М-133.

Хубайб ибни Адй(р) яке аз
асх,оби бовафои х,азрати Паёмбар
(с), ки дар дасти душманон асир
гашта буд. Уро дасту пояшро бо
занч,ир баста, уро дар кушторгох,
х,озир сохтанд. Ва к,асди
куштанашро доштанд. Хубайб(р) бо
садои ором мегуфт: -Бароям ич,оза
дих,ед, ки ќабл аз эъдом ду
ракаъат намоз бигзорам ва баъд
х,ар чи хох,ед бикунед. Ишон ба ин
таќозои вай мувофиќат намуданд
ва ба вайич,оза доданд, ки ду
ракаъат намоз бихонад. Хубайб(р)
бо них,ояти хушўъва тазаррўъ ва
бо камоли оромиши хотир ва
итминони ќалби ва бо суннатх,о ва
воч,ибот ду ракъат намозро хонад.
Ва баъд у рў ба сўйи сарони
Ќурайш ва бузургони ќавм намуда
гуфт: «Ќасам ба Худо, агар бими
муттах,ам намудани шумо намебуд,
ки ман ба хотири хавф аз марг
намозро дароз хондаам, бешак
намози бештар мехондам». Баъд аз
ин Ќурайшиён Хубайбро зинда гўшу
бинияшро буриданд ва баданашро
яке паи дигар пора-пора намуда ба
ў гуфтанд: - Оё хуш дори, ки
Мух,аммад дар ин маќоми ту ќарор
медошт ва ту нач,от меёфти?!
Хубайб (р) дар х,оле, ки хун аз
баданаш мерехт, ч,авоб дод: -
Ќасам ба Худо ман хушдори он
нестам, ки хоре дар пои
Мух,аммад бихалад ва ман дар
миёни ах,лу фарзанди худ ором ва
мутмаъин буда бошам. Аз
шунидани ин х,арф шўру ѓавѓое
дар миёни мардум афтод ва
х,амагон бо баланд кардани
дастх,о фарёд мезаданд, ки ўро
бикушед, ўро бикушед. Хубайб аз
фарози чўби дор чашм ба осмон
дўхта ин дуоро мехонад: - Худоё
онх,оро якояк ч,амъ кун ва
х,амаашонро якбора нобуд соз ва
х,еч, як аз онх,оро зинда магзор.
Он ќадар захми шамшер ва зарбаи
найзае хўрда буд, ки ба х,исоб
намеомад ва дар х,оле, ки танаш
пур аз зарбах,ои шамшер ва
ханч,ар буд, бо охирин лах,азоти
зиндаги видоъ гуфт

Комментарии