Аввалин харфе ки аз номи ту буд,

Нақш кандам бар сари санги кабуд
Аз дили санги ту гарчи рафт ишқ
Дар сари санг аст бо арзи вуҷуд
Ман туро дар кучарохи зиндаги
Борҳо гум карда пайдо кардамат
Гоҳ мерондам муҳаббатро зи дил.
Гоҳ дилро зору шайдо кардамат
Лек донистам ки дар роҳи ҳаёт
Роҳи мо бо ҳам дарозу дур буд
Қисмати бечораи ман ё магар
Хамчу хоки раҳ сиёҳу шӯр буд
Рохи ту дар зиндагони дигар аст
Ҳамчунон ман ҳам ба рохи дигарам
Ту ба ёри хеш хушнуди агар
Ман зи бахти хештан хушнудтарам
Дида имруз ҳарфи руи сангро.
Ёдам омад он замони баччаги.
Ёдам омад он муҳаббатхои пок.
Он нигоҳу бозиҳои кучагӣ.Арзи ман аз ту на ишқу ошиқист.Ёдгорихост аз эъҷози ман.Ин туи дар ишқи покам аввалин.Дилрабову дилбару ҷонбози ман.Ин ту буди к-аз хаёлоти рухат.
Ошиқиро тухми аввал коштам. Он ту буди к-аз гаму ҳиҷрону суз.Номи ту бар сангҳо би нгоштам.Аввалин байти харобу хомро.Ман барои ишқи ту бахшидаам.Баъд аз он дар кучарохи зиндаги.Дар рахи ишқу ҳавас афтидаам.Нақши номатро пас аз даврони мо.Дигарон бинанду ёди мо кунанд.Шояд аз он ишқи нобунёди мо.Ибрате гиранду хам парво кунанд. Шояд аз эҳсосиёти поки ман.Хар касе ояд ба хар фикру қарор.Номи ту як умр дар ёди ман аст. Хамчу он нақше ба санги куҳсор т

Комментарии

  • 22 апр 2014 10:14
    ээ кам нашавед
  • 22 апр 2014 11:27
    Браво класс очень великолепно красивый стишок
  • 9 янв 2015 20:34
    "Накши санг "вокеан мазмуни баланд дорад
  • 13 фев 2015 20:53
    Дар нигохат хамчу субху ахтарон
    Зарра  зарра  менамояд ёди Ман
    Хамчу ёди ту ки месозад мудом
    Хотири Ман мисраю эчоди ман
    Ту на он душизаи покизаи
    Ман на он шайдои вовайлои ту
    Лек андар гушаи ёди дилам
    Монда ёди ишки бе маъвои ту
    Дар сари рохе ба як ними Назар
    Гаштам аз гамхои чонат  бохабар
    Ту хамоно ошуки монанди  ман
    Гарчи суде нест з-ин даъво дигар
    Ман гами худро нависам ба варак
    Ту гами  худро кучо  ифшо куни?
    Ман аламхоро кушоям пеши кас
    Ту аламхо аз кучо  даъво куни?
    Пас хатое будааст ин харфхо
    Ёди ишки кухна Осон меравад
    Хар дилеро дар диле чои худ аст
    Он чи дар чон аст  бо чон меравад