СОЛИ НАВ

Мерезад аз умқи ҳаво.
Барфи сафеди нуқрагин.
Месозад аз файзу сахо.
Нурофарин рӯи замин.
Оби равони ҷуи мо.
Ях карда чун санги булур.
То дар дили моён бувад.
Покию шодию сурур.
Бобои Барфии азим.
Бобои Об, он куҳи пир.
Истода бо қадди расо.
Бо ҷомаи дуру ҳарир.
Дар саҳна бо қадди баланд.
Он арчаи сабзи баранг
Меҷушад андар даври ӯ
Рақсу навою тору чанг.
Омад дигар соли навин.
Бо файзу иқболи навин.
Бахшида бар авҷи ҳаёт.
Тоби навин,боли навин.
Бодо муборак соли нав.
Бар кудакони хандару
Бар ошиқони дилнавоз.
Бобою момо қисагӯ.
Бар модарони мехрубон.
Бар додарони хамравон.
Бар хоҳарони хушзабон.
Бар ахли ёру дустон.
Сад соли дигар ин чунин.
Ояд ба истиқболатон.
Соли нав аз ҳар омадаш
Орад ҳаме иқболатон

Комментарии

Комментариев нет.