Ба ҷуз руят намехоҳам ки рӯи ҳеҷ кас бинамМан аввали рӯз донистам ки бо Ширин дарафтодамКи чун Фарҳод бояд шуст даст аз ҷони ширинамТуро ман дӯст медорам халофи ҳар ки дар оламАгар таъна аст дар ақлам агар рахна аст дар динамВагар шамшер баргири сипар пешат бияндозамКи бе шамшери худ кушти ба соидҳои симинамБарой эй субҳи муштоқон агар наздики рӯз омадКи бигрифт ин шаби ялдо малол аз моҳу парвинамЗаввали ҳасти овардам қафои нести хурдамКунун уммеди бахшоиш ҳаме дорам ки мискинамДиле чун шамъ мебояд ки бар ҷонам бибахшоядКи ҷуз вай кас намебинам ки месӯзад ба болинамТу ҳамчун гул зи хандидан лабат бо ҳам намеоядРаво дори ки ман булбул чу бутимор биншинам?Рақиб ангушт мехояд ки Саъдӣ чашм бар ҳам неҳМатарс эй боғбон аз гул ки мебинам намечинамСаъдӣ
Ahmad Zohir
:Khayrullo Aliev
Зи дастам бар намехезад ки як дам бе ту биншинам
Ба ҷуз руят намехоҳам ки рӯи ҳеҷ кас бинам
Ман аввали рӯз донистам ки бо Ширин дарафтодам
Ки чун Фарҳод бояд шуст даст аз ҷони ширинам
Туро ман дӯст медорам халофи ҳар ки дар олам
Агар таъна аст дар ақлам агар рахна аст дар динам
Вагар шамшер баргири сипар пешат бияндозам
Ки бе шамшери худ кушти ба соидҳои симинам
Барой эй субҳи муштоқон агар наздики рӯз омад
Ки бигрифт ин шаби ялдо малол аз моҳу парвинам
Заввали ҳасти овардам қафои нести хурдам
Кунун уммеди бахшоиш ҳаме дорам ки мискинам
Диле чун шамъ мебояд ки бар ҷонам бибахшояд
Ки ҷуз вай кас намебинам ки месӯзад ба болинам
Ту ҳамчун гул зи хандидан лабат бо ҳам намеояд
Раво дори ки ман булбул чу бутимор биншинам?
Рақиб ангушт мехояд ки Саъдӣ чашм бар ҳам неҳ
Матарс эй боғбон аз гул ки мебинам намечинам
Саъдӣ