tajikpress
28 апр

Ҳимояти муфтии Уммон аз қиёми донишҷӯёни амрикоӣ

Муфтии Уммон интифозаи донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико ва Аврупо дар ҳимоят аз мардуми Ғаззаро ситоиш кард.
Ба гузориши хабаргузории “Арабӣ 21”, Шайх Аҳмад ибни Ҳамд Ал-Халилӣ, муфтии Уммон дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт: Мо интифозаи донишҷӯён ва асотиди донишгоҳҳои Амрико ва Аврупо дар маҳкумияти наслкушии режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар Навори Ғаззаро гиромӣ медорем.
Шайх Аҳмад ибни Ҳамд Ал-Халилӣ, муфтии Уммон афзуд: Умедворем ин интифоза ба тамоми донишгоҳҳо сироят кунад. Ин эътирозот ибрате барои касоне аст, ки сиёсати сар фуруд овардан дар муқобили дигаронро тарҷеҳ медиҳанд ва барои оддисозии равобит бо душмани саҳюнистӣ талош мекунанд.
Дар 18 апрели ҷорӣ донишҷуёни донишгоҳи Колумбияи Амрико дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ба муҳавватаи донишгоҳ омада ва нисбат ба сармоягузориҳои молии донишгоҳ дар ширкатҳои ҳомии ишғолгарони саҳюнистӣ ва наслкшӣ дар Навори Ғазза эътироз карданд. Дар ин эътирозот 108 донишҷӯ дастгир шуданд. https://tajikpress.com/2024/04/28/%d1%83%d0%bc%d0%bc%d0%be%d0%bd-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%b0%d0%b2%d1%80%d1%83%d0%bf%d0%be-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0/

Комментарии

Комментариев нет.