Диламро бе сабаб озурдаву, хастанд чашмонат,

Чӣ бояд кард? Ҳам Турканду ҳам мастанд чашмонат.
Ту ҳам эй ёри Шерозӣ, чунин бар ман чаро тозӣ?
Магар бо лашкари Чингиз, ҳамдастанд чашмонат?
Ба ин шодӣ ки маебинанд бар болини марги ман,
Ба қатлам бо аҷал албат ҳамдастанд чашмонат.
Чӣ сирр аст ин ки дар меҳру вафо бо ошиқони худ,
Ҳар он паймон ки барбастданд, бишкастанд чашмонат.
Чӣ ҷоду буд ин к-аз як назар, эй сарви симинбар,
Зи рӯи гулрухон чашми маро бастданд чашмонат.
Ҳазорон фитна барпо хест дар атрофи ҳусни ту,
Ба зери абрувон з-он дам ки бишкастанд чашмонат.
Диламро аз назар якбора афканданд бо тӯҳмат,
Вале, бечораро беҳуда бишкастаданд чашмонат.
Ба тират гарчи мурдам, лек чашм аз он нагардондам,
Ба ин даъвӣ шуҳуди зиндае ҳастанд чашмонат.
Шавад рӯзе ки рӯи ёрро бинанду ман бинам,
Кӣ, Лоҳутӣ, зи дарди ҳиҷр ворастанд чашмонат?
Устод Абулқосим Лоҳутӣ (соли 1921)

Диламро бе сабаб озурдаву, хастанд чашмонат, - 981229149107

Комментарии

Комментариев нет.