tajikpress
2 мар

Роҳбарони Аврупо ба Зеленский: Ба ҷои дархост аз мо, бо Трамп созиш кунед

Вазъияти аҷиби Зеленский имрӯзҳо хеле хос аст, ӯ пас аз баҳси шадид бо Трамп, ба Аврупо омадааст, аммо ба ӯ гуфтаанд, ки ба назди Трамп баргардад ва бо ӯ созиш кунад.
Ба гузориши манобеи хабарӣ ва дипломатӣ, Киер Стармер, нахуствазири Британия аз Владимир Зеленский, президенти Украина, хостааст, ки ба Кохи Сафед баргардад ва муносибатҳояшро бо Доналд Трамп пас аз баҳси шадиди лафзӣ барқарор кунад.
Ҷумъа, дар ҷараёни мулоқоти тунде, ки ба таври зинда пахш шуд, Трамп ва муовинаш “Ҷи Дӣ Венс” ба таври беназир Зеленскийро таҳқир карда ва ӯро аз Кохи Сафед берун карданд.
Зеленский, вале дирӯз ба Лондон ворид шуд ва қарор аст имрӯз дар нишасти раҳбарони Аврупо дар бораи Украина иштирок кунад. Президенти Украина ба дастгирии махсуси аврупоиҳо умедвор аст.
Рӯзномаи Телеграф навиштааст, ки пас аз баҳс бо Трамп ва Зеленский, Стармер дар иртиботи телефонӣ бо Зеленский кӯшиш кард, ки ӯро ба баргашт ба Кохи Сафед қонеъ кунад. Вай инчунин бо Трамп тамос гирифт, то фазоро ором кунад, вале ҷонибҳои амрикоӣ эълон карданд, ки барои аз сар гирифтани музокирот аввал бояд таниш кам карда шаванд. https://tajikpress.com/2025/03/02/аврупо-украина-зеленский-трамп/

Роҳбарони Аврупо ба Зеленский: Ба ҷои дархост аз мо, бо Трамп созиш кунед - 968284060606
Роҳбарони Аврупо ба Зеленский: Ба ҷои дархост аз мо, бо Трамп созиш кунед - 968284065982
Роҳбарони Аврупо ба Зеленский: Ба ҷои дархост аз мо, бо Трамп созиш кунед - 968284065726
Роҳбарони Аврупо ба Зеленский: Ба ҷои дархост аз мо, бо Трамп созиш кунед - 968284065470

Комментарии

Комментариев нет.