Сураи МУНОФИҚУН1(дурӯяҳо)Ба номи Худои бахшояндаимеҳрубон!1.Чун мунофиқон назди ту оянд,гӯянд: «Шаҳодат (гувоҳӣ) медиҳем,ки ту ҳаройна, паёмбари Худоҳастӣ». Албатта, Худо медонад, киту паёмбараш ҳастӣ ва Худошаҳодат медиҳад, ки ҳаройна,мунофиқон дурӯғгӯянд.2.Аз савгандҳои худ сипаре сохтандва аз роҳи Худо боздоштанд ва баҳақиқат он чӣ мекунанд, нописандаст.3.Ин ба он сабаб аст, ки ҳаройна,онҳо имон оварданд, сипас кофиршуданд. Худо низ бар дилҳояшонмӯҳр ниҳод ва онон дарнамеёбанд.4.Чун онҳоро бубинӣ, туро аззоҳирашон хуш меояд ва чун суханбигӯянд, ба суханашон гӯш медиҳӣ.Гӯё ки ҳаройна, онҳо чӯбҳоеҳастанд ба девор такя дода. Ҳаровозеро ба зиёни худ мепиндоранд.Онҳо душманонанд. Аз онҳо ҳазаркун. Худо бикушадашон. Ба куҷокаҷрав мешаванд?5.Чун ба онҳо гуфта шавад, кибиёед, то паёмбари Худо бароятономурзиш бихоҳад, сар мепечанд.Мебинӣ, ки рӯйгардониву кибрмекунанд.6.Тавофуте накунад, чи барояшономурзиш бихоҳӣ, чи омурзишнахоҳӣ. Худо нахоҳад омурзидашон.Ва ҳаройна, Худо мардуминофармонро ҳидоят намекунад!7.Инҳо ҳамонҳоянд, ки мегӯянд:«Бар онҳо, ки гирди паёмбариХудоянд, чизе надиҳед, то азгирдаш пароканда шаванд». Ва ҳолон ки хазинаҳои осмонҳову замин азони Худост, вале мунофиқоннамефаҳманд!8.Мегӯянд: «Чун ба Мадинабозгардем, соҳибони иззат хорузалилҳоро аз он ҷо ҳатман берунхоҳанд кард». Иззат аз они Худовупаёмбараш ва мӯъминон аст. Валемунофиқон намедонанд.9.Эй касоне, ки имон овардед,амволу авлодатон шуморо аз зикриХудо ба худ машғул надорад, киҳар кӣ чунин кунад, зиёнкор аст.10. Аз он чӣ рӯзиятон додем, дарроҳи Худо садақа кунед, пеш аз онки яке аз шуморо марг фаро расадва бигӯяд: «Эй Парвардигори ман,чаро марги маро андаке ба дертарнаяндохтӣ, то садақа диҳам ва азшоистагон бошам?»11.Чун касе аҷалаш фаро расад,Худо марги ӯро ба таъхир (дертар)намеяфканад. Ва Худо ба корҳое,ки мекунед, огоҳ аст!
Namoz kalidi Jannat
63
Сураи МУНОФИҚУН1
(дурӯяҳо)
Ба номи Худои бахшояндаи
меҳрубон!
1.Чун мунофиқон назди ту оянд,
гӯянд: «Шаҳодат (гувоҳӣ) медиҳем,
ки ту ҳаройна, паёмбари Худо
ҳастӣ». Албатта, Худо медонад, ки
ту паёмбараш ҳастӣ ва Худо
шаҳодат медиҳад, ки ҳаройна,
мунофиқон дурӯғгӯянд.
2.Аз савгандҳои худ сипаре сохтанд
ва аз роҳи Худо боздоштанд ва ба
ҳақиқат он чӣ мекунанд, нописанд
аст.
3.Ин ба он сабаб аст, ки ҳаройна,
онҳо имон оварданд, сипас кофир
шуданд. Худо низ бар дилҳояшон
мӯҳр ниҳод ва онон дарнамеёбанд.
4.Чун онҳоро бубинӣ, туро аз
зоҳирашон хуш меояд ва чун сухан
бигӯянд, ба суханашон гӯш медиҳӣ.
Гӯё ки ҳаройна, онҳо чӯбҳое
ҳастанд ба девор такя дода. Ҳар
овозеро ба зиёни худ мепиндоранд.
Онҳо душманонанд. Аз онҳо ҳазар
кун. Худо бикушадашон. Ба куҷо
каҷрав мешаванд?
5.Чун ба онҳо гуфта шавад, ки
биёед, то паёмбари Худо бароятон
омурзиш бихоҳад, сар мепечанд.
Мебинӣ, ки рӯйгардониву кибр
мекунанд.
6.Тавофуте накунад, чи барояшон
омурзиш бихоҳӣ, чи омурзиш
нахоҳӣ. Худо нахоҳад омурзидашон.
Ва ҳаройна, Худо мардуми
нофармонро ҳидоят намекунад!
7.Инҳо ҳамонҳоянд, ки мегӯянд:
«Бар онҳо, ки гирди паёмбари
Худоянд, чизе надиҳед, то аз
гирдаш пароканда шаванд». Ва ҳол
он ки хазинаҳои осмонҳову замин аз
они Худост, вале мунофиқон
намефаҳманд!
8.Мегӯянд: «Чун ба Мадина
бозгардем, соҳибони иззат хору
залилҳоро аз он ҷо ҳатман берун
хоҳанд кард». Иззат аз они Худову
паёмбараш ва мӯъминон аст. Вале
мунофиқон намедонанд.
9.Эй касоне, ки имон овардед,
амволу авлодатон шуморо аз зикри
Худо ба худ машғул надорад, ки
ҳар кӣ чунин кунад, зиёнкор аст.
10. Аз он чӣ рӯзиятон додем, дар
роҳи Худо садақа кунед, пеш аз он
ки яке аз шуморо марг фаро расад
ва бигӯяд: «Эй Парвардигори ман,
чаро марги маро андаке ба дертар
наяндохтӣ, то садақа диҳам ва аз
шоистагон бошам?»
11.Чун касе аҷалаш фаро расад,
Худо марги ӯро ба таъхир (дертар)
намеяфканад. Ва Худо ба корҳое,
ки мекунед, огоҳ аст!