Хофизи Шерози:

Агар он турки шерози, ба даст орад дили моро.
Ба холи хиндуяш бахшам, Самарканду Бухороро.
Чавоби Соиби Табрези:
Агар он турки шерози, ба даст орад дили моро.
Ба холи хиндуяш бахшам, сару дасту тану поро.
Хар он кас чиз мебахшад, зи моли хеш мебахшад.
На чун Хофиз, ки мебахшад, Самарканду Бухороро.
Чавоби Шахриёр:
Агар он турки шерози, ба даст орад дили моро.
Ба холи хиндуяш бахшам, тамоми руху ачзоро.
Хар он кас чиз мебахшад, басони мард мебахшад.
На чун Соиб, ки мебахшад, сару дасту тану поро.
Сару дасту тану поро, ба хоки гур мебахшанд.
На бар он турки шерози, ки бурда чумла дилхоро.
Чавоби хонум Дарёи:
Агар он турки шерози, ба даст орад дили моро.
Хушо бар холи хушбахташ, ба даст оварда дунёро.
На чону рух мебахшам, на амлоки Бухороро.
Магар бунгохи амлокам, чи маъни дорад ин коро?
Ва холи хиндуяш дигар, надорад арзише аслан.
Ки бо чаррохии сурат, амал карданд холхоро.
На Хофиз дод амлоке, на Соиб дасту похоро.
Факат мехостанд инхо, бигиранд вакти мохоро.
Чавоби Комрони Саодатманд:
Агар он турки шерози, ба даст орад дили моро.
На уро дасту по бахшам, на шахре чун Бухороро.
Хамон дилбурданаш кофи, ки манро бедилам карда.
Намехохам чу тути ман, бигуям ин газалхоро.
Газал аз Хофизу Соиб, ва ё Дарёии безавк.
Ва ё он Шахриёри турк, ки бахшад руху ачзоро.
Миёни дилбару дилдор, набошад харфи бахшидан.
Агар дилдода мебошед, магуед ин суханхоро.
Чавоби Орифи Техрони:
Агар он турки шерози, ба даст орад дили моро.
Шуору харф пур карда, тамоми иддаохоро.
Яке бахшида чун Хофиз, Самарканду Бухороро.
Яке чун Соиби Табрез, сару дасту тану поро.
Аз ин су Шахриёр дода, тамоми руху ачзоро.
Аз он су бону Дарёи, гирифта холи мохоро.
Саодатманди шоир низ, факат гуфту надод харгиз.
На мулку на Бухорое, на руху на тану поро.
Вале ман мешиносам кас! ки у на гуфту на дам зад.
Бидуни харф амал карда, тамоми иддаохоро.
Касе ки хону монашро, рахо аз бахри чонон кард.
Бидуни миннате бахшид, сару дасту тану поро!
Ва у охиставу ором, барои ишки махбубаш.
Фидо карда ба гумноми, тамоми руху ачзоро!
Агар хохи бидони кист, вучудат аз сучуди уст.
Тамомии худашро дод, ба мо бахшида дунёро.
На гуфташ турки шерози, на гуфташ холи хиндуяш.
Ва у номаш "Хусайн" аст, у амал кард иддаохоро!

Комментарии

  • 22 апр 2018 15:57
    Хеле олию,ирфонию нотакрор.Чи бузургоне дарки маъни доранд....
  • Комментарий удалён.
  • 23 апр 2018 21:32
    ҷавоби  Пирумшо Наботов.
    Агар он турки Шерози ба даст орад дили моро,
    Бидеҳ Ҳофиз зи Шерозат чаро доди Бухороро.
    Чи ҳақ дори ба бахшидан сарову мулки Дороро,
    Аҷоиб ҳимате дори зи шаҳват доди Дунёро.
    Бирав думболи корат шав, бимон кори Ҳукаморо,
    Ҷафо карди ба ин миллат, шикасти санги хороро.
    Аё Ҳофиз туро гуям чаро доди Заминҳоро,
    Ҳамин аст кори рухбозон, ҷафо кардан  дигарҳоро.
  • 27 апр 2018 11:31
    Агар он турки Шерзи ба даст орад дили моро. Ба холи хиндуяш бахшам хамин гармии дилхоро. Ба Яздон сачда мекардам ибодат бебахо. Худо бахшанда гардонад хама хубии дунёро. МАЪЗАРАТ МЕХОХАМ ШОИР НЕСТАМ ДАЪВОИ ШОИРИ ХАМ НАДОРАМ АММО ОМАД МИСРАХО НАВИШТАМ ШОЯД БЕВАЗН БОШАД.
  • 29 апр 2018 12:30
    Зур
  • 29 апр 2018 12:34
    Бенихоят оли баромадаанд мисрахоятон.Заковататон шоистаи таъриф аст апаи азизам.Зинда бошед.
  • 30 апр 2018 07:02
    Муташаккирам азизам
  • 7 мая 2018 15:46
    Агар он турки шерози ба даст орад дили моро
    Ба холи хиндуяш бахшам ду сар канду ду хурморо
  • 23 мая 2018 02:50
    Шумо кучову шоир Лисон-ул-fайб кучо
  • 23 мая 2018 15:01
    Рост лекин ба шоирон хурматам баланд аст
  • Комментарий удалён.