tajikpress
18 апр

Русия хостори раъйгирӣ дар бораи таҳрими Исроил дар Шӯрои Амният шуд

Намояндаи Русия дар Шӯрои Амният бо ишора ба нақзи омидонаи қатъномаҳои илзомовари Шӯрои Амният аз сӯи Исроил дар Ғазза хостори фаврияти баррасии эъмоли таҳримҳо бар зидди ин режим шуд.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, бо нахустин шикасти бомдоди якшанбеи режими Исроил дар муқобила бо қудрати мушакӣ ва паҳподии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ва дар идома бо дувумин нокомии худ дар иҷмоъи муттаҳидони суннатии худ дар ҷаласаи рӯзи якшанбе дар Шӯрои Амният зидди амалиёти танбиҳии Эрон, инак, Русия дар нишасти Шӯрои Амният хостори баррасии мавзӯъи таҳрими Исроил ба фаврият дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи иқдомоти ғайри инсонии ин режим дар Ғазза шуд.
Бар пояи ин гузориш, пойгоҳи хабарии Русия Ал-Явм шомгоҳи чаҳоршанбе дар гузорише эълом кард, ки Василий Небензия дар Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба вазъияти фоҷиабори инсонӣ дар Ғазза ва адами поибандии ин режими хабис ба қатъномаҳои илзомовари Шӯрои Амният дар бораи оташбас дар Ғазза тайи моҳи мубораки Рамазон хостори баррасии фаврии мавзӯъи эъмоли таҳримҳо алайҳи Исроил дар нишасти оянда шуд.
Намояндаи Русия пештар дар нишасти Шӯрои Амният бо ибрози нигаронӣ аз идомаи амалиёти низомии Исроил дар Ғазза аз бетаваҷҷӯҳии ин режим ва дар ҳамдастӣ бо Амрико дар адами пойбандӣ ба қатъномаҳои илзомовари ин Шӯро интиқод карда буд. https://tajikpress.com/2024/04/18/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%88%d3%af%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d0%bd%d0%b8%d1%8f%d1%82-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb/

Комментарии

Комментариев нет.