Мехри ёрон

Мехри ёрон аз азал дар дидаву дил будааст,
Макдами ёри азиз нуре ба манзил будааст.
Гар муроди хеш мечуем хар шому сабох,
Хар муроди мо факат аз дуст хосил будааст.
Гармрую некхислат одамиро боядо,
Одами бо одами чун руду сохил будааст.
Войи оне ки миёни одамон танхо бизист,
Калби уро хасрати танхои моил будааст.
Холи моро гар надони дустам осон магир,
Зиндаги бе ёри чони сахт мушкил будааст.
Навбахори умри ман бигзаштаву рафт ноаён,
дил ваале овораи он ёри мукбил будааст.
Тутиё гуфти дили ёри азизатро биёб,
Аз кучо ёбам дилашро у ки бе дил будааст.
Тутиниссо Дагарова

Комментарии