tajikpress
6 апр

Насруллоҳ: Посухи ҶИЭ ба таҷовузи саҳюнистҳо қатъӣ аст!

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дарбири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс суханронӣ карда ва аз таҳлилҳояш дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа гуфт.
Сайидҳасан Насруллоҳ бо ишора ба таҷовузи ахири саҳюнистҳо ба бахши консулгарии Эрон дар Димишқ ва вокуниши Теҳрон ба ин таҷовуз гуфт: мутмаин бошед, ки Эрон қатъан ба таҷовузи ахир ба консулгарии худ дар Димишқ посух хоҳад дод ва тардиде дар ин бора вуҷуд надорад.
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар ибтидои суханронии худ аз ҳамаи касоне, ки дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс ширкат кардаанд ташаккур намуда ва гуфт: Рӯзи ҷаҳонии Қудс рӯзе аст, ки мо аз тариқи он тааҳҳуд ва мавзеъ ва муқовимат ва ормонҳои бузурги худро баён мекунем.
Ибрози тасалияти шаҳодати фармондеҳони эронӣ дар ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ
Сайид Насруллоҳ дар идома ба ҷинояти ваҳшиёнаи ахири режими ишғолгар алайҳи бахши консулии сафорати Эрон дар Сурия ишора ва таъкид кард: воҷиб аст дар ин рӯз ёд кунем аз шаҳидоне, ки тайи рӯзҳои ахир дар таҷовузи душмани саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ба шаҳодат расиданд аз ҷумла фармондеҳони бузурги шаҳиде, ки барои мо ва дар масири муқовимат арзиши таърихӣ доранд.
Баргузории маросиме аз сӯи Ҳизбуллоҳ барои гиромидошти шаҳидони Эрон дар Сурия
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: шаҳодати ин размндагони азизро хидмати имом Хоманаӣ ва масъулони шарифи Эрон ба вижа дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Нерӯи Қудс ва хонаводаҳои шарифи шаҳидон табрик ва таслият арз мекунам. Мо рӯзи душанбеи оянда соати 4 маросиме барои ёдбуди шаҳидоне, ки дар таҷовузи режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ба шаҳодат расиданд, баргузор хоҳем кард. https://tajikpress.com/2024/04/06/%d0%bd%d0%b0%d1%81%d1%80%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be%d2%b3-%d0%bf%d0%be%d1%81%d1%83%d1%85%d0%b8-%d2%b7%d0%b8%d1%8d-%d0%b1%d0%b0-%d1%82%d0%b0%d2%b7%d0%be%d0%b2%d1%83%d0%b7%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e/

Комментарии

Комментариев нет.