон ихтисос надори? -Дорам, курси семохаи хисобгариро хатм намудам. -Хеле хуб. Биё рафтем, ба шуъбаи кадрхо туро худи хозир ба кор кабул мекунем. Ба мо ту барин кадрхои чавон мисли обу хаво заруранд. -Кадрхои нозанин зарур гуед?- бо киноя аз кафо овоз баровард Мутриба. Иродаи дунёбехабар маънои ин гапи маънодорро сарфахм нарафта аз кафои сардор ба шуъбаи кадрхо рахсипор гардид. Падару модараш ин тавр ба зуди кордароии духтарашонро шунида изхори норозиги карданд. Зеро оилаи онхо тинчу серу пур буда, ба кори яккадухтари эрка касе ниёзманд набуд. Аммо Ирода дар хона дилгир мешавам гуфта гапашро гузаронд ва узви коргохи Мутрибаино гашт. Хостгорони зиёде дари хонаи онхоро охурча мекарданд. Зеро хусни расои духтар хуши чавонхоро бурда буд. Дар махаллаашон ба зебогиву коматбаланди касе ба у баробар набуд. Аммо Ирода холо фурсати шавхаркуниам нарасидааст гуён якрави мекард. Нихоят волидонаш розигии худро ба падару модари як чавони нозанини чорпахлу, ки дар хамсоягияшон мезисту ошики бекарори духтар буд, доданд. Ирода чанд вакт аз падару модараш норозиву бадкахр мегашт. Рохбари коргох бошад ба у хушомад мезад ва тухфахои гуногун мефиристод. Ин рафтору кирдорхо ба духтарки чавони беакл писанд буд. Мутриба, ки то омадани Ирода эркаи коргох ва маъшукаи сардор буд, акнун аз дахон афтода буд ва дарун-дарун гусса мехурд. У накшаи аз сардор барои ин хиёнаташ кассосгириро мекашид. Бо Ирода дар як утоки кори менишастанду у ин хешдухтари сафедруйи абрукамонашонро чашми дидан надошт. Хар дафъа, ки сардор бо бахонае Иродаро назди худ мехонд Мутриба дар оташи рашку алам мисли хезуми тар месухту дуд мекард. Вакте Ирода аз назди сардор бармегашт лабу руй ва гардани сурхгаштаи уро дида боз хам аламаш зиёд мегардид. -Сардор сахт азобат додаст ба фикрам? -Апачон, охир ман арзандаи навозишам, на азоб,- мегуфт духтари чавон хатто шарм надошта. -Навозиш дагалона будааст-да? -Хайр гардани зебо барои бусидан аст,-боз хам бешармонатар мегуфт Ирода. -Ин шармандаги магар кирои фахр аст? -Вакте шуморо мебусиданду навозиш мекарданд, шармро фикр мекардед? -Ман зани шавхардида будам, на духтари хонаи номзаддор. -Метавонед номзадамро ёдовар нашавед. Уро ман не, падару модарам интихоб кардаанд. -Ба хар хол онхоро сархаму шармсор нагардон. -Ман шуморо нафахмидам? Ин дилсузи аст ё аз рашку алам? -Як руз пушаймон мешави духтар. Охир номзадат аз ин сардори кадпасти шикамкалон чавонтару зеботар аст. -Ба инаш кори касе набошад! Дар назари худатон хам кади пасташ наменамуд-ку – гуфта Ирода паст омадан намехост. Дигар Ирода дар коргох шарму хаёро як су гузошта соатхои дароз ба кабинети кории у даромада гайб мезад. Дарро аз дарун кулф карда ишкварзи менамуданд ду ошики зор. Боре хангоми ба кабинети сардор даромадани Ирода, Мутриба ба хамсари сардор занг зада зуд омаданашро хохиш намуд. Зани у хам аз чизе пайбурда будааст, ки зуд таксиро гирифта омаду рост ба кабинет зада даромад. Харчанд котиба мехост уро нигох дорад, аммо занаки бадкахргардида чизеро намедиду намешунавид ва дарро кушода хуш аз сараш парид. Харду дилдода лаб ба лаб нихода буданду хатто ба шаст даромадани занакро хис накарданд. Занаки бечора ин манзараро дида, хомушона дарро бошаст пушида баромада рафт. Танхо садои пушида шудани дарро шунида ду чуфти ба хам часпида базур аз хам канда шуда котибаро даъват карданд. Аз котиба омадани зани сардорро шунида бошанд хам, ин дафъа дарро баста то бегохи набаромаданд. Ба котиба аз ёрии таъчили занг зада гуфтанд, ки хамсари сардор дар холати вазнин карор дорад. Котиба харчанд занг мезад, ки ин хабарро ба сардор расонад, аммо сардор дар огуши чонбахши Ирода рохат дошту сериашро намедонист. -Барои чи телефонатро намебардори? -Охир наметавонам худро аз огуши ту рахо кунам. - Огуши ман чойи рохат аст бароят? -Оре азизи дил, бадани ширмонандат маро девона кардааст. -Мафтун нашав бехад зиёд, ки ин бадан сохиби худро дорад. -Охир сохиби асосиаш манам. Зеро бори аввал мазаашро ман чашидаам. Намехохам туро ба у дихам. -Аммо бояд маро ба у дихи. Охир ту хам зану фарзанд дори. -Агар ту рози шави, аз бахри онхо мебароям. -Охир ман фотиха шудаам ва падарам аз гапашон гашта маро ба марди зансардода намедиханд. -Ба номзадат чавоби номусатро чи тавр медихи? -Инашро ту фикр бикун охир ба номусам дастдарози карди. -Ба худакат хам форида буд-ку. Магар ман мачбуран тачовуз кардам? -Ба хар хол илоче бикун. -Вай бача туро дуст медорад. Хатто бахшиданаш мумкин. Агар бароварда пеш кунад, худам мегирамат. -Аз дахонат шамол барад. Чунин шармандагиро пешгуи накун. Ин дам котиба мачбур гашта дари утоки сардорро сах-сахт куфт. Сардори аз ишки чавондухтар сармастгардидаю акли худро бохта, парвои оламу одам надошт. Чашмашро ишки нозанин кур карда буд, ки на парвои кор дошту на аз гайбати мардум метарсид. Харду бе саросемаги дар утоки итирохатии сардор танаи нопокгаштаашонро шустанду либосхояшонро пушида ба берун баромаданд. Ирода бешармона пеш-пеш баромада рафту сардор аз кафои у ба котиба нигохи норозиёнаю саволомез партофт. -Тинчи буд? Рузамон надоди ва кариб дарро мешикасти? -Охир янга касди худкуши намуда, доруи бисёр истеъмол кардаанд. -Холо зинда аст охир? Дар кучо бошад? -Зинда, вале дар холати вазнин, дар беморхонаи ёрии таъчили. Чандин маротиба занг заданд. Ман мачбур шуда ба чойи шумо муовинатонро ба беморхона фиристодам. -Кори хуб карди. Ту аник кун, ки ба хамсарам кадом аблахаш занг зада бошад? -Майлаш аник мекунам, вале худаш маълум аст… -Чи хел маълум? Ту киро дар назар дори? -Шояд апаи Мутриба аз алам ин корро карда бошанд? -Мутриба ин хел занак нест. Ба вай чи чиз алам мекардааст? Худат медони чи гуфта истодаи? -Бубахшед, ман тахмини худро гуфтам. Сардор баромада рост ба беморхонаи Ёрии таъчили рафт. Занаш каме ба худ омада буд. Шавхарашро дида руяшро тарафи девор гардонд. Рахим бошад ба у хушомад мезад ва кариб буд дар пешаш бо зону нишинад. Бо хушгуиву таваллою зори дили занашро ба даст овард. Зеро метарсид, ки агар занаш даъво кунад, у ба чавобгари кашида хохад шуд. Занаки бечора хам ба хотири панч тифли нозпарвараш Рахимро бахшид. Харчанд у ба занаш ваъда кард, ки дигар ин кори худро намекунад, вале дили одаткарда балои чон аст гуфтаанд. Рахими сардор наметавонист бадани булурину синахои таранги Иродаро фаромуш созад. Хар гохе чашмонашро пушад дар пеши назараш лабхои тафсону огуши чонбахши Иродаи таннозро оварда дилаш гум мезад. Муйхои мошубиринчгаштаашро ранги сиёх карда дар назари духтар чавон намудан мехост. Аммо барои духтари сабуксар на хусни зохирии сардор, балки киссаи пурсахояш лозим буд. Хар он либоси навтарин ва зару зеваре, ки дар назари Ирода писанд меафтод, худи хамон лахза мухайё мегардид. Духтар дигар наметавонист мунтазир шавад. Ин навбат низ баъди вокеаи дорухурии зани сардор Ирода муддате бо сардор кахри гардида ба наздаш намедаромад. Аммо ангуштарини навбаромади алмоси духтарро суйи худ мисли оханрабо мекашид ва у мачбур шуд, ки боз ба огуши Рахим даромада ангуштони зебояшро ба у нишон дихад. Аммо марди ташнаи ишк аввал мехост коми дил ситонад. Ирода бошад ба у беэътинои карда аввал харидани ангуштаринро талаб мекард. То маблаги даркориашро ба даст наовард, либосхояшро накашид. Нихоят маблагро дар сумкачааш гузошту дар бистари нарм дароз кашида огушашро барои марди ишкхох боз кард. -Иродачон, чаро ту ин кадар сангдили мекуни? -Мехохам дар гами ишки манн камтар обу адо шави. -Ин берахмият мани ошики зорро мекушад. -Як бор бимири, баъд ба кадри ман мераси. Чанд руз аст ки дар гами беваат кариб фаромушам сози. -Азизакам, кадри ту дар пеши ман аз хама баландтар аст. -Пас, чаро чанд руз гирди вай бева парвона гашти? -Охир ба хотири гапи мардум ва фарзандонам. -Гуфти, ки агар ман хохам, аз бахри онхо мебарои-ку! -Аз бахри занак баромадан мумкин, вале фарзандон гунохе надоранд. -Холо бигу фарзандонат азизанд? -Бале, онхоро дуст медорам. -Бирав, модарашонро хам дуст дор!- гуфта духтар нозу ишва мекард. Ба хотири чавону дилкаш будани Ирода сардор ба хама кор кодир буд. Хатто агар духтар каме мачбураш мекард, аз бахри панч фарзандаш хам мебаромад падари дар ишки чавондухтар аклбохта. Талабу дархостхои Ирода руз аз руз зиёдтару берахмонатар мегаштанд. Ба хотири як бор бо у хамхоба гаштан, сардор ба тамоми талабхои духтар рози мегашт. Чавониву номуси хешро духтар ба ивази пулу мол бахшида аз чизе тарсу бим надошт. Хатто фикр намекард, ки чавони номзадаш метавонист беномусиашро набахшад. Зеро хар як чавон ба андозаи худ нангу номус дорад. Зеботарин духтарро низ метавонанд набахшанд. Барои бештари чавонон зебогии зохири не, балки зебогии ботин-номуси духтар аз хама мухим буданашро дарк намекард духтари сабукфикру ишкварзи мекард. Ва сардори бо сад дил ошикгаштаро девонаву мачнун карда буду азоби рухи медод. Дигар у намехост, ки бо сардор дар чойи кори ишкварзи намояд. Акнун дар вакти кори онхо барои худ чойи муносиб пайдо карда соатхои дароз аз хамдигар сер мешуданд. Мутриба бепарвоии сардорро нисбати худ дида руз аз руз дар оташи алам месухт. Сардор ба у хатто нимнигохе намекард. Охир хамаги чанд вакт бештар барои у мехост чонашро фидо созад ва нозу нузашро бардошта барояш хеч чизро дарег намедошт. Холо бошад ин таннозро ёфта аккалан заррае ба маъшукаи пешинааш ахамият намедод. Мутриба дид, ки бори аввал бечазо монд ва кассе ба зани сардор хабар доданашро пайхас накард, ин навбат ба номзади Ирода занг зада дар хусуси бо сардор ишкварзи карданаш хабар дод. Чавони ошик ба ин гапхо мисли як тухмати беасос нигариста бовар намекард. У фикр мекард, ки духтари нозанин бе душман ва хасадхурон намешавад. Аздусар касе аз рашку хасад мехохад дар хакки номзадаш тухмат занад. Нихоят у чуръат карда ба коргохи Ирода омад. Дид, арусшавандааш орому бепарво дар паси мизи кориаш нишаста машгули кор буд. Дилаш ором гирифту рафт ва ба каси зангзада садхо лаънат хонд барои «тухмат»-аш. Рузи дигар ба у боз занг заданду гуфтанд, ки арусшавандааш бо сардор бирафт дамгири берун аз шахр. У хакорат карда гуширо хомуш кард. Ва хайрон буд, ки чаро уро ором намегузоранд. Нихоят дар кахр шуда боз ба коргохи Ирода омад. Дид, ки духтар дар чойи кораш нест. Касе намедонист, ки у ба кучо рафтааст. Хост, ки ба назди сардор даромада аз ин хусус пурсон шавад. Сардор хам дар чойи кориаш набуд ва чойи рафтанаш номаълум буд. Нахустин бор дар дили чавони ошик шубха бедор шуд. Ба хона омада модарашро аз ин вокеа огох кард. Модар ба хонаи арусшаванда омада охистаяк модари Иродаро гушрас кард. Модари Ирода аз ин гумонхои беасос ранчида пешниход кард, ки агар бовари надошта бошед, метавонед фотихаро гардонед. Вале модари домодшаванда гуфт, ки барои ин кор саросема нашуда асли вокеаро муайян кардан даркор аст. Ба кадом кас лозим шуда бошад вайрон кардани фотихаи фарзандони мо гуфта харду кудошаванда хайрон буданд. Боре чавон дар сари рохи духтар нишаста уро мунтазир шуд. Нихоят Ирода бо рангу руйи парида намоён гашт. Ва чавонро дар сари рохаш дида тарсаш бештар гардид. Ирода тамоми руз дар хонаи рафики сардор бо Рахим айшу нуш дошту холо худро бо азобе идора карда меомад. -Салом азизакам, чаро рангу руят канда аст? -Каме бемор шудам ва дар бемористон будам.. -Чаро ба манн хабар надоди, наздат рафта парастори мекардам. -Айб аст холо шуморо ташвиш додан. Охир холо туямон нашудааст. -Биё, тезтар туй кунем набошад. -Не, холо ман камтар табобат гирам. -Худам туро табобат мекунам Иродачон, ту факат рози шав, ки тезтар туямон барпо шавад. Токати ман ток гардид. Рашкам хам зиёд шуда истодааст. -Рашк? Аз чи рашк мекунед шумо? -Аз сардоратон. Хама дарбораи ту гапхои бисёр мегуянд… -Ва шумо бовар мекунед? -Бовар намекунам, вале рашк дорам. Хатто тайёрам, ки гунохе дошта боши, бубахшам. -Гунохи чи? Манн гунохе надорам. Аммо ин гапатон мачбурам мекунад, ки гунохе кунам. -Не, азизам ин тавр накун. Ман дустат медорам аз ин хотир гуфтам ин гапхоро. Аз гапи мардум безор шудаам, хар руз як гапи нав мегуянд. Охир мардуми мо кори дигар надоранд ба гайр аз гайбати дигаронро кардан. -Рост мегуед. Дахони мардумро дошта намешавад. -Аммо ман ба гапхои беасоси онхо коре надорам. Гуфтам-ку гунохатро метавонам бубахшам. Ирода аз ин харфи шавхаршавандааш дилпур гардида боз хам ишкварзиашро бо сардор идома медод. Рузе хис кард, ки хомиладор гаштааст. Ба модараш гуфт, ки тарафи кудохоро гуед туйро зудтар сар кунанд. Модар ин хабари хушро шунида ба худ чойи нишастан намеёфт. Зеро духтари якраваш туйро ба кафо мепартофту аз овозахои мардум чонаш ба лаб расида буд. Аммо Ирода гапи касеро шунидан намехост. Вале холо аз чи сабаб бошад, ки духтараш ба ин зуди талаби туйро дораду харчи тезтар гузаштани онро мехохад. Ин чо зери коса нимкоса бошад, меандешид модари бечора. Аммо духтар барои ин саволи ночояш тарафи модар чашмонашро ало карду кампири гофил аз хама гапу корхо мухри хомуши бар лаб зад. Ба хонаи кудошаванда занг зада ин хабарро расонд. Модари домодшаванда аз ин хабари нохост дар хайрат афтода ба писараш Човидон занг зада зуд ба хона расида омаданашро талаб кард. Човидон аз чойи кораш чавоб пурсида омад. -Писарам, хамин арусат чи балое дорад. -Чи бало доштанаш мумкин оча? -Вай руз апахоят омада буданд, мегуянд, ки Ирода духтари сабукпо аст. Боз шарманда нашавем? -Агар Ирода сабукпо бошад, чаро мо шарманда мешавем? Гапхои ачоиб мезанед оча. -Охир маблаги зиёде сарф карда туй кунему хамаи орзухоямон барбод равад. Дар ин маърака харочоти зиёд мешавад ва тамоми буду набудамонро масраф мекунему дар охир ду даст дар бини намонем боз? -Худо гуед, ки гапип мардум дуруг бошад ва Иродаи ман духтари покдоман барояд. Охир ман уро дуст медорам. -Човидон, ин духтар ба ман хам маъкул аст. Уро мисли духтарам дуст медорам. Чаккониву пазандагиаш хамаро коил кардааст. Ба хуснаш хам айбе нест. Як аруси нозанини чор касс медидаги мешавад. Аммо мардум чаро бехуда гунохашро мегирифта бошанд, худам хайронам. -Оча, ман фикр мекунам, ки мардум аз нотавонбинию бахили уро бадном карданианд. -Агар нодухтар барояд чи? Ту уро мебахши? -Вай набояд нодухтар бошад. Аммо ваъдааш кардам, ки агар гунохе дошта бошад, мебахшамаш. -Ту аклатро хурдаи Човидон, чи тавр метавони номусбохтаро бубахши? Ту нангу номус дори? Моро назди мардум магар шармсор кардании ? -Оча, хайр аз беакли агар духтар номусашро аз даст дода бошад-чи? -Акли вай дар чояш. Духтари пухта менамояд ва касе акли уро дуздида наметавонад. Писарам, агар бокира набошад, шармандавор бароварда пеш мекунемаш. -Обруи падараш чи мешавад? -Гами обруи падарашро ту не, худаш бояд мехурд. -Ба хар хол мардаки обруманд ва инсони хубе хаст. Набояд сархаму шарманда шавад. -Ту беномус мегуи, ки аз камари хамин падари банангу ор нашуда боши. Вакте духтар дидаю дониста бо марди дигар айшу ишрат карда мегардад, ту барои номи падараш гунохи азими уро бахшидани хасти. Садкаи номи марди шави. -Охир холо касе беномусии уро исбот накарда, шумо ба чунин хулоса омадед? Ман хам мардам ва нангу ор дорам, танхо хостам шуморо санчам. Ба худи у низ барои озмоиш чунин гапро гуфтам. Хостам, ки аклашро бисанчам. -Писарчонам, кариб талхакафам карда буди. -Очачон, ман хам метавонам хозир фотихаро гардонам. Аммо ба як чиз умед дорам, ки шояд ин гапхо дуруг бошанд ва бо Ирода хушбахт шудан мехохам. -Хайр хар чи бодобод гуфта туйро сар кардан мегирем. Бо хамин модару писар ба ин мавзуъ хотима бахшида дар тараддуди туй шуданд. Харчанд хохарони калонии Човидон маслихат доданд, ки аз бахри ин духтар бароед, ки хамаамон шарманда мешавем, вале ин туй бо тамоми шукуху шахомат баргузор гардид. Ирода ончунон аруси нозанин гашта буд, каси дидаги хавасашро мехурд. Пирохани сафеди аруси бо руйи мисли шир сафеду гардани болобаланди булуринаш гуё ба чанг буд. Мисли парии афсонави гардида буд Иродаи нозанин. Човидон хам чавони коматбаланди сафедруй буд. Харду муносиби хамдигар буданд. Аз зебогии ин ду чуфти мувофику навбахт гуё рашки ситорахои осмон меомад. Аз аввал то анчоми туй арус мисли фариштахои пок орому ботамкин ва бовикор менишаст. Агар дар лабаш пашшае нишинад хам, он лахза пинакаш вайрон намешуд. Аз вачохати дилпуронааш гумон мекарди, ки дар асл мисли фариштаи поки беолоишу баномус аст ва хурдтарин гунохеро накардааст. Мисли духтари модараш нобусида ва олихаи хусну латофат ва тамкини ба худаш хос менишаст. Аммо касе аз иштирокчиёни ин базм намедонист, ки аз дили духтар чихо мегузаранд. У дар зохир худро орому бепарво нишон медоду аммо таги дилаш мисли шаби тор сиёх буд. Хамаи он лахзахои кайфу сафои кардаашро пеши назар меоварду ба гунахкори асоси – Рахим лаънатхо мехонд. Аз он ки мафтуну шефтаи молу пули хароми вай мардаки кали шикамгафс гашта буд, хисси пушаймониву афсус фаро гирифта буд Иродаро. Дар ин лахзахои хассос, ки хама дар гами хурсандиву айшу нуш буданд ва суханхои бехтарини дунёро гуфта барои ин ду чуфти хушбахт орзухои нек мекарданд, Ирода танхо як орзу дошт – баргардондани номуси духтариаш. У рози буд, ки тамоми зару зевар ва дороие, ки Рахим ва падару бародаронаш ба у тухфа карда буданд, хамаро дихаду ба ивазаш номуси аз беакли бохтаашро баргардонад. Вале ин имкон надошт. Шаби авали аруси бо нозу нузи духтар гузашт ва Човидон уро мехмон кард. Маъракаи руйбинон гузашт ва модару хешу таборони домод барояш тухфахои пурарзише такдим намуданд. Аммо Ирода шодмони намекард. Дар зохир хандаи сохта мекарду таги дилаш сиёхи дошт. Акнун тамоми умедаш ба Човидони ошик буд. Нихоят шом фаро расиду хама мехмонхо бирафтанд. Аз тарафи арус касе намехост, ки янга шуда имшаб дар хонаи домод бимонад. Зеро хама хавотир буду аз пешомади нохуше дилашон дарак медод. Хулоса, он шаб Човидон дар бистар дароз кашида буду арус намеомад. Нихоят токати домод ток гардида Иродаро мачбури ба бистар кашид. Духтар барои хамхобаги нею нестон мекард. -Иродачон, акнун ту аз они ман шуди, чаро намехохи худро ба ман бубахши? -Охир ман метарсам. -Натарс, ман одамам ва туро азоб намедихам. -Биёед, хамин шаб хам маро мехмон кунед. -Медони дар берун хама интизоранд, ки баномусии туро исбот кунам. Агар имшаб хам худдори кунам, маро марди латта мебароранд. -Ман донам, ки шумо марди хакики, бас аст азизам. -Аммо намешавад имшаб хам токат карда,- гуён Човидон ба зури бо Ирода хамхоба гардид. Вале аз бокираги ному нишоне надида охи сард кашид. Духтар бошад уро таваллою зори мекард, ки ба мардум овоза накунад ва уро шарманда нагардонад. Човидон хомушона дар фикр гутавар гардида буд. Хайрон буд, ки чи кор кунад. Агар баромада Иродаро духтар эълон кунад, хамаи он нафароне, ки гунохи уро медонистанду чандин бор гушрас карда буданд, ба холаш механдиданд. Агар асли вокеаро гуфта шармандавор бароварда пеш кунад, обруи падару бародаронаш мерезад ва чунин духтари нозанин хайф мешавад, гуфта фикр мекард. - Ирода, бо вучуди гапи мардум аз ту чунин умед надоштам. -Охир маро зуран тачовуз кард он номард. -Агар тачовуз карда бошад, чаро даъво накарди? -Шарманда нашавам гуфтам-да. -Хозир шарманда шуди-ку. -Ту гуфти, ки чи гунохе дори, мебахшамат. Ман бовар кардаму ба туй рози шудам. -Ман шухи карда будам он вакт, танхо туро санчидам. -Ту номард будаи, ки дар гапат намеисти. -Агар гунохи туро бахшам, он вакт номард мешавам. -Ман пагох ба хама овоза мекунам, ки аз дасти ту коре намеояду худро мард хисобида гаштаи. -Майлаш, ихтиёрат. Чизе хохи, бигуй. Ман бошам ноилоч мондаам холо назди ту. Намедонам бо ту чи кор кунам? -Ман медонам. -Ту чиро медони? -Ба мардуми дар берун интизорбуда чи гуфтанамро. -Бирав, бигу, чизе гуфта тавони. Субхи барвакт Човидон аз хона ба берун баромад, ки касе дар руйи хавли набуд. Ин беодамиро фоли нек пиндошта аз дарвоза бадар шуд ва намедонист, ки ба кадом тараф рахсипор гардад. Андаке фикр карду рохи ростро интихоб кард ва рафтан гирифт ба кучое, ки пеш ояд. Акнун барои у фарк надошт, ки ба кучо меравад. Зеро сархисобашро гум карда буд. У бо вучуди шунидани овозахои гуногун аз Ирода умедхои зиёд дошт. Бо сад дил ошики ин духтари нозанин гашта буду орзу дошт, ки кош хамаи овозахо дуруг бошанду Иродаи азизи дилаш танхо ба у тааллук дошта бошад. Аммо сад афсус, кор ин тавр нашуд ва арус нодухтар баромаду чавон малулу хайрон монд. Рох мерафту андешаи онро дар сар дошт, ки соате пас модар ва апахояш бо Ирода чи кор хоханд кард ва Иродаи шатох дар хакки Човидон чи гапхо мебофта бошад. Чи хам гуфта метавонист аруси беномус дар хакки чавони бегунох. Янгахо илоче карда субхро интизор шуданду баробари аз дар баромадани домод ба назди арус даромаданд. У дар кунче нишаста гиря мекард. -Ба ту чи шуд духтаракам, корхо хамааш хуб аст? – гуфта нахуст аммааш ба у суол карда. -Аз кучо хуб аст, аз дасти ин домоди ёфтаатон бало намеомадааст. -Айби шармандаги, вох , ту наход чунин бигуи? Хомуш биист, ки айбат мекунанд. Боз худатро дар бало намонанд. -Барои чи м аро дар бало мемондаанд. Имшаби дароз харчанд кушиш кард, бо ман коре карда натавонист. Аз сару руяш арак мешориду харакат мекард, аммо хеч мурод хосил нашуд. Ин чуссаи бузург хам барои вохима будааст-да. -Ин гапро дар койи дигар нагу Ирода. Агар имшаб нашуда бошад, шаби дигар хатман мешавад, ту парво накун духтарчон. -Ман менишинам ба умеди ин мардаки латта? Меравам хонаамон. -Саросема нашав, кучо мерави? Бо ин корат худатро шарманда мекуни. -Чаро шарманда шавам? Бинед, ин домоди ёфтаатон аз шармандаги баромада гурехт. Маълум нест, ки акнун меояд ё не. -Ба хар хол худдори карданат даркор. Хоки духтар сабук мешавад духтарам. Чавонро чизе намегуянд, аммо духтари бечораро зуд бадном месозанд. -Ман аз касе наметарсам. Равед ба хешу таборонаш гуед, ки аз дасти писаратон коре нам еомадаасту чаро уро напурсида хонадор кардед. -Медонам, ки ту нотарси Иродачон, аммо ман ба касе чизе намегуям. Лозим бошад худат баромада гуй. -Агар тарсида хомуш нишинам, гумон мекунанд, ки дар асл гунахкорам. -Аммо ту дар асл бегунохи? Росташро бигу, аммаатро шарманда накун. -Бегунохам! Човидон мардак набудааст,- гуфта забондарози мекард духтар. Аммо аммаи Ирода чуръати ба берун баромаданро надошт. Зеро дар бораи чиянаш овозахоро шунида буду метарсид, ки окибат шарманда мешаванд. Дигар бахс кардан нахоста Иродаро хамеша ба хомуши даъват мекард ва дилаш меларзид. Аз вачохати духтар хис карда мешуд, ки дар дил чи сирре дорад. Яке аз хохарони Човидон, ки аз пушти тиреза садохоро гуш мекард, ба хона зада даромад. Аммаву хохарзода аз ин ташрифи ногахони як кад париданд. -Ха, чи гап шудааст? Арусаки нав чи ин кадар забондарози карда истодааст? Худаш тинки аст? - Мешавад, тинчи,- гуфта аммаи арус гулунгхои мекард. -Корхо хубанд охир? Кани нишонаи бокираги?- гуфта зуд руйи бистари барои домоду арус партофташудаи бетартибро ба кофтуков даромад. Аммо аз он чо чизеро пайдо накарда боз ба Ирода нигарист. -Човидон кучо шуд арус? Латтаи догдорро гирифта бурд-чи? -Не, у баромада рафт. Шарманда нашавам гуфта. -Барои чи шарманда мешудааст? -Аз ухдаи кор набаромадааст,- гуфт аммаи Ирода тарсону ларзон. -Чиии? Холо додари маро тухмат задани аст ин аруси беномус? Охир хамааш аз аввал маълум буд. Мо Човидонро гуфтем, ки аз бахри ин фохиша барояд, аммо вай якрави карда гапи моро нагирифт. -Чаро гапро нафахмида духтари бечораро тахкир мекунед? Шумо шарм намедоред? Агар айб намедошт , дар и н с убхи содик баромада мегурехт? -Вай нагурехтааст. Додари бечораам аз хайрони надонистааст, ки сарашро ба кучо занад. Охир дар пеши хамаи мо ва мардум забонкутох шуд. -Шумо гунохи ин духтарро исбот кардаед, ки чунин забондарози мекунед? Аввал санчед, баъд харфхои носазо гуед. -Майлаш, барои шумо исбот даркор бошад, худи хозир бурда месанчем. Кани пеш дароед хардуятон! Рангу руйи духтарак мисли пахта сап-сафед канд. У гумон надошт, ки кор чунин ранг мегирад. Акнун ба ташхисгох рафта шармандаи харду олам мешавам гуфта боз забондарози кард. -Ман ба хек кучо намеравам! Худи Човидон омада икрор шавад ба айби доштааш. -Майлаш, Човидон хам меояд, ту гамашро нахур. Либосатро пушу баромадан гир! Хохари Човидон ба берун баромада бо овози баланд хамаро хабар дод, ки хозир Иродаро бурда аз ташхис мегузаронем. Хама хешу таборон ва хамсояхои хангоматалаб чамъ шуда буданду мунтазири шарманда гаштани арус буданд. Як лахза дар руйи хавли мунтазир истоданд, ки аз арусу аммааш дараке нест. Ба хона даромада уро кашолакунон бароварда ба автомашинае шинонданд ва рост пеши мутахассиси ташхиси судию экспертези бурданд. Аммаи Ирода, ки хамрохаш буд, аз шармандаги як илоч карда чашми хамаро хато карду рохи гурезро пеш гирифт. Баъди моинаи дурудароз, ки ду-се нафар духтурон дурудароз муоина карданд, баромада ба хешовандони Човидон эълон намуданд, ки ин духтар на танхо пардаи номусашро кайхо бой додааст, балки хомиладор низ хаст. Хама хангу манг гашта мехостанд, ки арусро зада лахту пора кунанд. Аммо духтур ба онхо фахмонд, ки ба ин духтар даст нарасонанд, зеро хукук надоранд ва хамин шармандаги барои у чазои бадтарин аст. Онхо аруси шармандаро рост ба хонаи худашон бурданд ва падару бародаронашро даъват карда дар пеши мардуми хангомачуйи махалла бо овози баланд эълон карданд, ки беномусатонро сохиб гардед. Падари Ирода, ки дар ин махалла касе аз у обрумандтар набуд, бо сари хам меистод ва бародарони у, ки хунашон дар чуш буд, мехостанд ба хохари бадномшудаашон дарафтода пора-пора кунанд. Вале аз кучое милитсионерхо пайдо гашта, онхоро аз ин раъяшон гардонданд. Падару модари Човидон баромада мехостанд, ки духтарони худро аз ин корашон нигох доранд, ки изои муъмин харом аст, аммо онхо паст намеомаданд ва бо дашномхои кабехи худ мардумро тамошобину чигари пайвандони Иродаро сурох мекарданд. Як пиразани хамсоя пайдо гашта мардумро насихат кард, ки ин рузи бадбахти аст, на тамошо ва бар сари хар кас метавонад биёяд. Аммо касе аз чояш чумбидан намехост. Издихом торафт зиёд мегардиду мардум мехостанд духтарро сангсор кунанд. Аммо кормандони хифзи хукук хамаро пароканда карда, духтарро бурда ба хонаи аммааш монданд, ки боз бародарон дар сари кахр ягон номаъкули накунанд. Аз бародарони Ирода забонхат гирифтанд, ки ба у зарари чисмони намерасонанд. Аммо аз ин дида рузи сиёхтар набуд дар олам барои духтари гумрохи беандеша. Зеро у на танхо падару бародарони худро шарманда кард, балки ба номи поки зан-модар нанг овард. Бисёрихо гиребони худро дошта тавба мегуфтанд. Барои духтар ягона дорои ин номуси уст, ки баъзан дар лахзахои хассос худи духтарон ин чизро фаромуш мекунанд ва назди чомеа умре бадбахту руйсиёх мегарданд.

Ирода байни хафт бародар духтари ягонаи хонадонашон буд. - 529647587722

Комментарии