ихтилоли фаъолияти рӯҳӣ (рӯҳафтодагӣ) ваҷисмонӣ, сустии ҳаракат, ихтилоли узвҳои ҳозимава хоб зоҳир мегардад. Дараҷаҳои гуногуниаломатҳои афсурдарӯҳӣ мушоҳида мешаванд.Масалан, рӯҳафтодагӣ бо андӯҳ, гум шуданишавқу ҳавас, ғами гарон ва хоҳиши марги хеш;сустии фаъолияти рӯҳӣ бо «заифӣ»-и тафаккур,иҷро карда натавонистани корҳои фикрӣ; заифииҳаракат бо андаке бемадорӣ ва дар як вазъиятсоатҳо «шах шуда мондан»-и бемор ва ғайраВобаста ба зуҳуроти аломатҳо афсурдарӯҳӣ сабуква изтиробӣ мешавад. Дар рафти афсурдарӯҳииизтиробӣ андӯҳ бо «ошӯби ҳаракат», хурӯҷи яъсуноумедӣ ҷӯр мегардад. Ин қабил беморон қиёфаихос доранд: беист ба як нуқта нигоҳ мекунанд,имову ишораашон ноқис, ҳаракаташон суст аст.Бар хилофи муваққатан паст шудани тонусирӯҳию физиологие, ки аслан ба шароити берунавобаста буда, ба одамони солим хос аст,афсурдарӯҳӣ бетобии устуворест, ки ҳатто баъдибартараф шудани сабабҳои пайдоиш низметавонад идома ёбад. Ба устуворииафсурдарӯҳӣ хастагии тӯлонӣ, садамаи рӯҳиикашолёфта (ба ном афсурдарӯҳии бемадорӣ), азсар гузарондани ғаму кулфат (ба номафсурдарӯҳии мутаассирӣ) мусоидат мекунанд.афсурдарӯҳии одамони калонсол имкон дорад, кибаъди баъзе бемориҳои сироятӣ (масалан, грипп)инкишоф ёбад. Бе назорати духтур ва бисёристеъмол намудани доруҳо, хусусан доруҳоитаскинбахш низ афсурдарӯҳии тӯлониро ба вуҷудмеоварад. Шахсони рӯҳан заиф ва ноустувор(беморони невроз, психопатия, ашхосе, ки зарбулат хӯрдаанд, майзадагон) зуд гирифториафсурдарӯҳӣ мешаванд. Афсурдарӯҳӣ бетобиест,ки ҳамеша ба муолиҷа эҳтиёҷ дорад. Азбаскишахси афсурдарӯҳ дар бораи муҳити иҷтимоӣидрок ва ақидаи хос дорад (ба ном тафаккуридепрессивӣ), ӯ зудранҷ мешавад. Вақте ки «ҳамачиз сиёҳ метобад», аз баҳонаи андак ҷанҷолбармехезад ва боиси қатъи алоқа бо одамониназдик ва ҳатто худкушӣ мегардад. Дар асноиавҷ гирифтани афсурдарӯҳӣ беморонро,маъмулан, дар касалхона табобат мекунанд.Ҳангоми муолиҷаи дармонгоҳӣ (амбулаторӣ) баҷо овардани дастурҳои духтур оид ба тартибиқабули дору, режим ва хӯрок бечуну чаро зарураст.
Киссахои ибратнок ва Маълумотхои хуб!
Афсурдарӯҳӣ , депрессия — бетобиест, ки бо
ихтилоли фаъолияти рӯҳӣ (рӯҳафтодагӣ) ва
ҷисмонӣ, сустии ҳаракат, ихтилоли узвҳои ҳозима
ва хоб зоҳир мегардад. Дараҷаҳои гуногуни
аломатҳои афсурдарӯҳӣ мушоҳида мешаванд.
Масалан, рӯҳафтодагӣ бо андӯҳ, гум шудани
шавқу ҳавас, ғами гарон ва хоҳиши марги хеш;
сустии фаъолияти рӯҳӣ бо «заифӣ»-и тафаккур,
иҷро карда натавонистани корҳои фикрӣ; заифии
ҳаракат бо андаке бемадорӣ ва дар як вазъият
соатҳо «шах шуда мондан»-и бемор ва ғайра
Вобаста ба зуҳуроти аломатҳо афсурдарӯҳӣ сабук
ва изтиробӣ мешавад. Дар рафти афсурдарӯҳии
изтиробӣ андӯҳ бо «ошӯби ҳаракат», хурӯҷи яъсу
ноумедӣ ҷӯр мегардад. Ин қабил беморон қиёфаи
хос доранд: беист ба як нуқта нигоҳ мекунанд,
имову ишораашон ноқис, ҳаракаташон суст аст.
Бар хилофи муваққатан паст шудани тонуси
рӯҳию физиологие, ки аслан ба шароити беруна
вобаста буда, ба одамони солим хос аст,
афсурдарӯҳӣ бетобии устуворест, ки ҳатто баъди
бартараф шудани сабабҳои пайдоиш низ
метавонад идома ёбад. Ба устувории
афсурдарӯҳӣ хастагии тӯлонӣ, садамаи рӯҳии
кашолёфта (ба ном афсурдарӯҳии бемадорӣ), аз
сар гузарондани ғаму кулфат (ба ном
афсурдарӯҳии мутаассирӣ) мусоидат мекунанд.
афсурдарӯҳии одамони калонсол имкон дорад, ки
баъди баъзе бемориҳои сироятӣ (масалан, грипп)
инкишоф ёбад. Бе назорати духтур ва бисёр
истеъмол намудани доруҳо, хусусан доруҳои
таскинбахш низ афсурдарӯҳии тӯлониро ба вуҷуд
меоварад. Шахсони рӯҳан заиф ва ноустувор
(беморони невроз, психопатия, ашхосе, ки зарбу
лат хӯрдаанд, майзадагон) зуд гирифтори
афсурдарӯҳӣ мешаванд. Афсурдарӯҳӣ бетобиест,
ки ҳамеша ба муолиҷа эҳтиёҷ дорад. Азбаски
шахси афсурдарӯҳ дар бораи муҳити иҷтимоӣ
идрок ва ақидаи хос дорад (ба ном тафаккури
депрессивӣ), ӯ зудранҷ мешавад. Вақте ки «ҳама
чиз сиёҳ метобад», аз баҳонаи андак ҷанҷол
бармехезад ва боиси қатъи алоқа бо одамони
наздик ва ҳатто худкушӣ мегардад. Дар аснои
авҷ гирифтани афсурдарӯҳӣ беморонро,
маъмулан, дар касалхона табобат мекунанд.
Ҳангоми муолиҷаи дармонгоҳӣ (амбулаторӣ) ба
ҷо овардани дастурҳои духтур оид ба тартиби
қабули дору, режим ва хӯрок бечуну чаро зарур
аст.