Сайқали дилҳои дилпокон Муҳаммад Мустафост ,

Муниси дилҳои муштоқон Муҳаммад Мустафост .
Аз " Музаммил " омапушу аз " Мудассир " хирқапеч ,
Тутии гуёйи " арРаҳмон " Муҳаммад Мустафост .
Андалеби сарви боғи " қум фаанзир " он Наби ,
Дар ҳадиқи аллама л Қуръон Муҳаммад Мустафост .
Аз тариқат бо ҳақиқат толибонро раҳнамо ,
Раҳбари ахёру дилпокон Муҳаммад Мустафост .
Ошиқони Ҳақ Таъолоро ба роҳи шаръи Худ ,
Раҳнамо бо маъдани ирфон Муҳаммад Мустафост .
Ҳам ба нури дини Ислому ба шеъри носихат ,
Насхсози ҷумлаи Адён Муҳаммад Мустафост .
Офтоби Осмонҳои қулуби аҳли шавқ ,
Аз саҳоби Лутфи Ҳақ борон Муҳаммад Мустафост .
Дар муҳити ъишқ баҳри гавҳари васли Илоҳ ,
Биляқин сардори Ғаввосон Муҳаммад Мустафост .
Сайиди лавлоку соҳибсайри Афлок аст Ӯ ,
Қуввати дилҳои ғамнокон Муҳаммад Мустафост .
Об нӯшида зи дарёи тамошои ҷамол ,
Бодануш аз косаи Қуръон Муҳаммад Мустафост .
Бар Абубакру Умар номи Вай омад қути руҳ ,
Нури ҷони Ҳайдару Усмон Муҳаммад Мустафост .
Умматони пургунаҳро дар Қиёматгоҳи ғам ,
Қуввати ҷон низ пуштибон Муҳаммад Мустафост .
Бар сари тахти шафоъат барнишинад ҳамчу Шоҳ ,
Шаҳсавори арсаи майдон Муҳаммад Мустафост .
Сояи Лутфаш ба Маҳшар Осиёнро дастгир ,
Низ дар мулки сафо Султон Муҳаммад Мустафост .
Бош Абдулҳай талабгори ризои Мустафо ,
Чун ба Маҳшар дастгири ҷон Муҳаммад Мустафост .
🌹🌹@Tojisar 🥀@xaqon 🌹🌹

Комментарии

Комментариев нет.