Ё раб, гами берахмии чонон ба кй гуям?

Чон аз гами у сухт,гами чон ба кй гуям?
Не ёру на гамхор,на кас махрами асрор,
Ранчурию махрумию хирмон ба кй гуям?
Ошуфта шуд аз киссаи ман хотири чамъе,
Дигар чй кунам,холи парешон ба кй гуям?
Гуянд табибон,ки бигу дарди худ,аммо
Дарде,ки гузаштаст зи дармон,ба кй гуям?
Дарде,ки маро сохта расво,хама донанд,
Доге,ки маро сохта пинхон,ба кй гуям?
Андухи ту ногуфтаву дарди ту нихон бех,
Ин пеши кй зохир кунаму он ба кй гуям?
Халке хама бо хам сухани васли ту гуянд,
Ман бекасам,афсонаи хичрон ба кй гуям?
Даври тараб,афсус ки,бигзашт,Хилолй,
Даври дигар омад,гами даврон ба кй гуям?

Комментарии

Комментариев нет.