Замоне кудаке омодаи ба дунё

омадан буд. У аз Худо пурсид: --
Худои ман! Хабардор шудам, ки
ту маро фардо ба дунё меовари.
Аммо ман чи тавр дар он чо
зиндаги карда метавонам, дар
холе ки кудаке беш нестам ва
хело заиф хастам. Худованд
чавоб дод: --Аз миёни фариштахо
ман якеро барои ту интихоб
кардам, ки холо мунтазири ту аст
ва туро нигахбони хохад кард.
Аммо кудак гуфт: --Ман дар
бихишт танхо суруд мехонаму
механдам ва бо ин хушбахт
будам. Худованд гуфт: --
Фариштаи ту бароят хар руз
суруд хохад хонд ва туро
хушбахт хохад кард. Кудак гуфт:
-- Худои бузурги ман, ман ки
забонашонро намедонам чи тавр
ман онхоро бифахмам. Худованд
гуфт: Ин кор хеч душворие
надорад. Фариштаи ту бо
суханхои ширину гуворо, ки боре
хам нашунидаи, бо ту сухбат
хохад кард ва бо сабуриву
гамхори туро забон хохад омухт.
Кудак ба Худованд ру оварда
гуфт. -- Агар дар ман хохиши бо
ту сухбат кардан пайдо шавад-
чи? Худованд ба кудак гуфт.
Фариштаат ба ту намоз хондану
дуо карданро меомузад. Кудак
гуфт: Шунидаам дар замин
одамоне зиндаги мекунанд, ки
даст ба корхои бад мезананд.
Агар чунин аст, пас маро аз онхо
ки химоя мекунад? Худованд
мехрубонона гуфт: Туро
фариштаат химоя мекунад. Хатто
бар ивази чон… Кудак гуфт:
Аммо ман хамеша гамгин хохам
буд чунки туро наметавонам
бубинам. -- Худованд гуфт: --
Фариштаи ту дар бораи ман
бароят накл хохад кард ва рохи
ба ман наздик шуданро бароят
нишон хохад дод, аммо мутмаин
бош, ки ман хамеша бо ту хохам
буд. Вакти ба дунё омадани кудак
фаро расид. У саросемавор
пурсид: - Парвардигоро! Вакти
рафтанам шуд, хохиш дорам ба
ман бигу, ки номи фариштаи ман
чист? Худованд гуфт: Донистани
номи у ба ту мухим нест, зеро ту
хамеша уро МОДАР хохи номид!!!

Комментарии